Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин нуқраи олимпии Тоҷикистон


Юсуф Абдусаломов
Юсуф Абдусаломов

Юсуф Абдусаломов, паҳлавони тоҷикистонӣ дар сабқати гуштии озод дар даври ниҳоӣ аз рақиби худ шикаст хӯрд.

Паҳлавони Тоҷикистон имрӯз, 21-уми август, дар рӯзи 14-уми бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Пекин нахустин медали нуқраи Бозиҳои олимпиро барои Тоҷикистон овард. Вай дар даври ҳаштякниҳоӣ бар паҳлавони Австралия Сандит Кумар бо натиҷаи 8:0 дастболо шуд. Дар қувваозмоии чаҳорякниҳоӣ бар Тарас Данко аз Укроин бо натиҷаи 7:0 ғолиб омад. Дар даври ниманиҳоӣ бар варзишгари Туркия Серҳат Балчиро бо натиҷаи 4:0 шикаст дод ва ба финал баромад.

Юсуф дар даври ниҳоӣ бо паҳлавони Гурҷистон Ревазӣ Миндорашвили рақобат кард ва бо ҳисоби 3 бар 9 шикаст хӯрд. Бояд тазаккур дод, паҳлавони гурҷӣ дар даври ниманиҳоӣ қаҳрамони феълии ҷаҳон Георгий Кетоевро аз Русия мағлуб карда буд.

Юсуф Абдусаломов охирин намояндаи Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпии Пекин буд. Бад ин тартиб, Тоҷикистон барои нахустин бор дар таърихи мустақили худ дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ соҳиби як медали нуқра ва як биринҷӣ гардид.

XS
SM
MD
LG