Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Новосибирк шиносномае ба номи як шаҳрванди Тоҷикистон пайдо шуд


Дар шаҳри Новосибирски Русия шиносномаи хориҷии шаҳрванди Тоҷикистон ба номи Ғаффоров Обид Нажмидинович, санаи таваллудаш 27 маи соли 1983 пайдо шудааст.

Дар шаҳри Новосибирск як шиносномаи хориҷии шаҳрванди Тоҷикистон пайдо шудааст. Ин шиноснома ба номи Ғаффоров Обид Нажмидинович, санаи таваллудаш 27 маи соли 1983 буда, дар як боғи шаҳри Новосибирск дар ҳафтаи ҷорӣ пайдо шудааст. Расул, як муҳоҷири ӯзбактабор, ки ҳамроҳ бо ҳамсараш дар ин боғ шиноснома ва бастаи дигари ҳуҷҷатҳо, аз ҷумла, патенти кор дар Русия ва ҳисоби бонкии пули барои патент пардохтшударо пайдо кардааст, мегӯяд, чанд рӯз аст талош дорад ин ҳуҷҷатҳоро ба соҳибаш баргардонад. Вале соҳиби ин ҳуҷҷатҳо ҳанӯз аз худ дарак надодааст.

“Ҳамсари ман дар як киоски дохили боғ кор мекунад. Вай дар байни як буттае бастаи ҳуҷҷатҳои ин шаҳрванди Тоҷикистонро пайдо кард. Баъд мо аз бачаҳои шинос, тоҷиконе, ки дар атроф ҳастанд, суол кардем, ки соҳиби ин ҳуҷҷатро мешиносад, ё на. Касе пайдо нашуд. Баъдан ин паспортро дар пушти шишаи киоск гузошта, аз ҳар як муҳоҷири харидор ва ё роҳгузар пурсидем, ки агар соҳиби шиносномаро донанд, бигузор омада

Патенти Обид Ғаффоров ҳам дар миёни бастаи гумшудаи санадҳо будааст
Патенти Обид Ғаффоров ҳам дар миёни бастаи гумшудаи санадҳо будааст

ҳуҷҷатҳояшро барад. Вале ҳанӯз ҳам хабаре нест”, гуфт Расул.

Ҳоло, аз роҳи муроҷиат ба радиои Озодӣ, ин шаҳрванди Ӯзбакистон мехоҳад бастаи ҳуҷҷатҳоро ба дасти соҳибаш бидиҳад. Вай гуфт, агар дар давоми як рӯзи дигар соҳиби ин санадҳо пайдо нашавад, бастаро ба дасти полиси маҳаллӣ месупорад.

Дар бастаи санадҳои пайдошуда, аз ҷумла чунин ҳуҷҷатҳо ҷой доранд:

  1. Шиноснома ба номи Ғаффоров Обид Нажмидинович, санаи таваллудаш 27 маи соли 1983. Паспорт аз ҷониби мақомоти умури дохилаи Панҷакент дода шудааст
  2. Патенти кор дар қаламрави Русия
  3. Корти мигратсионӣ бо қайди убури қаламрави Русия
  4. Рисит ё ҳисоби бонкии тасдиқкунандаи ҳақи пардохти патент

Радиои Озодӣ ба шаҳрвандоне муроҷиат мекунад, ки ин матлабро хонда шахсияти Обид Ғаффоровро мешиносанд: барои гирифтани маълумот дар бораи маҳалли нигаҳдошти ин санадҳо зери ин мақола навишта кунед ва ё ба телефони мо дар шаҳри Прага занг занед: +420-22112-2491

XS
SM
MD
LG