Буш ваъда дод, ки ин тарҳ қабл аз рафтани ӯ аз мақом, яъне то моҳи январи соли оянда, роҳандозӣ хоҳад шуд. Вай гуфт, дар мавриди насби сипари зидди мушакӣ тавофуқе ҳосил шуд, ки ба соҳибистиқлолии Лаҳистон эҳтиром гузошта шавад, тазмин дода шавад, ки мардуми он кишвар зери ягон хатари ғайрилозим гузошта нашаванд ва тавофуқ ҳосил шуд, ки системаи зидди ҳамалоти мушакӣ барои пешгирӣ аз таҳдидҳои воқеъӣ зарур аст.
Варшава ва Вошингтон аз соли гузашта имкони ҷойгиршавии сипари дифоъ аз ҳамалоти мушакиро барраси доштанд. Сарвазири вақти Лаҳистон Ярослав Качинскӣ аз тарафдорони ашадии ин нақша буд, аммо замоне, ки Доналд Туск ба мақоми сарвазирӣ расид, ӯ эълом кард, ки дар ивази иҷозаи насби сипар аз Вошингтон талаби бештар хоҳад кард.
На оқои Буш ва на оқои Туск ба хабарнигорон дар бораи муҳтавои гуфтушунид иттилоъе надоданд, аммо сарвазири Лаҳистон музокиротро қонеъкунанда арзёби намуда, гуфт алоқамандии муштарак барои ҳамкорӣ тамоми бахшҳои амнияти саросарӣ, аз ҷумла сипари зиди мушакиро низ дар бар мегирад. Баъд аз нишасти матбуъотӣ оқои Туск ба хабаргузории “Ассошиэйтед пресс” иттилоъ дод, ки Буш розӣ шудааст, то ки аз созишнома монеъаҳои муҳим бардошта шаванд.
ИМА нақша дорад дар қаламрави Ҷумҳурии Чех пойгоҳи родарӣ ва дар Лаҳистон мушакҳои зидди ҳамалоти ҳавоӣ ҷойгир кунад. Вошингтон иддаъо дорад, ки ин сипари зиди мушакӣ барои пешгирӣ аз ҳамалоти эҳтимолии кишварҳои “меҳвари шарорат”, ба монанди Кореяи Шимоли ва Эрон, ба ИМА ва ҳампаймонони аврупоиаш равона шудааст.
Ҳафтаи гузашта Ҷорҷ Буш бо нахуствазири Ҷумҳурии Чех Мирослав Тополанек барои баррасии ин мавзуъ вохурда буд. Он мулоқот аммо бидуни расидан ба ягон созишнома ба поён расида буд ва тарафайн изҳор доштанд, ки байни онон дар ин масъала танҳо як нуктаи баҳсбарангез боқи мондааст.
Дар ивази иҷозаи насби мушакҳои амрикоӣ дар қаламраваш Варшава аз Вошингтон дархост намудааст кумак расонад то ки Лаҳистон мушакҳои худашро низ дошта бошад. Аммо Русия батакрор изҳори итминон мекунад, ки ин сипарҳои зиддимушакӣ мустақиман қаламрави Русияро ба ҳадаф хоҳанд дошт.
Амрико дар посух ба ин иддао мегуяд, ин сипарҳо дар амри муқобила алайҳи мушакҳои неруманди Русия заъифанд. Варшава мегӯяд, бо маҳзи ин барномаи истиқрори сипарҳои зиддишакии Амрико Кремл таҳдид кардааст, ки мили мушакҳояшро ба самти Лаҳистон мегардонад. Бо вуҷуди он ки Вошингтону Варшава ба тавофуқ наздик омадаанд, оқои Буш гуфт, музокирот ҳануз идома хоҳад ёфт.
Сарварони ду кишвар инчунин раванди амалиёти паймони НАТО дар Афғонистонро мавриди баҳс қарор доданд, аммо дар бораи нақшаҳои Лаҳистон дар ин бора ягон маълумоти дақиқ надодаанд. Интизор меравад дар маҷмаъи умумии НАТО, ки моҳи оянда дар Бухарест доир мегардад, даъвати ИМА аз кишварҳои узви паймон барои фиристодани неруҳои иловагӣ ба Афғонистон мавриди баҳс қарор гирад. Дар айни ҳол 1200 сарбози лаҳистони дар Афғонистон мустақаранд ва интизор меравад Варшава моҳи оянда ба он ҷо 400 сарбози иловагӣ эъзом кунад.
Ин дача моликияти давлат хаст, баьди Путин дигар президент хам истифода мебарад
Маншахсан мехохам ки С.Ч.Т. ин дархости хукумати ЧТ кабул накунад шояд касоне бошанд барои чи барои онки инхукумати кунуни бо талбандаги одат намудаст ваксинаро мегираду дар ТВ нишон медихан чанд наворе сипас мадумро мачбур бо харидани ваксина менамоянд........................
Мардикорбозори занон дар гирду атрофи Хужанду Истаравшан хам хаст.Факат дар инжо бо воситаи саркорашон бо телефон ба кор чалб карда мешаванд асосан мавсими аст.
ОЛЛОХи мехрубон раҳмату магфираташ кунад .Омин
Вакте ки писараки синфи 11-ро хатм мекунад уро ба хизмати харби даьват мекунанд.Ин писарак сад накуни фахмишаши харбияш дар сатхи паст мебошад.Дар хизмати харби ба ин писарак калонсолон ва командирхо албатта зуровари мекунанд.Мисол хочатхонаро хамомро ошхонаро казармаро ва утокхои кории камандиронро ин писарак бояд хамеша тозаву нигохбин кунад аз тани сержантхо бояд каровули ва пост меистад агар мабодо ба ягон кас гуяд ки хукуки ман поймол шуда истодааст уро чунон сахт танбех медиханд ки даст ба худкуши мезанад йо дар холати ярок дар дасташ метавонад камандирхояшро ва сержантхоро паронад.Психологияш сбой додан мамкин.Дар хона то ин писарак хизмати харбиро бо сари баланд тамом мекунад дили падару модараш реш реш мешавад.Худо ватани азизамонро аз хар бало нигахбон бошад вале агар ягон вокеа сар занад ин писарак дар вакти чанг йо чепе хулосаи хуб ва даркориро ичро карда наметавонад худро гум мекунад агар дар мухосираи душман галтад ин хел писараконро осон фиреб таслим ва катл мекунанд йо бар мукобили ватан пеш пеш равон мекунанд.Хулосаи ман мачлиси оли чунин аст. Баьди хатми мактаби мийона бояд фарзандхоямон ба мактабхои оли дохил шуда баьди хатми он ба хизмати харби даьват шуда ба мухлати як сол хизмати ватан модаро сарбаландона ичро намояд. Он вакт ин писарак чавони бузург хушйор ва далер шуда хонадор хам шавад оилаашро худаш нигоху бин мекунад.Пош хурии оилахои чавон хам хело кам мешавад. Агар хохад баьди хизмат дар ягон кисми харби хамчун афсар кор ва фаолият намояд.Агар хамин гуфтахоям шавад дигар аз облава мудати дах сол намегурези дедавшина аз байн меравад ояндаи ватанамон дар дасти чавонони шучоь хушйор мемонад. Бисйор навиштам узр мепурсам мехохам ки дар хонаи хамаамон хамеша хурсанди бошад ман хам писар дорам аз ояндааш нигаронам. Озоди барои ободии дийорамон ба чоп дихед рахмат.