Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ ва хушунатҳо дар Афғонистон


Харобаҳои ҷанги Афғонистон аз даҳсолаҳои ноором ҳикоят мекунанд.
Харобаҳои ҷанги Афғонистон аз даҳсолаҳои ноором ҳикоят мекунанд.
Дабири кулли СММ, Бан Ги-мун дар ҷаласаи Шӯрои Амният аз афзоиши хушунат дар Афғонистон изҳори нигаронӣ кард ва гуфт, шумори ҳамлаҳои террористӣ дар ин кишвар босуръат афзоиш ёфта, соли гузашта дар онҳо зиёда аз ҳашт ҳазор нафар кушта шудааст.

Ба ҳисоби миёна ҳар моҳ дар Афғонистон 566 ҳамлаву хунрезӣ ба амал омадааст, ки нисбат ба соли гузашта 150 адад бештар аст. Баҳси асосӣ дар Шӯрои Амнияти СММ дар робита ба таъини намояндаи нави ин созмон дар Афғонистон ба он ихтисос ёфт, ки чигуна мешавад вазъро беҳбуд бахшид.

Баҳси асосӣ дар ҷаласаи ахири Шӯрои Амният дар масъалаи Афғонистон сари камбуди ҳамоҳангӣ дар фаъолияти ҳозирони ин саҳна чархид. Аксари сухангӯён аз камбуд ва ҳатто набуди ҳамоҳангӣ дар фаъолиятҳои байнулмилалӣ ва маҳаллӣ, осоишта ва низомӣ, фаврӣ ва дарозмуддат шиква карданд.

Ин ҳам дар пасманзари инсиҷому назми бештар ёфтани амалиёти ошӯбгарон дар кишвар ва афзоиши ин ҳамлаҳои муташаккил. Ноиби Дабири кулли СММ дар умури посдории сулҳ Жан-Марӣ Гуйҳенно гуфт: "Мо бо ошӯбе рӯбарӯ шудаем, ки зиёда аз интизори мо қавӣ ва зиёда аз фаҳми мо бераҳмона аст."

Ин ҳам дар ҳоле ки сохторҳои ҳукумат дар муддати зиёда аз ҳашт соли охир ҳамоно шикананда ва нотавон буда, ба ҳамаи қаламрави Афғонистон назорат надоранд ва фасоду ришват онҳоро фурӯ мебарад, нерӯҳои байнулмилал бо дили нохоҳам ба манотиқи ноамн ирсол мешаванд, сармояҳои тиҷорати маводи мухаддир ба ҳифзи холигоҳи назорату қудрат корбаст мегардад.

Аъзои Шӯрои Амнияти Созмони Милал дар посух ба суоли пас чи бояд кард, ҳамзамон бо тамдид инчунин густариши мандати созмон дар Афғонистонро пешниҳод карданд. Вале зоҳиран ин пешниҳод қабул нашуд.

Сафири Амрико дар Созмони Милал, Залмай Халилзод гуфт: "Афғонҳо ҳазорсолаҳо ба кишвари худ ҳукумат кардаанд. Вазифаи мо ин нест, ки ба ҷои онҳо кор кунем, балки ба кишвари онон кумак кунем, ҳарчи зудтар ба пои худ биистад."

Сафири Афғонистон дар Созмони Милали Муттаҳид, Зоҳири Танин низ аз ин андеша пуштионӣ кард ва хостори танҳо тақвияти кори Созмони Милал дар кишвараш шуд: "Тамдиди мандат уҳдадории давомдори Созмони Милал ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Афғонистонро нишон медиҳад. Мо ҳамчунин умедворем, он оғози нақши қавитар, танзимшуда ва босамартари Созмони Милал дар Афғонистон бошад."

Намояндаи нави Созмони Милал дар Афғонистон, дипломати норвегӣ Кай Эйде низ нақши худ ва ҷомеаи ҷаҳониро дар Афғонистон кумаккунанда номид ва масъулияти асосиро бар дӯши ҳукумати Кобул гузошт. Натиҷаи ҷаласаи ин шуд, ки нақши Созмони Милал дар Афғонистон бояд ба гунае ки ҳаст, боқӣ бимонад, аммо тамаркузи он рушантар ва самти кораш саҳеҳтар шавад.
XS
SM
MD
LG