Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Шохаи зайтун” – Посухи чанд суол ба амалиёти Туркия дар Африн


Туркия дар минтақаи Африн, воқеъ дар шимоли ғарби Сурия, ки зери назорати курдҳост, амалиёти низомӣ ба роҳ монд. Амалиёте бо исми рамзии "Шохаи зайтун" яке аз охирин мухолифатҳо миёни туркҳову ҷангиёни курд аст, ки аз даҳсолаҳо ба ин тараф идома дорад. Чанд посух ба сабабҳои замониву сиёсии шурӯи амалиёт дар ин ҷост:

Ҳадаф чист?

Ин ҳодиса боис ба бад шудани равобити Анкара ва Вашингтон шуд, новобаста аз онки ҳарду кишвар узви НАТО мебошанд.

Нахуствазири Туркия Биналӣ Йилдирим гуфт, Туркия мехоҳад дар Африн як минтақаи амни 30-километрӣ бунёд кунад. Президент Раҷаб Таййиб Эрдуғон гуфт, амалиёти низомӣ барои амнияти Туркия ва тамомияти арзии Сурия муҳим аст.

Амалиёти Туркия ба хотири аз хоки Африн берун кардани ҷангиёни марбут ба Воҳидҳои ҳимоят аз мардум, як гурӯҳи курдҳои Сурия, ба роҳ монда шудааст. Шумораи ҷангиён дар ҳайати ин воҳидҳо аз 8 то 10 ҳазор нафар гуфта мешавад. Зимнан, ин ҷангиён, ки манотиқи шимоли Сурияро назорат мекунанд, дар мубориза зидди гурӯҳи “Давлати исломӣ” саҳми назаррас доштанд.

Вале Туркия Воҳидҳои ҳимоят аз мардумро як созмони террористӣ арзёбӣ мекунад ва мегӯяд, онҳо бахше аз Ҳизби ғайриқонунии коргарии Курдистон (ё ПКК) аст, ки барои бунёди вилояти мухтори Курдистони худ дар Туркия мубориза мебаранд. ПКК аз соли 1984 бо нерӯҳои ҳукуматии Туркия меҷангад ва то имрӯз дар мухолифатҳои марбут бо ин гурӯҳ 40 ҳазор нафар ҷони худро аз даст додаанд.

Ҷараёни музокироти сулҳ соли 2015 қатъ шуд ва мухолифатҳо дубора аз сар гирифта шуд. Дубора дар кӯчаву хиёбонҳо ҳамлаҳои мусаллаҳона ва таркишҳои бомба ба вуқӯъ пайваст.

Воҳидҳои ҳимоят аз мардум ва ҳамкорони сиёсии онҳо – Ҳизби ваҳдати демократӣ гуфтанд, ки хостори мухторияти минтақавӣ дар ҳудудҳои федеролии Сурия мебошанд. Онҳо тахминан 25 дарсади қаламравҳои минтақаи Роҷаваро назорат мекунанд, ки Африн, Кобанӣ ва Ҷазира ба ҳудуди он дохил мешаванд.

Гурӯҳҳои ҷангии курдҳо Абдуллоҳ Оҷалан, раҳбари курд ва марксистро раҳбари пешвои худ арзёбӣ мекунанд. Оҷалан дар як зиндони ҷазираи дуре пушти панҷара қарор дорад ва раҳбарии ҷунбиши ҷудоихоҳонро раҳбарӣ мекунад.

Дар ҳоле ки шарикони ғарбии Туркия, аз ҷумла Амрико, ПКК-ро як гурӯҳи террористӣ арзёбӣ мекунанд, Вашингтон ба ҷангиёни курдҳои Сурия пешниҳоди кумаки мустақими низомӣ кард, то бар зидди ДИИШ биҷанганд. Ин гурӯҳ бо исми Нерӯҳои демократии Сурия маъруфанд.

Ин ҳодиса боис ба бад шудани равобити Анкара ва Вашингтон шуд, новобаста аз онки ҳарду кишвар узви НАТО мебошанд. Воҳидҳои ҳимоят аз мардум иттиҳоми ҷудоиталабиро рад карда гуфтаанд, ки амалиёти Туркия ба ДИИШ фурсат медиҳад, то "нафаси озод кашад".

Чаро амалиёт ин шабу рӯз шуӯъ шуд?

Туркия аз муддатҳо пеш ҳушдор дода буд, ки иҷоза намедиҳад қаламрави кишвараш аз марзҳои Сурия ба ҳайси "долони амн" истифода шавад ва соли 2016 дар шимоли Сурия Ҷараблус як амалиёти низомии худро ба роҳ монд.

Ин амалиёт марзҳои Туркияро ва ҳам тақрибан 2000 километр қаламравҳоро аз ҷангиёни ДИИШ пок кард ва ҳамчунин пеши роҳи ҷангиёни курдро аз роҳҳои иртиботии Африн ва Кобанӣ маҳрум намуд. Туркия талош дорад, дар низои Сурия як бозигари муҳим шавад ва дар музокироти Қазоқистон бо Русияву Эрон иштирок кунад.

