Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нома ба Путин. ВИДЕО


Як пиразани рус дар Тоҷикистон 9 сол боз ба қавли худаш дар “ҳабси хонагӣ” қарор дорад. На бо ҳукми додгоҳ, балки бо сабаби осеби устухони пои росташ.

Флора Ғаниева 74 сол дорад ва дар ошёнаи 4-уми яке аз биноҳои истиқоматӣ дар маркази шаҳри Ёвон танҳо зиндагӣ мекунад. Нӯҳ соли охир кӯчаҳои шаҳрро фақат аз тирезаи хонааш ва телевизион тамошо мекунад.

Ин омӯзгори забони русӣ дар як тасодуфе соли 2008 маъюб шуд ва

Ман ба ӯ навиштам, ки ҳанӯз ҳам худро рус меҳисобам ва хостам кӯмаки молӣ расонад. Ӯ ҳатман кӯшиш мекунад кӯмак кунад. Ман умед дорам.

баъди ин бо мушкилоти зиёд ва бо такя ба бағаласо роҳ меравад. Солҳост наметавонад аз ошёнаи 4-ум поин равад ва дар кӯчаҳо сайругашт кунад. Дар ин байн фақат чанд бор бо кӯмаки табибон аз “ёрии таъҷилӣ” аз хона берун шуда, то беморхона рафтаааст. “Зиндагӣ мисли ин аст, ки гӯё дар маҳбаси хонагӣ бошам. Аз тиреза ба одамон, кӯчаву биноҳо менигарам. Вақте бори охир бо ёрии таъҷилӣ ба берун рафтам, аз тирезаи мошин ба одамон ва кӯчаҳо нигариста дидам, ки тағйироти зиёде дар шаҳр аст. Одамон ҳам аксарият зебову хушсурат шудаанд”.

Номаҳо ба мақомоти тоҷик

Тамоми ин солҳо Флора Ғаниева дар номаҳояш ба мақомоти Тоҷикистон дархости боло бурдани нафақа ва кӯмакпулиҳои маъюбиашро мекунад. Дар феҳристи мухотабонаш мақомоти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ноҳияи Ёвон ва ҳам худи вазорат дар Душанбе мебошанд. Дар як нома вазири тандурустии кишвар посух додааст, ки санадҳои зарурӣ дар бораи маъюбии худро ҷамъ кунад ва шонси ройгон ҷарроҳӣ шудани пойҳояш вуҷуд дорад. Аммо ба муроҷиатҳои ӯ ҷиҳати сабти маълулияташ мақомоти маҳаллӣ посухи рад додаанд.

Дар як нома аз моҳи маи соли 2016 масъулини Маркази тиббии Ёвон ба ӯ навиштанд, ки Флора Ғаниева, соли таваллудаш 1943, сокини Ёвон “осеби пайвандҳои қисмати болоии пои рост” (“посттравматический вывих правой головки тазобедренного сустава”) дорад. Дар ҳамин нома баъди машварат бо мутахассисони тиб навишта шудааст, ки ин маризӣ ба ӯ ҳақи маъюбӣ намедиҳад ва ӯ аз рӯи синну сол бояд нафақа бигирад.

Посухи мақомот ҳолати ин зани барҷомондаро боз ҳам сангинтар кард. Вай дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Тоҷикистон ватани дуввуми ман аст. Ман ин ҷо барои кӯмак ба масъулини ниҳодҳои мухталиф муроҷиат кардаам. Аз касе посухи мусбат нагирифтам. Масъулини ҳифзи иҷтимоӣ қаблан бароям хӯрок меоварнданд. Ҳоло дигар ин имконро надоранд. Дар 5 сол 3 маротиба омада фишорамро санҷиданд. Барои як одами пиру барҷомонда магар ин кӯмак кофӣ аст?”.

Як зани руси сокини ноҳияи Ёвон ба президенти Русия нома навишт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:38 0:00

Додхоҳӣ аз Путин

Ахиран пас аз 9 соли интизорӣ ӯ тасмим гирифт ба президенти Русия Владимир Путин нома нависад. Дар ин мактуб ӯ ба раиси ҷумҳури Русия навиштааст, ки хеле мехоҳад мустақилона роҳ равад ва аз ӯ дархости кӯмак дар ҷарроҳӣ кардааст:

“Ман ба ӯ навиштам, ки ҳанӯз ҳам худро рус меҳисобам ва хостам кӯмаки молӣ расонад. Ӯ ҳатман кӯшиш мекунад кӯмак кунад. Ман умед дорам. Ман намедонам ин ҷо чунин ҷарроҳӣ мекунанд ё не, вале агар барои ин ҷарроҳӣ кӯмакам мекард, ман мехостам дар Мордовия кунам. Чун дар он ҷо соли 2009 бо ташаббуси Путин беморхонаи буғуму дил таъсис ёфт”, – мегӯяд Флора Ғаниева пиразани рус

Флора Ғаниева дар қайди маркази будубоши рӯзона барои маълулону пиронсолони яккаву танҳо аст, ки дар Оҷонсии давлатии ҳифзи иҷтимоии Вазорати тандурустӣ амал мекунад.

