Дар Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид аҳдофи аслии ин ниҳоди байнулмилалӣ таъмини сулҳу субот ва амният дар олам, таҳкими равобити дӯстона миёни кишварҳои узв, ҳамкорӣ дар ҳалли мушкилоти байнулмилалии иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва башарӣ ва таъмини эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои инсон номида шудааст.Созмони Милали Муттаҳид шаш ниҳоди асосӣ дорад – Маҷмааи умумӣ, Шӯрои амният, Шӯрои Иқтисодӣ ва Иҷтимоӣ, Шӯрои нигаҳбон, Додгоҳи байнулмилалӣ ва Котибот. Панҷ кишвар – Британия, Иёлоти Муттаҳида, Русия, Фаронса, Чин узви доимии Шӯрои амният ва даҳ кишвар аъзои Шӯрои амнияти Созмони милаланд ва баъди анҷоми ваколати онҳо рӯзи 31 декабри соли 2008-ум ба ҷояшон кишварҳои нав интихоб хоҳанд шуд.
Нишасти аввалини Маҷмааи Кулли СММ 10 январи соли 1946 дар толори марказии Кохи Венстмистери Лондон бо ширкати 51 кишвар доир гардид. 24 январи соли 1946 Маҷмааи Кулл нахустин қатъномаро қабул кард, ки аз кишварҳои олам истифодаи нерӯи ҳастаӣ фақат бо аҳдофи осоишта ва аз байн бурдани силоҳи ҳастаӣ ва дигар силоҳи қатли омро тақозо мекард.
Моҳи феврали соли 1946 дипломати норвегӣ Трюгве Ли нахустин Дабири Кулли СММ интихоб шуд. Миёнаҳои ҳамон сол дар Фаластин нахустин гурӯҳи нозирони СММ таъсис ёфт.Зимнан, ҳамин гуна гурӯҳи нозирони низомии Созмони милал солҳои ҷангии шаҳрвандии Тоҷикистон низ таъсис шуд ва бар пояи он соли 2000 Дафтари сулҳи Созмони Милал ба фаъолият шурӯъ кард. Дафтари сулҳи Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон тобистони ҳамин сол кори худро ба поён расонд.
Ва аммо солҳои ахир талошҳо барои ислоҳот дар Созмони Милал густариш ёфтанд – мунаққидон ин ниҳоди байнулмилалиро дар истифодаи беҳудаи маболиғ ва бюрократия муттаҳам мекарданд. Ва аммо иттиҳоми аз ҳама сангин ин нотавонии Созмони Милал дар иҷрои вазифаи аслии худ, яъне таъмини сулҳу оромӣ дар олам буд. Ин иттиҳомот дабири кулли вақти Созмони Милал Кофи Аннонро барои шурӯъи ислоҳот дар ин ниҳоди байнулмилалӣ таҳрик дод. Бан Ки Мун, раҳбари феълии Созмони Милал, низ ислоҳотро идома медиҳад.
Тибқи тарҳи ислоҳоти Созмони Милал қабл аз ҳама тағйирот дар Шӯрои амният дар назар аст. Ва аммо ба гуфтаи коршиносон, расидан ба созиш дар ин мавзӯъ басо мушкил аст. Кофи Аннон ду тарҳи дигарсозии Шӯрои амниятро пешниҳод намуд, ки яке афзоиши теъдоди аъзои доимии Шӯрои амният аз панҷ узви феълӣ то 11 узв ва дигарӣ то 18 нафар афзоиш додани аъзои Шӯро бо ваколати чаҳорсола буд. Айни ҳол 10 кишвар барои ду сол аъзои Шӯрои амният интихоб мешаванд. Гуфта мешавад, ки бештари кишварҳо аз тарҳи аввалӣ пуштибонӣ мешавад ва ҷонибдорони ин тарҳ дар атрофи Олмон, Ҷопон, Ҳиндустон ва Бразил гирд омадаанд.
Ҳамчунин тағйироти ҷиддӣ дар Котибот ва дигар ниҳодҳои аслии Созмони Милал рӯх хоҳад дод ва дар назар аст, ки онҳо асосан болои кумак ва мусоидат ба рушди кишварҳои фақир тамаркуз кунанд. Ҳамчунин таъсиси Комиссиюни вижаи сулҳофарӣ дар назар аст, ки талошҳои ниҳодҳои гуногуни Созмони Милал дар эътидоли вазъи кишварҳои ҷангзадаро ҳамоҳанг месозад.
Дар чаҳорчӯби ислоҳот Комиссиюни ҳуқуқи башари Созмони Милал ба Шӯрои дифоъ аз ҳуқуқи башар табдил ёфт, ки ҳайати густарда ва ваколатҳои бештар дорад.
Ofarin shoir, hamesha baythoyaton xondanibob va oliand!
Бигузор 15-20 соли хабс кунанд ин бадбахтонро. Холо наздикони ин шурбахто даьво доранд, ки касеро инхо накуштаанд инхо аз куштан бадтар мекунад агар дам назананд. чунин Як ходиса руй додан буд 2 сол пеш дар хизмат. Як Сарбозро аз дехаи Абдулободи Ш. Вахдат берахмона мезананд дар хизмат. Пояш мешиканад. Осеб дигар шифо наефт ва пои чавонро буриданд. Ин хам пеши захми бардоштаашро нагирифт. Худи дируз чавон мурд. Ду сол бечора азоб кашид.Имруз дар намози чанозааш иштирок кардем дар дехаи исроилобод. Пас аз намози чумьа. 24 сола чавон имруз аз зулми чунин бадбахто дунеи фониро тарк кард.
Инҳоро 10 соли суд кунад ба дигарон дарси ибрат шавад бигзор
Вакте ба як фыси бини факат ба хотири фарзани фалони быданыш рутбаи генерал метан ман холо хайроным ки чихел умуман ин артиш вучуд дорад...ин артиш не ин кормушкаи одамхурон аст...
Сабаб ДУЗДИ-и дуздон дар сари КУДРАТ аст...ана акнун фахмиди САБАБ чи хаст.