Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кишварҳои сулҳҷӯ ва ҷангталаб


Раддабанди солонаи кишварҳои ҷаҳон аз лиҳози сулҳомезӣ ва парҳез аз хушунат, ки имрӯз ба нашр расид, Иёлоти Муттаҳида ва Русияро дар қатори кишварҳое гузошт, ки сулҳҷӯии камтарин доранд ва аз давлатҳои дигар дида, пархошҷӯ мебошанд.

Дар ин пажӯҳиш, ки "Шохиси ҷаҳонии сулҳ" ном дорад, омилҳои сулҳ ва ҷанг дар 140 кишвар мавриди омӯзиш қарор гирифт. Тоҷикистон, ки соли гузашта ба иллати ҳанӯз дар ҳоли гузариш аз нооромӣ ба сулҳ буданаш, шомили ин номгӯ нашуд, имсол ҳам дар раддбандӣ наомадаст. Аммо бисёр кишварҳои ҳамсояи он дар сафи мамолике ҳастанд, ки сулҳи камтар ва хушунати бештар доранд.

Исландия, Дания, Норвегия, Зеландияи Нав ва Ҷопон дар пажӯҳиши нави байнулмилалӣ қаҳрамонони сулҳ, Ироқ, Сомалӣ. Судон, Афғонистон ва Исроил қаҳрамонони ҷанг унвон шудаанд. Зиёда аз сад кишвари дигар дар мобайни ин ду қутб омадаанд, аммо бархе ба сулҳ наздиктаранд ва бархи дигар ба ҷанг.

Муаллифони ин тадқиқот, устодони донишгоҳҳои маъруф ва кормандони марказҳои пажӯҳиши сиёсӣ маълумоти дастрасро роҷеъ ба ин давлатҳо аз рӯи 24 нишондиҳанда гирд оварда, аз рӯи формулбандии ягона харитаеро сохтанд, ки дар он ҳар кишвар ҷои муайянеро ишғол кард.

Чунин тадқиқот соли дувум аст, ки аз тарафи "Economist Intelligence Unit" дар Бритониё анҷом мешавад ва муаллифон менависанд, ҳарчанд таърифи мафҳуми сулҳ кори мушкилу печидааст, нишонаҳое ҳастанд, ки рӯҳияи сулҳомез ё ҷангталаби кишварҳоро намудор мекунад. Чунончӣ, шеваи давлатдорӣ, эътидоли сиёсӣ, сатҳи эътимод ва ҳамбастагии дохилӣ, сарватмандӣ ё фақр, беҳдошт, хароҷоти низомӣ, вазъи ҳуқуқи башар, дастрасӣ ба аслиҳа ва нуфузи олами ҷиноӣ, муносибат бо давлатҳои ҳамсоя, бархӯрд бо хориҷиён, умқи ҳамбастагии минтақаӣ ва монанди инҳо.

Дар пажӯҳиши тоза ақидаи ин ки давлатҳои демократӣ аҳёнан метавонанд, ба кишвари дигар ҳамла кунанд, рад шудааст. Муаллифон менависанд, ҷанге, ки дар Ироқ идома дорад, нишон медиҳад, давлатҳои мардумсолор низ метавонанд, ба ситезаҷӯӣ роҳ диҳанд. Пажӯҳишгарони сулҳ далеловарии инро, ки сулҳ ҳамчунин метавонад бо истифода аз ҷанг ба даст оварда шавад, қабул надоранд. Онҳо Иёлоти Муттаҳидаро дар мавқеъи 97 ҷой додаанд, ки назар ба соли гузашта ду зина поинтар аст.

Русия дар миёни 140 кишвар ҷои 131-умро гирифтааст. Бо вуҷуди эътидоли нисбӣ дар Чеченистон, Русия бо ҳамсоягони худ, монанди Гурҷистон ва Укроин муносибати сулҳомез надорад. Сатҳи куштор ва дастрасӣ ба силоҳ дар Русия хеле баланд буда, аз рӯи шумори маҳбусонаш ин кишвар дар байни давлатҳои мавриди омӯзиш баъд аз Иёлоти муттаҳида дар ҷои дувум аст.

Нерӯҳои мусаллаҳи Русия ҳарчанд пас аз фурӯпошии Шӯравӣ коҳиш ёфтанд, ҳамоно беш аз ҳад зиёд дониста мешаванд. Аз рӯи ин нишондиҳандаҳо ҳамсояи наздики Тоҷикистон -- Узбакистон пас аз Русия меояд. Худи Тоҷикистон ба номгӯй шомил нест. Соли гузашта муаллифони пажӯҳиш гуфта буданд, Тоҷикистон кишварест, дар ҳоли гузор аз сулҳи манфӣ ба сулҳи мусбат, вале имсол нагуфтаанд, оё ин гузор идома дорад ва ё ба поён расидааст.
XS
SM
MD
LG