Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Духтари тоҷик мегӯяд, шикояташ аз таҷовузро нодида мегиранд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Як сокини 19-солаи Варзоб иддао дорад, ки ҳамдеҳааш ӯро таҷовуз кардааст ва ӯ ҳомила шудааст. Духтару модараш мехоҳанд, гунаҳкор ҷазо бигирад. Аммо ҷавон шикояти духтарро беасос хонда, мегӯяд, духтар “бо хоҳиши” худ бо ӯ ҳамхоба шуд.

Маъмурони милисаи ноҳияи Варзоб, ки бар асоси ин ҳодиса “мавод тартиб додаанд” мегӯянд, хонаводаи писар гуфтааст, ки духтарро арӯс мекунанд ва аз ин рӯ мунтазиранд, ки қазия бо ризоияти ду хонавода ҳал шавад.

Ҷ.А. ки баъди хатми мактаб як духтари хонанишин шуд, иддао дорад, ки дар хонаи худашон мавриди таҷовузи ҷинсӣ қарор гирифт. Ӯ рӯзи 4 июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ҷавони ҳамсояашон – Д.С панҷ моҳ пеш ба хонаашон омад ва ба номусаш дастдарозӣ кард. Ҷ.А. эътироф мекунад, ки баъди ин ҳодиса ба касе дар хонаашон лаб накушод ва чанд бор аз ҷониби ҷавон таҳдид шунид, ки агар ин ҳодиса ошкор шавад, ҳоли ӯ бад мешавад. Волидони духтар баъди он огаҳ шуданд, ки духтурон ҳангоми муоина гуфтаанд, духтар ҳомиладор шудааст.

​Ҷ.А гуфт, писари 23-сола дар ҳамсоягии онҳо зиндагӣ мекунад ва “мисли бародар эҳтиромаш” мекарду “ҳеҷ интизоре надошт”, ки чунин амалеро анҷом медиҳад. Ӯ гуфт: “Моҳи феврали ҳамин сол бо як ҷияни дусолаам дар хона будам. Д. ба хонаамон омада пурсид, ки хонаводаатон дар куҷост, гуфтам нестанд, ҳар чӣ гуфтан гирифт, “фигураи ту ба ман маъқул аст” гуфт. Гуфтам “шарм намедорӣ, мисли бародарам ҳастӣ”. Гуфт, “не, аз чӣ шарм кунам?”. Тарафам омадан гирифт, тарсидам, хостам ӯро аз наздам дур созам, лекин зӯрам нарасид, коре карда натавонистам."

Ҷавон мегӯяд, ӯро тӯҳмат мекунанд

Дар тамоси телефонии хабарнигори Радиои Озодӣ ҷавони тоҷик иддаоҳои духтарро рад кард ва гуфт ӯро “тӯҳмат мекунанд” ва таҳдидҳои худу хонаводаашонро нисбати духтар “беасос” хонд. Ӯ гуфт, муносибат бо Ҷ.А бо хоҳиши духтар сурат рифтааст ва ба мувофиқа расидаанду ният дорад ӯро ба занӣ гирад: “Ман ӯро таҷовуз мекардам, чаро ин қадар вақт гузашт, баъд нав шикоят мекунад. Ин ба ақли одам рост намеояд. Хоҳиши худаш ҳам буд, шарт нест, ҳамаи онро гӯям. Дар отдел (манзур ШКД-и Варзоб) ҳамаашро гуфтам."

​Модари духтар ба Радиои Озодӣ гуфт, вақте онҳо аз духтурон фаҳмиданд, ки духтарашон бордор аст, такон хӯрданд. Ба гуфтаи ин зан, волидони писар ба шарти ифшо нашудани ин роз нахуст ваъда доданд, ки тӯи ҷавонҳоро барпо мекунанд, вале баъд аз ин нияташон даст кашиданд. Модар мегӯяд, бахти духтараш сӯхтааст, вале ҳеҷ кас намехоҳад, барои ин кор ҷавоб диҳад.

Маъмурони милисаи ноҳияи Варзоб мегӯяд, нисбати қазия бетаваҷҷӯҳӣ нашудааст ва умедворанд ҷавонон ба созиш омада, бо ҳам зиндагӣ мекунанд. Як манбаъ дар Шӯъбаи корҳои дохилии Варзоб гуфт: “Маводҳо дар ин бора ҳаст, онҳо болиғ ҳастанд, барои хонадоршавӣ ба мувофиқа расиданд, лекин боз ин ҷо гапи падару модар аст”.

Манбаъ гуфт, дар робита ба ҳодиса, нахуст онҳоро аз беморхона хабардор карданд: “Аз беморхона хабар доданд, ки як духтари бешавҳар ҳомиладор омадааст, мо рафта дидем онҳоро, мавод тартиб додем”. Ҳамсӯҳбати мо аз ин бештар тафсилот надод ва гуфт, ки аризаи шикоятии хонавода дар Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташакилонаи Вазорати умури дохилӣ қарор дорад. Дар дигар ниҳодҳои Тоҷикистон, аз қабили Кумитаи оила ва ҳифзи иҷтимоии Маҷлиси намояндагон ва Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон гуфтанд, дар сурати муроҷиати духтар масъаларо пайгирӣ мекунанд. Модари духтар мегӯяд, "дар пеши ҷомеа шарманда шудааст ва мехоҳад, гунаҳкор ҷазо бигирад."

Ба милиса гуфтаанд, дар ҳал шудани моҷаро кӯмак кунад

Айни замон ӯ мегӯяд, баъди он ки хонаводаи писар ба хостгории духтараш наомаданд, ба Шӯъбаи корҳои дохилии Варзоб шикоят бурда, танҳо аз мақомот хостанд, ки коре кунанд, ҷавон духтарашро дар нимароҳ нагузораду ба ҳамсарӣ қабул карда, нигоҳубин кунад. Полис ҳам ба онҳо машварат додааст, ки қазияро ду хонавода миёни ҳам бахубӣ ҳал кунанд.

Вале бархе ҷомеашиносони тоҷик мегӯянд, чунин кор дар Тоҷикистон ҳодисаи нав нест ва дар бархе ҳолатҳо воқеан ҳам духтари ҷабрдида маҷбур ба зани озордиҳандааш мерасад. Дар ин ҳолат хатари ба зиндон рафтани ҷавон ҳам аз байн меравад. Қонунҳои Тоҷикистон дар сурати исбот шудани таҷовуз ҳукми хеле сангинро пешбинӣ мекунанд.

Ҳуқуқшиносон ҳамеша машварат медиҳанд, ки дар сурати ҷой доштани ҷиноят, билофосила ба сохторҳои ҳифзи қонун муроҷиат шавад. Вале дар бисёр ҳолатҳо, тарсу ноогоҳӣ, хатари бархӯрди бади худи аъзои оилаи ҷабрдида духтарони таҷовузшударо аз шикоят ба полис бозмедорад. Дар ин ҳолат таҳқиқ ва исбот кардани вуҷуди ҷиноят сахттар мешавад.

"Духтар як ҳаёт зери маломат мемонад"

Мадина Низомова, ҳуқуқшиноси созмони ҷамъияти "Ғамхорӣ", ки бо занон кор мебарад, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ дар мисоли ҳодисаи ба сари духтар омада, гуфт, дар чунин ҳолат хонаводаҳо бештар мехоҳанд, духтари ҷабрдида дар хонаи ҷавон зиндагӣ кунад ва даҳони мардум пӯшида шавад: “Лекин фикр мекунам, зиндагии ояндаи ӯ хуб намешавад, чун мо ин чизро дар таҷриба дидаем. Бо чунин ҳолат бисёр вохӯрдаем, барои он ки нисбаташ парвандаи ҷиноӣ боз накунанд аз ҳамин роҳ кор мегирад, лекин баъди як муддат ё аз духтар ҷудо мешавад ё духтар дар хонаи шавҳар як ҳаёт зери маломат мемонад”.

Ҳуқуқшинос гуфт, ҳоло ҳам дер нашудааст, духтар метавонад, барои ҳимояи шаъну шарафи худ ба мақомоти дахлдор шикоят барад. Ӯ мегӯяд, созмони онҳо омода аст, ба духтар кӯмаки ҳуқуқӣ расонад. Фаъолони ҳуқуқ мегӯянд, одатан хонаводаҳо мехоҳанд, чунин ҷиноятҳоро пинҳон кунанд ва ингуна бархӯрд бояд тағйир дода шавад.

Созмони Милали Муттаҳид пинҳон кардани ҳодисаи таҷовуз ва ба марди озордиҳанда издивоҷ кардани қурбониро маҳкум карда гуфтааст, ки бо ин амал зани ҷабрдида тамоми умр ранҷ мекашад. Бархе фаъолони ҳуқуқ мегӯянд, ҷазо додани ҷинояткор пеши роҳи ҷиноятҳои дигарро мегирад ва ба дигарон ибрат мешавад, ки даст ба чунин амал назананд.

Эзоҳ: Радиои Озодӣ ба далоили ахлоқӣ ному насаб ва маҳалли зисти тарафҳоро пинҳон медорад.

XS
SM
MD
LG