Сироҷиддин Умаров, сокини ноҳияи Ҳисор яке аз наздикони ин маҳбус рӯзи 3-уми март ба радиои «Озодӣ» гуфт, ки шаби шанбеи гузашта Зафар Хислатов даст ба худкушӣ зада, бо ресмон худро овехтааст. Ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, ки кормандони маҳбас ӯро занг зада, аз ин ҳодиса хабардор кардаанд.
Ҳанӯз сабаби аслии худовезии Зафар Хислатов рӯшан нест, вале кормандони маҳбас ба наздикони вай гуфтаанд, ки борҳо ба нишони норозигӣ аз ҳукми Додгоҳи олӣ дар масъалаи таҷдиди ҳукм, ба Додситони назоратӣ ариза навиштааст, аммо мақомот парвандаи ӯро бознигарӣ накардаанд.
Зафар Хислатов бо ҳукми Додгоҳи олӣ дар авохири соли 2008 барои қочоқи маводи мухаддир дар ҳаҷми махсусан калон, барои 19 сол равонаи зиндон шуда буд. Кормандони умури дохила ӯро дар миёнаҳои соли 2008 ҳангоми қочоқи 48 килову 593 грамм маводи мухаддир боздошт карда буданд.
Аммо Сироҷиддин Умаров аз наздикони Зафар Хислатов мегӯяд, ки дар ҳақиқат вай борҳо ба нишони эътироз аз ҳукми Додгоҳи олӣ ариза навишта буд, вале ин сабаби марги ӯ буда наметавонад ва бояд мақомоти Раёсати ислоҳии маҳбасҳо ин ҳодисаро шарҳ диҳанд.
Як манбаъ дар Раёсати ислоҳии вазорати адлияи Тоҷикистон рӯзи 3-юми март ҳодисаи марги Хурсанд Хислатовро таъйид кард, вале гуфт, ки давоми адои мӯҳлати ҷазо вай аз низоми маҳбас шикояте надошт ва эътирози вай танҳо аз ҳукми Додгоҳи олӣ буд, ки ӯро барои 19 сол равонаи зиндон карда буд.
Тибқи фармони президент дар бораи афв, аз соли 2009 ба ин тараф чанд маротиба мӯҳлати ҳукми Зафар Хислатов кам карда шуда ва интизор мерафт дар соли 2020 ба озодӣ мебаромад.