Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фақат ба хотири CУЛҲ (Фасли 1)


Вижагуфтори Бахши тоҷикии радиои Озодӣ бахшида ба 10-умин солгарди имзо шудани Созишномаи сулҳи Тоҷикистон

Мактубҳои дерсолаи зардгашта шабеҳи қабрҳои кӯҳнаанд. Онҳоро набояд боз кард ва ханҷидан ё баровардани мурдаҳо аз гӯр низ нашояд.

Вале аммаи 67-солаи ман, хоҳари падарам -- Ниёзбибӣ ҳар рӯз мактубҳои кӯҳнаи писараш Тоҷиддинро ба даст мегирад, мехонад ва ба дидагони пуробаш мемолад.

"Ба зудӣ сулҳ мешавад, модар ва ман ҳам ба зудӣ бармегардам.." навишта буд Тоҷиддин дар тирамоҳи соли 1996 аз Тавилдара. "Ман ҷангидан намехоҳам, одамкушӣ намехоҳам, зеро чаро бояд тоҷики худамро бикушам ва ё аслан инсони дигареро аз ҳаёташ маҳрум кунам? Аммо ҳоло мо бояд ҳукумати худамон ва ватани худамонро дифоъ кунем..." -- Инро дар номаи қаблияш навишта буд.

Аммаи Ниёзбибӣ ҳар бор вақте муҳоҷири саргаштае ба деҳа ояд, дидорбинӣ меравад ва ҳатман мепурсад, оё касе Тоҷиддини ӯро дидааст...

Писари Тоҷиддин аксеро аз як рӯзнома ба бибияш оварда буд ва мегуфт, ба падараш монанд аст. Шояд ӯ пайдо шудааст.

Падари Тоҷиддин -- амаки Сайфиддин тамоми рустои Тавилдара, Ғарм, Ҷиргатол ва ҳамаи қитъаҳои марзи Тоҷикистону Афғонистонро дар ҷустуҷӯи писараш гашт, аммо ӯро наёфт.

Сулҳ шуд, оштӣ шуд, вале Тоҷиддин барнагашт.

Чунин барнагаштаҳои ҷанги Тоҷикистон ҳазорон нафаранд. Бепадармондагону бевагони ҷанг садҳо ҳазор, сарнавиштшикастаҳо миллионҳо нафар. Аммо қонун карданд, ки "аз гузашта чизе нагӯед ва чизе наҷӯед, зеро мо сулҳ кардем." Мактубҳои кӯҳнаро боз накунед, гӯрҳои кӯҳнаро накобед, захмҳои кӯҳнаро даст назанед...

Аммо ҳазорон нафаре мисли Тоҷиддини писараммаи ман гӯр надоранд. Оё ҳазорон? Ё бештар? Ё камтар?

Дар бораи шумораи қурбониёни ҷанги солҳои 1992-1997 дар Тоҷикистон иттилоъи гуногун нашр шудааст. Бо гузашти ҳар сол ин шумора тағйир меёбад. Агар дар соли 1997 онро 60 ҳазор нафар мегуфтанд, ҳоло беш аз 100 ҳазор нафар мегӯянд. Вале то ҳанӯз шумораи ягона, ниҳоӣ ва дақиқеро нашунидаем.

Дар Тоҷикистон деҳае нест, ки дар хоки сарди қабристони сабзадамидааш даҳҳо навҷавон нахуфта бошад.

Касе теъдоди тоҷиконеро ки обҳои рӯди Панҷ ҳам кафан ва ҳам мадфани онҳо шуданд, нашумурдааст.

Оё касе имрӯз сарнавишти ин кӯдакро, ки ҳеч як узви хонаводааш зинда намондааст, медонад? Ман ӯро дар Покистон вохӯрда будам. Мегуфт, падару бародарашро дар Қумсангир куштанд, модар ва як хоҳараш дар рӯди Панҷ ғарқ шуданд, хоҳари хурдияш дар урдугоҳи "Сахӣ" аз беморӣ фавтид.

Агар ҷанги Тоҷикистон рақобату кашокаши гурӯҳҳои хурде буд, чаро аз "бигӯ-магӯ"-и онҳо ин қадар мардуми зиёд ва на танҳо дар як ё ду минтақа, балки дар тамоми кишвар осеб дид? Ва агар сулҳи Тоҷикистон дарвоқеъ оштии миллӣ буд, на "ҳамдигарфаҳмӣ"-и ин гурӯҳҳо чаро меваҳои ширини он ба сари ҳамаи мардум нарехт?

