Пайвандҳои дастрасӣ

Солҳои 1992-1993 зери садои тиру туфанг, ҳамроҳ бо сели паноҳҷӯён аз Қӯрғонтеппа ҷавондухтаре аз Душанбе ҳам ба он тарафи дарё гузашт. Зарина аслан ба тӯйи як хеши наздикаш аз пойтахт ба Қӯрғонтеппа рафт, вале дар онҷо дар миёни оташи ҷанг монд. Аз тарси ҷон ҳамроҳ бо гурӯҳе аз сокинони шаҳр ба сӯи Афғонистон фирор кард. Шабу рӯз мегирист ва роҳи бозгашт ба назди волидон ба Душанберо ҷустуҷӯ мекард. Билохира баъди гиряву сарсониҳои зиёд рӯзе бо Шералӣ Мустафоқулов, хабарнигори тоҷик вохӯрд ва ин дидор роҳи ӯро барои бозгашт ба ватан ва назди волидон боз кард.

Бозгашти нахустин гурӯҳи фирориён аз Афғонистон дар оғози моҳи апрели соли 1994 шурӯъ шуд. Ба гуфтаи коршиносон, дар байни паноҳандагон боз ҳам афроде буданд, ки то лаби Ому мерасиданду дубора пас мегаштанд.

Шералӣ Мустафоқулов, ки он солҳо дар ҳайати ҳукуматӣ барои даъвати паноҳандагон ба Тоҷикистон ба ҳузури онҳо рафт, мегӯяд, ӯ Заринаро дар сафарҳояш, дар хаймаи паноҳҷӯёни тоҷик дар Кампи Сахии Афғонистон дид. Духтарак гиряву зорӣ кардааст, ки ӯро ҳам ба Душанбе баранд.

“Аз ӯ хостам, ки мактуб навишта ва суроғаи падару модарашро ишора кунад. Мактубро ба Душанбе овардам. Ба рақами навиштааш занг зада гуфтам, ки ман журналист Шералӣ Мустафоқулов ҳастам ва аз духтаратон нома овардам. Падараш ҳайрон шуд ва пурсид кӣ Зарина зинда аст? Гуфтам, бале, дар Афғонистон аст. Якбора хомӯшии тӯлонӣ шуд. Фардо падараш омада мактубро хонд, хеле гиря кард ва баъдан гуфт, мо "чил"-и Зарринаро додем. Ба мо хабар оварданд, ки гӯё дар лаби дарёи Панҷ ба ҳалокат расидааст”, - мегӯяд, Шералӣ Мустафоқулов.

Зарина яке аз даҳҳо паноҳҷӯи тоҷик аст, ки баъди фироқу ноумедиҳо тавонистааст бо мусоидати хабарнигор Шералӣ Мустфоқулов, ба дидори наздиконаш бирасад. Хабарнигори тоҷик баъди дидани саҳнаҳои риққатовари зиндагии паноҳҷӯёни тоҷик худаш хост, барои баргардондани онҳо ба Афғонистон биравад. Вале ин кор, ба осонӣ муяссар нашуд, паноҳандагон ба онҳо эътимод надоштанд, аз тарси кушта шудан ба дасти гурӯҳҳои мусаллаҳ метарсиданд, ки ба хона баргарданд.

“Вохӯрии мо чандон осон набуд. Ҳатто ҳолатҳое буд, ки гуфтанд, бо шумо гап намезанем, бо кадом роҳе, ки омадед, бо ҳамон роҳ баргардед. Мо на ба шумо бовар дорем ва на ба ҳукумататон. Асосу далелҳои зиёде меоварданд, ки гӯё намояндагони машҳури минтақаи Ғармро дар шаҳри Душанбе аз ҷониби ҳукумат ба қатл расонда бошанд, аз ҷумла Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ Талбак Садриддиновро”, -мегӯяд, ӯ.

Шералӣ Мустафоқулов, хабарнигори тоҷик.
Шералӣ Мустафоқулов, хабарнигори тоҷик.

Аммо баъди сӯҳбатҳои паёпай ва гузоришҳои телевизионӣ ва табодули номаҳои фирориён, онҳо як пулеро миёни мардуми паноҳҷӯ ва Тоҷикистон фароҳам кардаву ба дили мардуми аз хонаву ватан дуршуда роҳ ёфтанд. Шералӣ Мустафоқулов нақл мекунанд, ки баъдан дар сафарҳои дигар гурезаҳо онҳоро ба оғӯш мегирифтанду мегуфтанд, "шумо бӯйи ватан мекунед".