Кӯмаки маркази маълулону пиронсолон

Ҳокимой Азизова, раҳбари ин марказ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 28 ноябр гуфт, ба ин пиразан ҳам дар қатори дигар пиронсолони яккаву танҳо хизматҳои иҷтимоӣ расонида мешавад. “Кормандони иҷтимоии мо хонаашро тамиз мекунанд, бозориашро мекунанд ва агар лозим бошад ба духтур мебарем.

Аммо барои мо ҳам кӯмаки зиёд намеояд ва фақат дар рӯзҳои ҷашн кӯмакҳо меояд ва ба онҳо мерасонем. Вай ҳамчунин аробачаи маъюбӣ мехост. Ва ман ҳам чанд бор нома навиштам ба ниҳодҳои масъул. Вале расман дар бораи ҷарроҳии худ ба ман чизе нагуфтааст. Агар мегуфт, ман нома навишта ба мақомот мерасондам.”

Китоб, телевизор ва гурба

Флора Ғаниева 74 сол дорад ва 50 соли пеш ба далели бемории хоҳари калонии худ аз Русия ба Тоҷикистон омада дар ҳамин ҷо монд. Ду дафъа шавҳар кард, вале фарзанддор нашуд. Ҳамсари дуюмаш ҳам даргузашт ва ӯ яккаву танҳо монд. Дар ҷавонӣ дар корхонаи кимиёвии ноҳия ва баъдан ҳам ба ҳайси омӯзгор дар мактаб кор кард. То маҳрум шудан аз пойи равон ӯ дар боғчаи бачагонаи ноҳия кор мекард.

Шавҳараш панҷ соли пеш аз дунё гузаштаву дигар дар Тоҷикистон касе надорад. Дар 9 соли хонашинӣ ӯ асару китобҳои зиёди нависандагони тоҷику русро мутолиа кардааст. Аз мутолиаи зиёд Флора мегӯяд, нури чашмаш кам шуд ва дигар тамоми китобҳояшро аз хона берун кард. Ҳоло танҳо василаи вақтгузаронии ӯ се телевизори хонааш аст. Ҳамроҳ бо гурбааш, ки он ҳам мелангад, дар меҳмонхонаву айвону ошхонаи худ телевизор тамошо мекунанд.

“Телевизор ягона мояи хушҳолиам аст. Ҳамсояҳо наздам медароянд. Онҳо бароям дар кори хона ва хариди бозор кӯмак мекунанд ва ё нону хӯрок меоранд. 250 сомонӣ нафақа мегирам. Гӯшт намехурам, чун тавонам намерасад. Гӯшти мурғ мехарам ва як бор шӯрбо пухта дар яхдон мемонам. Барои як ҳафта мерасад ба ман.”

Кӯдакони ҳамсоя, ки дастёри аслии ин пиразани бекаси рус дар Ёвонанд, ҳамеша дар сӯҳбат бо ӯ бо ҳайрат мепурсанд, ки чӣ тавр тавонистааст солҳо дар чор девор зиндагӣ кунад.

Духтарчаи наврас бо номи Меҳрафзо, ки ҳамсояи Флора Ғаниева аст, мегӯяд, ҳамеша аз ҳоли ин зан хабар мегирад: “Хабар мегирам. Пулашро медиҳад, барояш доруву дигар чизҳои зурурӣ меорам. Як бор гуфтам, ки агар хоҳӣ, бароят кӯмак мекунам ва берун мебарам. Вале намеравад, метарсад, ки пойҳояш бадтар мешаванд”.

Бархе аз масъулини ноҳия чанд бор ба Флора пешниҳоди зиндагӣ дар хонаи пиронсолонро ҳам кардаанд. Ба қавли онҳо, зиндагии ӯ дар он ҷо ҳамроҳ бо дигар пиронсолон рангинтар хоҳад буд. Аммо ӯ зиндагии танҳоро ихтиёр кардааст. Дар зимн Флора Ғаниева дар Ёвон як парастор ҳам дорад. Аммо ӯ шароити ҷарроҳӣ кардани пиразанро надорад ва хонум Ғаниева ҳам бо дарки вазъи васии худ ӯро ба ин кор маҷбур намекунад.

XS
SM
MD
LG