Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истеъфои ғайричашмдошти адмирал Фаллон


Вилям Фаллон, фармондеҳи амалиёти низомии ИМА дар Ироқу Афғонистон
Вилям Фаллон, фармондеҳи амалиёти низомии ИМА дар Ироқу Афғонистон

Адмирал Вилям Фаллон, фармондеҳи амалиёти низомии ИМА дар Ироқу Афғонистон, ба истеъфо рафт.

Барканоршавии ғайримунтазираи фармондеҳи воломақом овозаҳо пиромуни ҷой доштани ихтилоф миёни Фаллон ва маъмурияти президенти ИМА Ҷорҷ Бушро ба бор овард. Гуфта мешавад, ки ба вижа дар масъалаи Эрон назари Фаллон аз мавқеъи намояндагони маъмурияти Буш фарқ дошт.

Ҳафтаи гузашта як нашрияи амрикоӣ изҳор намуд, ки адмирал Фаллон ба Қасри Сафед машварат додааст, ки аз ҷанг бо Эрон худдорӣ кунад. Барои исботи ин ақида маҷалла навиштааст, ки аснои сӯҳбат бо телевизиони арабии Ал-Ҷазира дар тирамоҳи соли 2007-ум адмирал Фаллон дар ин хусус гуфта буд, ки доимо садо додани табли ҷанги Амрико бо Эрон ҳеҷ таъсире надорад. Ӯ пешбинӣ карда буд, ки миёни ду кишвар ҷанг нахоҳад шуд ва Вашингтон бояд вазъиятро тағйир диҳад.

Ин мусоҳибаи Фаллон замоне интишор шуд, ки Вашингтону Теҳрон ҷанги лафзиро шурӯъ карда буданд. Сиёсати ИМА дар мавриди Эронро президенти ИМА Ҷорҷ Буш дар соли 2006-ум эълон карда буд ва он то ҳанӯз тағйир наёфтааст. Ба қавли расиҷумҳури ИМА, нерӯи низомӣ дар муқобили Эрон фақат дар сурате истифода мешавад, ки тамоми имконоти дипломатии пешгирӣ аз ғанигардонии уран дар Эрон ноком шаванд.

Дар ин иртибот вазири мудофиаи ИМА мегӯяд, овозаҳо дар бораи он, ки бо истеъфои Фаллон омодагиҳо ба ҷанг бо Эрон оғоз меёбанд, асосе надорад. Нашрияи "Лос Анҷелес таймс" дар шумораи рӯзи чоршанбе навиштааст, ки Фаллон бо фармондеҳи нерӯҳои ИМА дар Ироқ генерал Дейвид Петреус ҳам ихтилофи назар дошт. Аз рӯи мансаб Петреус тобеи Фаллон буд, вале дар баъзе ҳолатҳо масъалаҳоро мустақиман бо президент буш матраҳ ва ҳал менамуд.

XS
SM
MD
LG