Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шир, гӯшт ва пашм. Қутос акнун барои саворӣ пешниҳод мешавад


Қутоспарварон дар ноҳияи Мурғоб талоши ба роҳ мондани қутоссаворӣ барои ҷаҳонгардони хориҷиро доранд. Дар ин ноҳияи Тоҷикистон қутос ба хотири гушту пашму шираш парвариш мешавад, аммо хоҷагидорон онро ба ҳайси як ҳайвони саворӣ низ истифода мекунанд.

Қутоспарварон дар ноҳияи Мурғоб, дар шарқи Тоҷикистон талоши ба роҳ мондани қутоссаворӣ барои ҷаҳонгардони хориҷиро доранд. Дар ин ноҳияи Тоҷикистон қутос ба хотири гушту пашму шираш парвариш мешавад, аммо хоҷагидорон онро ба ҳайси як ҳайвони саворӣ низ истифода мекунанд.

Қурбонбой Раҳимҷонов, сокини минтақаи Аличури Мурғоб аст, ки дар хоҷагии зери назораташ наздик ба ҳазор сар қутос парвариш мешавад. Ҳоло ӯ беш аз 20 сар қутосро барои савор шудан омода мекунад. Ин қутоспарвар мегӯяд, сайёҳон онҳоро ба парвариши қутос бо ҳадафи савор шудан ташвиқ кардаанд.

-Сайёҳон вақте медиданд, ки мо худамон қутос савор мешавем, аз мо хоҳиш мекарданд, то барои савор шудан барояшон қутос бидиҳем. Оҳиста-оҳиста шумораи чунин сайёҳон зиёд шуд ва мо ҳам хостем ба хотири кӯмак ба сайёҳон, қутосҳои алоҳида барои саворӣ омода кунем,-гуфт ӯ.

Ин қутоспарвар мегӯяд, онҳо шутур ҳам доранд, аммо таҷриба нишон дод, ки дар ҷойҳое, ки қутос гардиш мекунад, ҳеҷ ҳайвони савории дигар ҳаракат карда наметавонад. Пойҳои боқувват, аммо сумҳои хурд ба қутос имконияти гаштугузор дар мавзеҳои мушкилгузарро медиҳад.

Саттор Элназаров, муовини раиси ноҳияи Мурғоб мегӯяд, то кунун бештар қутос ба хотири ширу гушту пашмаш истифода мешуд, аммо истифодаи он ҳамчун як ҳайвони саворӣ барои сайёҳон ба буҷаи ноҳия ва ҷумҳурӣ манфиат меорад.

Муовини раиси ноҳияи Мурғоб афзуд, ки қутосҳо зиёда аз 200 кило бор мебардоранд ва аз солҳои пеш худи қутоспарварон як ё ду то қутосро саворӣ мекарданд, вале он оммавӣ набуд. Ба гуфтаи ҷаноби Элназаров, ҳоло ба таври ҷудогона мушоҳида мекунанд, ки ин ҳайвон ҳам барои бурдани бори сайёҳон ба минтақаҳои душворгузар ва ҳам барои савор шудан метавонад хизмат кунад ва бинобар ҳамин қутоспарваронро барои омода кардани қутосҳои саворӣ ташвиқ карданд.

Ноҳияи Мурғоб бо иқлими хосу фарқкунанда аз дигар минтақаҳо ҳамеша диққати сайёҳони хориҷиро ҷалб мекунад. Латиф Латифӣ, пажӯҳишгари зиндагии ҳайвонот дар Тоҷикистон, ки бо зиндагии қутосҳо ва қутоспарварон аз наздик шинос шудааст, мегӯяд, барои сайёҳони хориҷӣ зиндагӣ дар юртаҳои қирғизӣ ва савор шудани қутосу истеъмоли ширу гушти он, ҳайратовар аст.

Сурат Тоймастов, масъули як ширкати сайёҳӣ дар Мурғоб мегӯяд, барои тарғиби қутоссаворӣ дар ин ноҳия корҳои назаррас анҷом нашудааст. Ӯ мегӯяд, ба ширкати онҳо гоҳ-гоҳ ҷаҳонгардон қабл аз омадан ба Тоҷикистон тамос мегиранд ва хоҳиши омода кардани қутосҳо барои савор шуданро мекунанд: “Қутосҳои саворӣ кам аст. Барои рушди қутоссаворӣ вақт даркор аст. Шумораи сайёҳоне, ки ба ин кор шавқ дошта бошанд, кам аст. Ин кори шуданӣ ҳаст, аммо ҳоло рушд накардааст. Бояд ин кор тарғиб шавад.”

Дар ноҳияи Мурғоб наздик ба 20 ҳазор қутос парвариш мешавад. Ин навъи гов танҳо дар минтақаҳои сарду баландкӯҳ имкони зиндагӣ дорад. Ноҳияи Мурғоб то 3 ҳазор километр аз сатҳи баҳр баландӣ ва иқлими сард дорад, ки чунин шароит барои парвариши қутос мусоид аст.

Мурғоб аз лиҳози масоҳат калонтарин ноҳия дар Тоҷикистон ҳисоб мешавад. Дар ин ноҳия беш аз 15 ҳазор аҳолӣ зиндагӣ мекунад, ки 60 дар сади онҳо қирғизтаборанд. Сокинони ноҳияи Мурғоб аксаран аз ҳисоби қутоспарварӣ рӯз мегузаронанд.

XS
SM
MD
LG