Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷаҳон Қурбонов, умеди дигари Тоҷикистон барои медалҳои олимпӣ дар як қадам аз дарҷи исми худ дар таърих бозистод.

Хабарнигори Радиои Озодӣ Нарзуллоҳи Латиф аз Пекин хабар дод, ки муштзани тоҷик дар даври чаҳорякниҳоии сабқати муштзанҳо дар вазни то 81 кило дар рақобат бо намояндаи Қазоқистон Еркебулан Шиналиев барои газидани китфи рақибаш аз идома додани сабқат маҳрум ва аз бозӣ ихроҷ гардид.

Сухангӯйи Конуни Байнулмилалии Муштзанӣ, Ричард Бейкар гуфт, барои ин рафтор Қурбонов ҷазои иловагӣ нахоҳад гирифт, ҳарчанд дар ин маврид низомномаи конун талаботи шадид дорад.

Ҷаҳон Қурбонов дар аввал ҳунарнамоии хуб кард ва шумори холҳояш бештар аз рақибаш будааст. Баъдан, ҳисоб баробар: шаш бар шаш шудааст. Ҳодисаи ногувор дар ҳоле ба амал омад, ки то поёни даври саввум 17 сонияи дигар монда, ҳисоб 12 бар 6 ба нафъи муштзани қазоқ буд. Шиналиев китфи хуншорашро ба доварҳо нишон дод ва онҳо сабқатро қатъ ва муштзани қазоқро пирӯз эълон карданд.

Вале Бейкар мегӯяд, китфи Шиналиев хуншор нагашта, доғи хун мумкин аст аз рӯйи кафидаи Қурбонов ба китфи рақибаш нақш бастааст.Ҳамчунин Қурбонов дар ҳоле ба газидани рақибаш айбдор шудааст, ки гази пластикии ҳифзи дандонҳо дар даҳонаш будааст.

Ҳамакнун, намояндаи Қазоқистон дар даври ниманиҳоӣ бо намояндаи Чин рақобат хоҳад кард. Ба ин тартиб, аз 15 варзишгари Тоҷикистон то имрӯз 13 нафар сабқатро ба анҷом расониданд.

Фардо, 20 август, Анвар Юнусов дар вазни то 51 кило бар муқобили муштзани тойлондӣ ба майдон хоҳад баромад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG