Пайвандҳои дастрасӣ

Як қутоспарвар барои манъи 3 духтараш аз таҳсил 20 ҳазор сомонӣ ҷарима шуд


Идораи маорифи ноҳияи Мурғоб аз қутоспарварон хостааст, ҳангоми кӯчишҳои мавсимӣ фарзандони худро аз таҳсил дур накунанд, дар акси ҳол ҷазо мегиранд. Дар ноҳияи Мурғоб аксаран қирғизтаборон зиндагӣ мекунанд ва барои чаронидани чорво, аз як мавзеъ ба мавзеи дигар кӯч мебанданд. Мавсими кӯчбандӣ моҳи май оғоз мешавад ва то охири моҳи октябр давом мекунад.

Пеш аз ҳушдори Идораи маорифи Мурғоб ба волидайн, додгоҳи ноҳия як қутоспарварро барои монеъ шудан ба таҳсили се духтараш 20 ҳазор сомонӣ ҷарима кардааст. Ба гуфтаи додгоҳ, Таир Ҷакипов, сокини деҳаи Мурғоби ноҳия, ду духтари мактабхонашро аз таҳсил манъ кардааст ва духтари хурдиашро барои таҳсил ба синфи аввал набурдааст.

Беш аз 60 дарсади сокинони Мурғобро қирғизтаборон ташкил медиҳанд. Дар ноҳия 10 мактаби қирғизӣ ва 2 мактаби тоҷикӣ фаъолият мекунад ва дар онҳо бештар аз 2 ҳазор нафар дарс мехонанд.

Дар ҳукми додгоҳи ноҳия, ки як нусхаи он рӯзи 3-юми июл ба дасти Радиои Озодӣ расид, гуфта мешавад, Ҷакиповро барои ин рафтораш бар асоси моддаи 164 -уми Кодекси ҷиноятӣ, яъне“монеъ шудан ба таҳсили ҳатмӣ”, ҷарима бастаанд.

Мунир Шикориев, мудири шӯъбаи маорифи ноҳияи Мурғоб 3-юми июл дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки марди чорвопарвари қирғиз Таир қизи Азипа, Таир қизи Сабира ва Таир қизи Марияро, ки яке дар синфи 1 ва дуи дигар дар синфи 5 ва 9 таҳсил мекарданд, нагузоштааст, ки ба мактаб бираванд.

-Ин мард чӯпон аст ва аз ҷое ба ҷое мекӯчад. Ҳар ҷое, ки меравад ҳамчун дастёр духтаронашро бо худ бурда, аз таҳсил дур кардааст. Пас аз қарори додгоҳ ин духтаронро ба таҳсил ҷалб шуданд -гуфт ӯ.

Мудири шӯъбаи маорифи ноҳияи Мурғоб мегӯяд, аксари мардуми ноҳияи Мурғоб қутоспарваранд ва барои пайдо кардани чарогоҳ аз ҷо ба ҷое мекӯчанд. Табиист, ки ба гуфтаи ӯ, дар ин ҳол аксаран фарзандон аз таҳсил дур мемонанд. “Ҳоло бо падару модарон ҳамкорӣ дорем ва аҳамияти таҳсилро ба онҳо мефаҳмонем. Онҳо бояд чорводориашонро бикунанд, вале ҳамзамон фарзандонашонро аз таҳсил дур накунанд”- гуфт, ӯ.

Таир Ҷакипов, сокине, ки додгоҳ ӯро ҷарима кардааст, рӯзи 3 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, машғули чорводорӣ шуда, таҳсили фарзандонаш фаромӯш кардааст. Ӯ гуфт, чорворо аксаран ба ҷое мебаранд, ки он ҷо мактаб нест. “Кӯдаконро танҳо гузошта натавонистам. Бо худамон бурдем, барои ҳамин таҳсил карда натавонистанд» - гуфт ӯ. Вале мегӯяд, ӯ қутоспарварӣ барояшон ягона манбаи даромад аст, чун дигар шуғле дар ноҳияи Мурғоб надоранд.

Ноҳияи Мурғоб дар вилояти Бадахшон беш аз 16 ҳазор аҳолӣ дорад, аммо аз лиҳози қаламрав калонтарин ноҳияи Тоҷикистон аст. Беш аз 60 дарсади сокинони Мурғобро қирғизтаборон ташкил медиҳанд. Дар ноҳия 10 мактаби қирғизӣ ва 2 мактаби тоҷикӣ фаъолият мекунад ва дар онҳо бештар аз 2 ҳазор нафар дарс мехонанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG