Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тошканд ҳам татбиқи "генплан"-ро шурӯъ кард


Яке аз кӯчаҳои Тошканд
Яке аз кӯчаҳои Тошканд

Солҳои ахир қариб ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ тахриби хонаҳои кӯҳна ва бунёди биноҳои замонавӣ дар шаҳрҳои муҳимро оғоз намудаанд.

Одатан хонаҳои мардум дар муқобили ҷуброни ночиз ва ё аслан бидуни пардохти маблағе аз байн бурда мешаванд. Мардуми аз хонаву дар маҳрум дар шаҳрҳои Ашқобод, Душанбе ва Алмаато эътироз доир намуда буданд. Ахиран шаҳрдории пойтахти Узбакистон ҳам ба истилоҳ "генлан"-е тартиб дода, маҳви баъзе маҳаллаҳоро оғоз намуд.

Дар чорчӯби омодагиҳо ба таҷлили 2200-солагии шаҳри Тошканд мақомоти по йтахти Узбакистон тасмим гирифтаанд, симои ин шаҳрро тару тоза намоянд. Даҳҳо хонаи хусусӣ зери теғи булдорез рафта, дар ҷои он биноҳои муосир сохта мешавад. Ба сокинони маҳаллаҳои тахрибшаванда муддати кӯтоҳе барои беруншавӣ аз манзилҳояшон ва каме пул барои дарёфти маскани нав дода шудааст.

Ҳамин тариқ Тошканд ҳам ба рӯйхати шаҳрҳои калони Осиёи Марказӣ шомил мешавад, ки дар он барномаи навсозӣ ҳазорҳо сокинро амалан аз макони зист маҳрум кардааст ва ё маҳрум хоҳад кард.

Як хонуми 48-сола аз Ашқобод, ки нахост номаш ошкор шавад, ба Радио Озодӣ гуфт, ӯ ва оилааш қурбонии навсозии пойтахти Туркманистон мебошанд. Иҷрои ин барнома солҳои навадуми қарни гузашта оғоз ёфта буд. Ин хонум меафзояд? "[онаи моро соли 2005-ум вайрон карданд. Аз он замон ба ин тараф мо манзили сеҳуҷраро кироя гирифтаем. Мо аз мақомот талаб кардем, ки моро ба макони зист таъмин кунанд, вале тақозои моро рад карданд".

Бар пояи барномаи навсозии пойтахти Туркманистон дар қисмати ҷанубии Ашқобод ба ҷои манзилҳои вайроншуда, биноҳои мармарии идораҳои давлатӣ, роҳҳои васеъи мошингард ва хонаҳои муҷаллали баландошёна барои мардуми сарватманд сохта шудаанд.

Ҳамин гуна дар Қазоқистон мақомот бахши бузурги долларҳои аз фурӯши нафт ба даст омадаро барои тахриби биноҳои кӯҳна ва бунёди иншооти муосир дар собиқ пойтахти қазоқ -шаҳри Алмаато масраф мекунанд.

Дар ҷараёни татбиқи барномаи навсозии пойтахти Тоҷикистон: шаҳри Душанбе, ки се сол инҷониб зери унвони "генплан" иҷро мешавад,садҳо оила аз хонаҳои хусусиашон маҳрум шудаанд.

Дар шаҳрҳои Ашқободу Душанбе фақат бахше аз мардум ба ҷои хонаҳои вайроншудаашон дар биноҳои кӯҳнаи даврони Шӯравӣ манзили ҷубронӣ гирифтаанд. Шаҳрдории Душанбе мегӯяд, ки генплан танҳо ба хонаҳои ғайриқонунӣ сохта шуда таъсир хоҳад гузошт.

Мақомоти пойтахти Тоҷикистон фақат ба оилаҳое ҷубронпулӣ медиҳанд, ки даромади моҳонаи онҳо аз 6 доллари амрикоӣ бештар набошад. Бо чунин шартгузорӣ дастёбӣ ба ҷубронпулии хонаи тахрибшуда осон нест. Бар ивази хонаи маҳв гардонида шуда шаҳрдории Душанбе дар қисмати шарқии пойтахт 900 метри мукааб замин ҷуброн медиҳаду халос.

Дар Туркманистон вазъ аз он ҳам бадтар аст. Ба мардуми бехонаву ҷо монда, дар биёбони Чоганлӣ, воқеъ дар ҷануби Ашқобод, қитъаи замин додаанд. Ҳамчунон мақомот ба онҳо хайма тақдим намудаанд, то дар ҷараёни сохтмони хонаи нав дар он иқомат дошта бошанд. Бидуни пулеву шароите барои буду бош аксари онҳо дар Ашқобод хонаи кироя гирифтаанд ва ё иҷборан дар маскани хешу ақрабо ба сар мебаранд. Хариди манзил дар биноҳои ба тозагӣ бунёд шуда барои онҳо ғайриимкон аст. Нархи хонаи нав дар биноҳои бисёрошёнаи замонавии Ашқобод аз 60 000 доллар оғоз меёбад.

Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ як сокини шаҳри Душанбе бо номи Ҷамолиддин Сироҷов дар ин бора гуфт, "хонаи маро вайрон карданд. Ман намедонам, ки чӣ кор кунам? Ҳеҷ намефаҳмам, ки ин ҳукумат мехоҳад ҳама ҷоро обод кунад ва ё вайрон!". Баҳори соли равон Сироҷов ва намояндагони тахминан 40 оилаи бе хонаву дар монда, дар назди идораи ноҳияашон эътироз барпо анмуданд. Сипас дар моҳи апрел ба нишони эътироз аз тахриби хонаҳо гурӯҳе аз занони душанбегӣ дар назди идораи президенти Тоҷикистон ҷамъ шуданд.

Ду сол пеш дар Алмаато эътирози сокинони бе хонаву ҷо монда ба бархӯрди хунин табдил ёфт. Вале тавре ба назар мерасад, на дар Алмаато, на дар Душанбе ва ё дигар шаҳри Осиёи Марказӣ мақомот аз табиқи барномаҳои навсозии шаҳрҳои калон худдорӣ карданӣ нестанд.

XS
SM
MD
LG