Бино ба нақли ин хабарнигор, маҳз тавассути силсилабарномаву гузоришҳо аз тариқи телевизион, мардуми зиёд аз Тоҷикистон ва Афғонистон бародару хоҳар ва наздикони худро, ки нооромиҳо онҳоро аз ҳам дур карда буд, пайдо карданд. Ҳанӯз баъди намоиши нахустини сӯҳбату гузоришҳо дар бораи паноҳҷӯёни тоҷик дар Афғонистон, аз тариқи телевизион, дар атрофи бинои телевизион дар Душанбе одами зиёде ҷамъ омадаанд. Онҳо дар наворҳо наздикони худро дидаанд.

Шералӣ Мустафоқулов мегӯяд: "Боваришон наомадааст, ки онҳо дар Афғонистонанд. Раиси кумитаи телевизиону радио Бобоҷон Икромов ба мо супориш дод, ки мардумро ба дохил баред ва дар толор бори дигар наворро нишон диҳед. Ин як воситае шуд, ки мардум якдигарро ёфтанд. Ҳамин тавр, чанд силсилабарномаи “Во ғарибӣ” тариқи телевизион пахш шуд.”

Сурайё Шуҷоат, ровии барномаи "Хоки ватан...."
Сурайё Шуҷоат, ровии барномаи "Хоки ватан...."

Таҳияи барномаи радиоии “Хоки ватан аз тахти сулаймон хуштар” ҳам бо пешниҳоди паноҳандагони тоҷик, ки дар Афғонистон дар радио тамоми хабарҳои ватанро мешунидаанд, шурӯъ шудааст. Ҳамин тавр ба гуфтаи Шералӣ Мустафоқулов, бозгашти нахустин гурӯҳи фирориён аз Афғонистон дар оғози моҳи апрели соли 1994 шурӯъ шуд. Ҳарчанд ба гуфтаи ӯ, дар байни онҳо боз ҳам буданд нафароне, ки то лаби дарё мерасиданду дубора пас мегаштанд.

“Бори нахуст гурезаҳо ба воситаи қатораҳо, аз Тирмиз ба Шаҳритус баргаштанд. Вақте расиданд, наздиконашон онҳоро пешвоз мегирифтанд, ин лаҳзаҳо дар наворҳои мо ҳаст, як лаҳзаи хеле фаромӯшнаванда аст. Чун баъди муддати тӯлонӣ, бародар бародару падар фарзанди худро ёфт. Ҳамдигарро ба оғӯш мегирифтанду ашк мерехтанд. Бархе ҳеҷ умед надоштанд, ки ҳамдигарро зинда мебинанд. Вале ҳоло ҳам дар дил як ҳаросе буд, ки тақдирашон чӣ мешуда бошад. Ҳукумат дар он вақт ҳама чораҳоро андешид, ки дар макони зисти худ зиндагӣ кунанд”

Хабарнигори тоҷик то ҳанӯз бо паноҳҷӯёни собиқе, ки зимни сафарҳояш дар Афғонистон бо онҳо шинос шуда буд, дар тамос аст ва ҳар сол дар ростои ҷашни Ваҳдат бо наворбардорҳо меҳмони онҳо мешавад. Ба ӯ дар назди камера ин мардум, дар бораи зиндагиашон баъди бозгашт, ҳаёти имрӯза нақл мекунанд ва албатта ки аз рӯзҳои зиндагии худ дар ғарибӣ ҳам ёд мекунанд.

"Ман чанд рӯз пеш аз назди гурезаҳо омадам. Дар ноҳияи Қумсангир бо зане сӯҳбат доштам, ки он замон ба ноҳияи Рӯшон гурехтааст ва нақл мекунад, ки ҳамон шабу рӯз дар як хона аз 25 то 30 нафар зиндагӣ мекардем. Он шабу рӯз аҳолии аз ҳисоби гурезаҳо дар Хоруғ аз 28 ҳазор ба 60 ҳазор расид."

Ҳоло дар Қумсангир аст, ноҳияе, ки ҳазорон нафар дар замони ҷанги шаҳрвандӣ хонаву дари худро гузошта ба ҳар тараф ва бахусус Афғонистон паноҳанда шуданд -- кишваре, ки баръакси Тоҷикистон, ҷанги он солҳост идома дорад ва миллионҳо нафар аз сокинонаш дар ҳар гӯшаи дунё паноҳанда шудаанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG