Ба хусус дар нашри имрӯз, ки аз саркуб кардани баҳори Прог 40 сол сипарӣ мешавад. Рӯзномаи «Франкфуртер алгемайне»-и Олмон дар робита навиштааст, пас аз ду ҳафтаи ҳамлаи Русия ба Гурҷистон, рӯзи 21 августи соли 1968, санаи ҳамлаи низомии шӯравӣ ба Чехославакия аз даҳ соли қабл наздиктар ба назар мерасад. Ба қавли рӯзнома он замон дар сари қудрати Кремл Елтсин буд ва чунин ақида дошт, ки ҳамла ба Чехославакия ин як боби то абад хотимёфтаи таърихи Аврупо аст, ки мешавад онро ба дасти донишмандон вогузошт. Аммо, навиштааст рӯзнома, имрӯз саҳна ва назарҳо ба Баҳори Прог дигаргун шудааст. Рӯзнома мӯътақидона навиштааст, ки агар соли 1968 Иттиҳоди шуравӣ ба Чехославакия ҳамла намекард, имкони зиёд буд, он чи ки баъд аз 20 сол рух дод, яъне ихроҷи режими коммунистӣ аз саҳнаи сиёсӣ, дар соли 1969 анҷом мешуд.
Вале боз ҳам мавзӯъи авлавиятдори нашрияҳои ғарбӣ марбут ба бӯҳрони Қафқоз аст. «Лос анҷлес таймс»- навиштааст, ки ин ҳафта андешаҳои зиддирусӣ дар Иёлоти муттаҳида ба ҳадди ниҳоии худ мерасад. Ба қавли рузнома даъвати бозпас баргардонидани Русия ба замони ҷанги сардро аз раҳбарони ду ҳизби асоси ИМА шунидан мумкин аст ва низ дар муносибат ба Русия пас аз Буҳрони Қафқоз назари якхела дорад, яъне таҳдиди қатъи равобити ҷомеаи байналмилаӣ бо Русия. Вале ба навиштаи рӯзнома ин роҳи ҳалли бӯҳрон ва фишоровари ба Русия буда наметавонад, роҳи аслӣ ва ягона якест, даъват ва шомил кардани Русия ба НАТО.
Дар ҳамин ҳол «Ню Йорк таймс» менависад, агар бӯҳрони Қафқоз мусобиқоти олимпӣ мебуд, дар ин сабқат медали тиллоро Путин барои аблаҳии ваҳшиёна, медали нуқраро Саакашвилӣ барои бехудии аблаҳона ба даст оварда ва медали биринҷӣ насиби идораси сиёсати хориҷии ИМА-и замони Клинтон ва Буш барои кӯтоҳназарии аз ҳад зиёд мегардид.
«Уол стрит ҷорнел» навиштааст, муттафиқони Русия дар марзҳои шӯравии собиқ дар масъалаи Гурҷистон Маскавро ба зудӣ пуштибонӣ накарданд. Ва афзудааст, Русия бо талоши канор мондан аз таҳримҳо пас аз фишории Ғарб, ба ин хомушии ҳампаймонҳои худ изҳори норозигӣ кард. Рӯзнома аз қавли коршинсон менависад ин хомушии ҳампаймонҳои Маскав ба он марбут аст, ки ин кишварҳо низ ҳарос доранд, ки ба мушкили монанд ба Гурҷистон худи онҳо гирифтор нашаванд. Зеро ба навиштаи рӯзнома аксари онҳо низ мушкили марзӣ доранд.
Ва «Файненшл таймс»-и Бритониё хабар додааст, ки арзиши қарзи суғуртавии Укроин аз дефолт аз замони инқилоби рангаии 2004-и ин кишвар ба сатҳи баландтарин расидааст. Ба навиштаи рӯзнома сабаб он аст, ки сармоягузорон аз ихтилофи Кремл ва Ғарб зиёд хавф доранд ва бар инанд, ки метавонад ин ихтилоф ба ин кишвари миёни Русияву Иттиҳодияи Аврупо таъсири манфӣ расонад.
Онхоро Сталин не, балки раисони "ланг"-и хамонвактаи точики худамон "душмани халк" хисобиданд! Барои мансаб, вазифа, рашк, хасад ва гайраю гайра.... Афсус, Сталин душманони асоси халкро нест карда натавонист.
Агар зинда мемонд чизе рушан мешуд, мисли казияи муовини вазири мудофиа Назарзода бисёр сирхо ин даъва низ зери хок рафтанд. Вале то кай?
Россия
Душанбе монополия. Дар казокистон орда бо сомони 170 сомони мешавад.вакте шар номарди шид байни давать бояд то точикистон нархи як линга орда 170 сомони бошад.дар кучо аст инсоф .дар боли як линга орда 170 сомони дигар зам мешавад.аз худо тарсед.
Душанбе