Гурӯҳи нозирони ҳуқуқи башар ба нақл аз манбаъҳои маҳаллӣ рӯзи душанбеи 19-уми март аз ғорат шудани хонаҳои шахсӣ, дӯконҳо ва биноҳои давлатӣ дар шаҳри Африн аз сӯи нерӯҳои Артиши озоди Сурия, ки аз сӯи Туркия ҳимоят мешаванд, хабар дод. Шоҳидони айнӣ дар гуфтугӯ бо хабаргузории "Рейтерз" гузоришҳо дар бораи ғорати мағозаҳо аз сӯи нерӯҳои Артиши озоди Сурияро таъйид кардаанд.
Нерӯҳои артиши Туркия якҷо бо нерӯҳои Артиши озоди Сурия амалиёти "Шохаи зайтун"-ро ҳашт ҳафта пеш барои берун рондани гурӯҳҳои ниманизомии курд -- Созмони мудофеи халқ аз минтақаи Африн, оғоз карданд.
Шаҳри Африн рӯзи 18-уми март ба тасарруфи нерӯҳои Туркия ва Артиши озоди Сурия даромад. Аксҳое, ки аз шаҳри Африн дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо нашр шудааст, нишон медиҳад, ки парчами Туркия дар биноҳои маркази ин шаҳр барафрошта шуда ва сарбозони Артиши озоди Сурия, ки аз пуштибонии Туркия бархӯрдор ҳастанд, муҷассамаи Коваи оҳангарро сарнагун мекунанд.
Коваи оҳангар шахсияти афсонавии "Шоҳнома"-и Фирдавсӣ аст. Ӯ қиёми мардумӣ алайҳи фармонравои замон бо номи Заҳҳокро роҳандозӣ мекунад. Нишони ҷунбиши ӯ дирафши ковиёнӣ, пешбанди чармиаш аст, ки бар сари найзаҳо меовезад. Кова намоди инсонҳои заҳматкаш ва ситамдидае аст, ки аз қишрҳои миёна ва поини ҷомеа сар бароварданд ва зиндагияшон поймоли ситами дастгоҳи ҳокимон шудааст.
Ин дар ҳоле аст, ки сухангӯи Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия ба CNN гуфтааст, ки Анқара гузоришҳо дар хусуси ғорат дар Афринро бо ҷиддият пайгирӣ мекунад. Федерико Могерини, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо рӯзи душанбе эълон кард, ин гуна гузоришҳо "нигаронкунанда" аст. Хонум Могеринӣ афзудааст, "талошҳои байналмилалӣ барои барқарории субот дар Сурия аст ва на ин, ки боиси бесуботӣ ва нооромӣ шавад."
Сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико низ рӯзи душанбе ба гузоришҳо дар бораи тасарруфи шаҳри Африн вокуниш нишон дода ва гуфтааст, "Амрико амиқан нигарони гузоришҳои мунташиршуда дар бораи Африн аст. Ба назар мерасад аксарияти аҳолии ин шаҳри курднишин бинобар таҳдиди нерӯҳои Туркия ва нерӯҳои мухолиф Сурия, ки аз сӯи Туркия ҳимоят мешаванд, маҷбур ба тарки Африн шудаанд."
Сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико дар баёнияи худ таъкид кардааст, "мо ҳамчунин нисбат ба гузоришҳо дар бораи ғорати шаҳри Африн ибрози нигаронӣ мекунем. Мо борҳо нигаронии ҷиддии худро дар бораи вазъияти Африн ба мақомҳои Туркия иттилоъ додаем."
Гурӯҳи нозирони ҳуқуқи башари Сурия мегӯянд, ки аз замони оғози амалиёти "Шохаи зайтун" 280 ғайринизомӣ кушта шудаанд. Аммо Туркия бо радди ин гузориш мегӯяд, ки ҳама талоши худро хоҳад кард то аз талафоти ғайрнизомиён пешгирӣ кнуд. То ба ҳол беш аз 200 ҳазор нафар сокинони шаҳр аз Африн фирор кардаанд.
Нерӯҳои артиши Туркия якҷо бо нерӯҳои Артиши озоди Сурия амалиёти "Шохаи зайтун"-ро ҳашт ҳафта пеш барои берун рондани гурӯҳҳои ниманизомии курд --Созмони мудофеи халқ аз минтақаи Африн оғоз карданд. Ин нерӯҳо рӯзи якшанбеи 18-уми март эълон карданд, ки назорати шаҳри Афринро дар даст гирифтаанд.
Туркия Созмони мудофеи халқро як гурӯҳи террористӣ ва ҳампаймони ПКК медонад. Аммо ҳамзамон гурӯҳҳои Созмони мудофеи халқ дар бахши дигаре аз хоки Сурия бо кӯмаки Амрико дар набард бо гурӯҳи "Давлати исломӣ" ширкат доранд.
Дар ҳамин ҳол, муовини нахуствазири Туркия рӯзи душанбе гуфтааст, ки нерӯҳои ин кишвар ният надоранд, ки барои муддати тӯлонӣ дар хоки Сурия бимонанд, вале амалиёти нерӯҳои Туркия то поксозии минтақа аз вуҷуди "террористҳо" идома хоҳад кард.