Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳомид Карзай ба Бадахшон рафт


Интиқодҳо аз бетаваҷҷӯҳии Арки Кобул дар баробари фоҷиаи Аргу, Ҳомид Карзайро ба Бадахшон бурд.

Раиси ҷумҳури Афғонистон барои ибрози ҳамдардӣ ба осебдидагон субҳи рӯзи чаҳоршанбе ба Бадахшон сафар кардааст. Ӯ ба осебдидагон итминон додааст, ки кӯмакҳои муносибро ба онҳо ироа хоҳанд кард.

Дар эъломияи раёсати ҷумҳури Афғонистон омадааст, ки оқои Карзай дар дидор бо осебдидагон ба касоне, ки дар ин ҳодиса бесарпаноҳ мондаанд, гуфтааст, барояшон манзили истиқоматӣ бунёд хоҳад шуд. Вай ҳамчунон ба хонаводаҳои осебдидагон итминон додааст, ки шахсан раванди расонидани кӯмак ба онҳоро аз наздик дунбол мекунад.

Аз ин қабл муовинони раиси ҷумҳури Афғонистон Юнус Қонунӣ ва Карим Халилӣ низ ба минтақаи осебзадаи Аргу сафар карда буданд.

Сафари раиси ҷумҳури Афғонистон ба минтақаи осебзадаи Аргуи Бадахшон дар ҳолест, ки ба дунболи қабристони дастаҷамъӣ эълон кардани макони селзада аз ҷониби мақомот, ҳукумати Ҳомид Карзай мавриди интиқоди шадид қарор гирифт.

Амалиёти наҷотбахшӣ рӯзи якшанбе бар асари мушкилоти зиёд ва зери қабати бузурги гил мондани қурбониён қатъ карда шуда буд ва аммо сокинони маҳаллӣ, ки пайвандонашон бе ному нишонанд, аз ҳукумат хостори идомаи корҳо шуданд.

Акси “Лабханд дар мусибат” афғонҳоро ба хашм овард

Aксгири ҳайати ҳукуматӣ дар пасманзари фоҷиаи Бадахшони Афғонистон ҳазорон нафарро ба хашм овард ва танқиди мақомоти давлатиро ба авҷ расонд.

Дар бисёре аз кишварҳо камтарин бетаваҷҷӯҳии мақомот ба ҷабрдидагони офатҳои табиӣ боиси танқидҳои сахти шаҳрвандон мешавад. Аммо мансабдорони афғон барои ҷалби оташи танқиду эътироз чизе бештар аз ин карданд. Онҳо дар назди манзараи ярчи Бадахшон ва дар ҳоле ки садҳо нафар фарёди имдоду мотам мезаданд, барои хотира худро аксбардорӣ карданд.

Акси ин ҳайати давлатӣ, ки рӯзи 3-юми май гирифта шудааст, дар сартосари Афғонистон хашму норозигиро ба миён овард. Дуюми май хоку гили кӯҳдоман лағжида, деҳаи Оби Борикро ба қабристони умумӣ табдил дода буд ва бино ба маълумоти Созмони Милал дар ин фоҷиа ба камияш 500 нафар кушта шуданд.

Ва дар ҳоле ки офатзадагон ниёз ба ёрӣ доштанду бо белу каланд ва дастони худ, хоку гилро мекофтанд, то наздиконашонро наҷот диҳанд, аъзои ҳукумати Афғонистон дар ин пасманзар барои аксгирӣ саф кашидаву қомат бардоштанд. Бисёрии афғонҳо бар инанд, ки чунин рафтор баёнгари муносибати ҳукумат ба мардумаш дар рӯзи мусибат аст.
Акси мансабдорони давлати Афғонистон, ки хашми бинандагонро ба бор овард.
Акси мансабдорони давлати Афғонистон, ки хашми бинандагонро ба бор овард.
Бозмондагони фоҷиа аз кӯтоҳии ҳукумат дар талошҳои наҷоти мардум ва кумак ба офатдидагон ба шиддат танқид мекунанд ва мегӯянд, чанд рӯз мегузарад, вале онҳо ҳамон ғизо, об ва сарпаноҳ надоранд. Дигарон ҳукуматро барои он танқид мекунанд, ки хеле зуд аз ҷустуҷӯ ва наҷоти наздик ба 200 нафари вомонда зери ярч даст кашидааст.