Фармондеҳони артиши Туркия.
Фармондеҳони артиши Туркия.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки аз тавсеаи низоъҳо худдорӣ кунанд ва ин созишҳо ба Туркия иҷозат дод, моҳи октябр нерӯҳоро ба минтақаи зери назари ҷудоиталабон дар Идлиб ва Африн ба хотири назорат аз вазъ сафарбар кунад.

Таҳаввулоти ахире, ки боис ба шурӯи амалиёти Африн шуд, эълони низомиёни ИМА дар моҳи январ буд, ки гуфтанд, ба хотири таъмини амният дар марзҳои шимолии Сурия 30 ҳазор нерӯҳои марзбониро ба ин минтақа сафарбар мекунанд. Ин изҳорот ба Туркия баҳона шуд, ки иддао кунад, кӯмаки ИМА ба курдҳои Сурия ба муқобили Туркия истифода хоҳад кард.

Котиби давлатии ИМА Рекс Тиллерсон талош кард, ки ба мавқеи пешинаи ИМА баргардад ва гуфт, ҳарфи онҳо таҳриф шудааст. Тиллерсон рӯзи душанбе гуфт, Амрико инчунин бо Туркия ва дигарон имкони эҷоди як минтақаи амн дар марзҳои Сурияро баррасӣ дорад, то ба нигарониҳои Туркия дар заминаи анклави курдӣ посух диҳад. Қаламрави амн ё зонаи буфферӣ, ки Туркия аз соли 2012 мехоҳад онро бунёд кунад, ба ин сурат боз ҳам наздиктар мешавад, чунки Ҷараблус аллакай ба ҳамин қаламрав шомил мешавад.

Паёмадҳои амалиёт чӣ буда метавонад?

Амалиёти Африн барои Туркия рискҳои ҷиддии низомиву сиёсӣ дар пай дорад. Эрдуғон дар посух ба мунтақидонаш, ки ин амалиёти Афринро “ишғолгарӣ” номидаанд, гуфт, нерӯҳо танҳо баъди анҷоми рисолаташон берун кашида мешаванд. Дар Африн ҳудудан 800 ҳазор мардуми мулкӣ ба сар мебаранд ва дар миёни онҳо инчунин гурезаҳое мебошанд, ки аз ҷангҳои гузашта фирор карда, дар ин қаламрав барои худ паноҳгоҳ сохтаанд.

Ҳамлаҳои ҳавоӣ ба як бӯҳрони навбатии башарӣ сабаб мешаванд

Дар сурати анҷоми муваффақиятомези амалиёт, идомаи он дар минтақаи Манбиҷ тавсеа меёбад. Ин минтақа баъди берун шудани ДИИШ, зери назари ҷангиёни курдӣ мебошад, ки аз ҷониби ИМА пуштибонӣ мешаванд. Туркия аз муддатҳо ба ин тараф ИМА-ро дар он муттаҳам мекунад, ки ба ваъдааш дар заминаи аз шаҳр берун кардани ҷангиён вафо намекунад.

Ин амалиёт минтақаи нисбатан амн дар Сурияро, ки мардуми мулкӣ барои худ хонаву сарпаноҳ бунёд кардаанд бесубот карда, вазъи баъди ҷанги дохилии 7-соларо боз ҳам печидатар мекунад. ИМА аз Туркия хостааст, ки аз хештандорӣ кор гирад ва гуфтааст, ки дар ояндаи наздик дар ин манотиқ бо ҷалби курдҳо ҳузури низомӣ барпо хоҳад кард. Ин пуштибонии идомаёбанда раҳбарони Туркияро ба хашм овардааст, ки мегӯянд, ИМА мехоҳад на бо ҳукумати Туркия, балки бо курдҳои Сурия дар ҷанг алайҳи ДИИШ аз наздик ҳамкорӣ кунад.

Иттиҳодияи Аврупо ҳам ҳушдор дод, ки амалиёти Туркия музокироти сулҳи Женеваро ба ҳам мезанад. Русия нерӯҳояшро аз Африн берун кард, вале ахиран равобиташ бо Воҳидҳои ҳимоят аз мардумро тақвият дод, дар ҳоле, ки Туркия бо Русия созишномаҳои ҳамкории дифоиву тиҷоратиро имзо карда, дар заминаи узвияташ дар НАТО суолҳое эҷод кард.

Ҳукумати Сурия дар Димишқ гуфт, ҳама гуна ҳавопаймоҳои низомии Туркияро ҳадаф қарор медиҳад. Ин ду кишвар солиёни зиёд аст, ки равобити бад доранд. Ин амалиёт метавонад фаротар аз марзҳои Туркия ва Сурия тавсеа ёбад. Ҳоло хабарҳое аз бенизомӣ дар канораҳои шарқи кишвар ба гӯш мерасанд.

Хатар ин аст, ки низои миёни Туркияву Сурия ташдид меёбад ва дар дохили Туркия ҳам дар миёни гурӯҳҳои сиёсии кишвар рахнаи бештар эҷод мекунад. Дар Туркия дар пайи ошӯби номуваффақи тобистони соли 2016 вакилони мардумии ҷонибдори курдҳо ва бисёри дигарҳо бо иттиҳоми терроризм ба зиндон андохта шудаанд.

XS
SM
MD
LG