Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қурбониёни минаҳо: 16 кас дар 1 соли ахир


Дар як соли ахир 16 шаҳрванди Тоҷикистон, бахусус дар манотиқи марзӣ, қурбони инфиҷори минаҳо шудаанд.

Ва аммо дар зарфи 15 соли ахир, гуфта мешавад, наздики 350 шаҳрванди Тоҷикистон бар асари таркиши майнҳои зидди қӯшуни пиёдагард ҳалок ва беш аз 430 нафар захмҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд. Дар як намоиши маҳви минаҳо дар ноҳияи Рӯдакӣ, мақомоти давлати Тоҷикистон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ даъват кардаанд, ба Муоҳадаи Оттава, ки манъи истифода, захира ва истеҳсоли майнҳои зидди пиёданизом ва маҳву нобудсозии онро пешбинӣ мекунад, шомил шаванд.

Дар маросими маҳви минаҳо дар ноҳияи Рӯдакӣ, 20-километрии ҷануби Душанбе, Юсуф Салимов, намояндаи дастгоҳи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, гуфт, ҳукумати Тоҷикистон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ даъват мекунад, ба Муоҳадаи Оттава ҳамроҳ шуда ва ба сурати дастаҷамъӣ ҷиҳати поксозии марзи тамоми минтақа ва рафъи пайомадҳои инфиҷори майнҳо тадбир андешанд. Ин мақоми давлати Тоҷикистон ҷосозӣ шудани минаҳои зиддипиёданизом дар марзҳоро барои тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ бисёр хатарзо арзёбӣ карда афзуд, дар 15 соли ахир беш аз 700 шаҳрванди ин кишвар қурбони инфиҷори майнҳо шуда ва беш аз сеяки ин шуморро фақат ноболиғон ташкил медодааст.

Оқои Салимов гуфт, «ба назар чунин менамояд, ки дар кишвар чорабиниҳои зиёд сурат гиирфтаанд, вале ҳамаи ин хеле кифоя нест. Дар ду соли оянда вазифаи ниҳоят муҳим ва масъулро бояд ҳал намуд, яъне тибқи банди 5-уми Конвенсияи Оттава ӯҳдадории байналмилалии худро таъмин намоем, чунки 1 апрели соли 2010 барои Тоҷикистон мӯҳлати ниҳоии безарарсозии қаламрави ҷумҳурӣ пешбинӣ шудааст. Ин вазифа хеле мураккаб буда ва харҷи малбағи зиёдро талаб мекунад ва Тоҷикистон дар алоҳидагӣ аз ӯҳдаи иҷрои он намебарояд…»

Ва аммо масъулини вазорати мудофиаи Тоҷикистон тахмин мезананд, ки ба эҳтимоли қавӣ, ин кишвар масъулияти худ дар мавриди то соли 2010 поккории марзҳояш аз майнро то охир иҷро карда наметавонад. Фурсат танг аст ва безарарсозии 20 миллион метри мураббаъ замини майнкоришуда дар ду соли оянда кори саҳлу сода нест.

Вале Ҷонмуҳаммад Раҷабов, масъули Маркази минарӯбии Тоҷикистон, мегӯяд, дар соли гузаштаи 2007-ум дар баробари ин ки 16 шаҳрванди мулкии Тоҷикистон аз таркиши майн осеб ва 7 тан аз ин миён кушта шуданд, 72 ҳектор зимини майнкоришуда пок ва наздики се ҳазор майну муҳиммоти нотаркида кашфу безарар карда шуд. Вале ба қавли оқои Раҷабов, манотиқи майнкоришудаи ҳаммарз бо Узбакистон, то ҳанӯз барои сокинони маҳаллӣ хатарзост ва кушта шудани беш аз 70 сокини Тоҷикистон танҳо дар марзи ин кишвар далели ин иддаост.

Вай афзуд, наметавонад таъийд бикунад, ки Узбакистон ба поккории марзаш бо Тоҷикистон воқеан шурӯъ кардааст. Ҷонмуҳаммад Раҷабов мегуяд, «соли гузашта дар ҳақиқат Узбакистон расман изҳорот дод, ки ба поккории марзаш аз майн шурӯъ кардааст, мо иттилоъе дар бораи амалан иҷро шудани ин тасмими кишвари ҳамҷавор надорем. Ва вазорати хориҷаи Тоҷикистон низ ҳеҷ баёнияи расмии Узбакистонро дар ин робита дарёфт накардааст то ҳанӯз…»

Коршиносон мегӯянд, ҳамасола бар асари таркиши майну бомб то 20 ҳазор нафар дар саросари ҷаҳон ҳалок ё маҷрӯҳ мешаванд ва майни кишташуда дар заминҳо низ боиси рӯ задани фарқу нодорӣ ва латма ба иқтисоду иҷтимоъ хоҳад шуд. Таҳлилгарон ва масъулини давлати Тоҷикистон нигарон аз инанд, ки дар сурати то се соли оянда покори нашудани марз аз маводди тарканда, майнҳои заминӣ майдонҳои қобили кишти кишоварзиро хароб ва ба камбуди ғизо мувоҷеҳ, обу рӯдхонаҳоро ифлос карда ва зимнан, ба хуруҷи бемориҳо асос мегузорад.

XS
SM
MD
LG