Акси мансабдорон, аз ҷумла вазири кишоварзӣ Осиф Раҳимӣ, мушовири калони раисиҷумҳур Ҳомид Карзай – Неъматуллоҳ Шаҳронӣ ва раҳбари ҳайат – ноиб президенти дувум Муҳаммадкарими Халилӣ хеле зуд дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуда, шарҳу тафсири хашмангезеро ҷамъ овард.

Дар Twitter ва Facebook ин акс бо тасвири танзомези он ки шахсе ғарқ мешавад ва дигарон ба ҷои наҷоти ӯ аз вай аксбардорӣ мекунанд, канори ҳам нашр шуд. ​Журналисти афғон Аббоси Доя дар Твиттер кори ҳайати ҳукуматиро “шармандагӣ” номид.Нусрат Самимӣ, корманди хабаргузории “Пажвок” дар Твиттер навишт, ки ҳайат бояд хиҷолат кашад. Ромин Анварӣ, ҳомии ҳуқуқи инсон дар Кобул навишт, ки ин акс “бимнок” ва “нангин” аст. ​

Дар ин байн нашрияи “Ҷомеаи боз” рӯзи 5-уми май акси гурӯҳии мансабдоронро дар сафҳаи аввали худ зери сархатти “Лабханд дар мусибат” ба нашр расонд.
Баҳси акс ба авҷи эътирозҳо аз амалкарди ҳукумат дар баробари офат рост омад. Ярч наздик ба 700 нафарро бесарпаноҳ кард. Чархболҳои артиши Афғонистон ба офатрасидагон об, дорувор ва хайма мерасонанд ва наҷотбахшону кормандони созмонҳои хайрия баъд аз тай кардани роҳи дарозу ноҳамвор ба ин ҷо мерасанд. Аммо аҳолии маҳаллӣ ошкоро аз талошҳои кӯмак норозист. Баъзеҳо барои он хашмгинанд, ки ду шабро дар ҳавои сард зери осмони боз саҳар карданд ва баъзеи дигар шикоят мекунанд, ки то ҳанӯз ҳеч гуна ёрие нагирифтаанд. Мулло Абдуллоҳ, сокини Оби Борик, рӯзи 5-уми май ба хабарнигори Ройтерз гуфтааст, хонадони ӯ на аз ҳукумат ва на аз созмонҳои ёрирасон кумаке надидааст. Ва Ҳафизуллоҳ, сокини дигари ин деҳкада низ аз ёриҳои расида бенасиб мондааст.
Муҳаммад Осиф, мудири Маркази миллии расидагӣ ба пайомадҳои офат дар Бадахшон мегӯяд, тақсими ёриҳо дар ин ҳолати ҳарҷу марҷ душвор аст. Сокини дигари ин деҳкада бо номи Ғуломҳусайн ҳукуматро танқид кард, ки баъд аз як рӯзи фоҷиа аз ҷустуҷӯи наздик ба 2000 нафар даст кашид. Мақомот гуфтанд, дигар имкон надорад, ки касеро дар зери ярч зинда пайдо кард. Шумораи умумии қурбониёни фалокат барои он номаълум боқӣ мемонад, ки бисёре аз онҳо дар зери қабати чандметрии хоку гил монданд. Аммо Ғуломҳусайн ба дастури ҳукумат тан надода, кофтуковро давом дод, то ақаллан ҷасади наздикони худро пайдо кунад.

Зоҳиран, дар посух ба ин шикоятҳо, ноиби ҳокими Бадахшон Гулмуҳаммад Байдар рӯзи 5-уми май эълон кард, ки ҷустуҷӯ идома хоҳад ёфт. Вай гуфт, кофтуковро бояд панҷ ё шаш рӯзи дигар давом дод, то онҳое, ки наздикони худро аз даст доданд, оромиши равонӣ пайдо кунанд.

Мардуми Афғонистон ва дӯстони онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ барои гирдоварии ёриҳо суратҳисоберо нашр карданд ва дар он сафҳа ҳамчунин ному насаби қурбониёнро ҷой медиҳанд
XS
SM
MD
LG