Ба гуфтаи ҷаноби Крол, ягон пешниҳод ё иҷрои лоиҳае ҷиҳати тавсеъаи пойгоҳи низомии ИМА дар майдони ҳавоии «Манас» барномарезӣ нашудааст. Ноиби ёвари вазири хориҷаи Амрико ҳамчунин тазаккур дод, ки дар ҳоли ҳозир ИМА дар Осиёи Марказӣ ягон пойгоҳи дигари низомӣ таъсис доданӣ нест.
Ҷорҷ Крол дар мавриди қатъи фаъолияти созмонҳои ғайриҳукуматӣ, аз ҷумла «Ен Де Ай» ё Институти ҷадиди демократӣ ва «Интернюс» дар соири кишварҳои Осиёи Марказӣ, гуфт, ҳукумати кишвараш аз ин раванд огоҳ аст. Вай афзуд, ба мо лозим аст бигӯем, ки ин созмонҳо ба чӣ кор машғуланд ва фаъолияти созмонҳои мазбур ба муқобили ин кишварҳо равона нашудааст.
Вай афзуд, ки ин созмонҳо созмонҳои сиёсӣ нестанд ва фақат дар мавриди рушди демократия ва боло бурдани сатҳи профессионализми хабарнигорони ин кишварҳо кумак мерасонанд. Аз Ҷорҷ Крол пурсида шуд, ки чаро ИМА бо Қирғизистон машғули бозиҳо ё сиёсати дугона шудааст. Ба гуфтаи ноиби ёвари вазири хориҷаи Амрико, сиёсати кишвараш дар ҳамаи манотиқи ҷаҳон яксон аст ва ӯ таъкид карданист, ки ИМА машғули ягон бозии сиёсӣ низ намебошад.
Вай афзуд, ҳадафҳои Амрико таҳкими равандҳои демократӣ дар мамолики дар ҳоли рушд аст, вале ин раванд на аз тариқи фишор ё мудохила ба умури дохилии ин кишвар сурат хоҳад гирифт.
Бояд тазаккур дод, ки бархе аз расонаҳо хабарӣ, ки гуфта мешавад, аз манфиатҳои Русия ҳимоят мекунанд, дар мавриди ин сафари Ҷорҷ Крол ба Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, Қирғизистон, хабарҳои бардурӯғро пахш намудаанд. Ин мақоми амрикоӣ хабарҳои бепояву асоси расонаҳои хабариро таъкид кард ва афзуд, ки вайро дар ин сафар ягон генерали нерӯҳои низомии кишвараш ҳамроҳӣ намекунад.
Тибқи барномаи сафари Ҷорҷ Крол ба Бишкек вай бо нахуствазир ва вазири хориҷаи Қирғизистон дидору мулоқотҳо анҷом хоҳад дод.