Пас мебахшем ин барномаро ба равони ҳамаи онҳое ки дар ҷанги дохилии Тоҷикистон ё дар сарзаминҳои бегона аз захми тир ё ғамбодаи замонаи ноҷӯр чашм аз ин ҷаҳон пӯшиданд.


27- уми июни соли 1997, пас гуфтушунидҳои тӯлонӣ ва гоҳе комёбу гоҳе ноком, ҳукумати Тоҷикистон ва мухолифони он дар шаҳри Маскав ба Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ имзо карданд.

Ду тарафи даргир розӣ шуданд, ба кишваре ки дар он сар аз моҳи майи соли 1992 тақрибан ҳар рӯз хун мерехт, ба кишваре ки дастхуши фақру парокандагӣ ва олуғдаи кинаву нобоварӣ шуда буд, оштӣ, тафоҳум ва оромӣ биёваранд.

Онҳо розӣ шуданд, ҳама гуна аъмоли хасмона ба ҳамро бас кунанд, паноҳандагонро ба ватан бозгардонанд, дар идораи давлат шарик бошанд ва нирӯҳои ҳарбии худро муттаҳид созанд. Панҷ соли ҷанг ҳамагонро хаставу афсурда карда буд. Онгуна ки як паноҳандаи саргардон чанд моҳ пеш аз шурӯъи гуфтушунидҳои сулҳ гуфта буд: "Ягона орзуи ман дар зиндагиям ин буд, ки ду тарафи даргирро паси як миз бубинам ва онҳо коре кунанд, то мардуме ки бе ин ҳам чизе надошту молу ҳолашро партофта, гуреза шуд, бе ҷангу ҷидол ба ватан баргардад."

Вақте инро гуфт, як "оҳ"-и бадарде кашид, ки ҳанӯз дар навори осозии ман саъти ин оҳ боқӣ мондааст.

Ингуна оҳ кашидан хоси на танҳо ӯ, балки садҳо ҳазор нафар шуда буд ва вақте гуфтушунид шурӯъ шуду ба ҷое расид, гуфтанд, "худо оҳи мардуми мазлумро шунид."


Созишномаи сулҳ аз тарафи раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов, раҳбари Иттиҳоди оппозисюни тоҷик Саид Абдуллоҳи Нурӣ ва намояндаи вижаи Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Гердт Дитрих Меррем, дар ҳузури президенти вақти Русия Борис Елтсин, вазирони умури хориҷии Русия, Эрон, давлатҳои Осиёи Марказӣ, Афғонистон, Покистон, намояндагони Созмони амният ва ҳамкории Аврупо, Созмони конфаронси исломӣ ва ҳайъатҳои ду ҷониб дар фазои пур аз тантана ба имзо расид.

Дафъатан баъд аз имзои созишнома, раиси ҷумҳури Русия Борис Елтсин гуфт, "27-уми июни соли 1997 дар таърихи Тоҷикистон як рӯзи хотирмон ва пурнур хоҳад буд. Вай иштибоҳан ба ҷои "оппозитсияи тоҷик" "композитсияи тоҷик" мегӯяд ва ин иштибоҳи ӯ низ ҳамингуна дар таърих мемонад.

Елтсин сипас мегӯяд, бо ин созишнома ба яке аз тӯлонитарин ва бераҳмонатарин низоъҳои қаламрави "иттиҳоди собиқ", манзураш Иттиҳоди шӯравӣ, нуқтаи таммат гузошта шуд ва ниҳоят ба сарзамини куҳан ва ситамдидаи Тоҷикистон сулҳи деринтизор қадам мениҳад.

Баъд аз Елстин, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов гуфт, ҷанги бародаркушӣ як иштибоҳ буд (Тарҷума аз русӣ): "Таҷрибаи талхи мо ба таври раднопазир исбот кард, ки фақат бо роҳи осоишта метавон ба оромӣ ва тавофуқ расид. Сулҳу осоиш орзуи дили халқҳои Тоҷикистон буд. Таърихи башар гувоҳ аст, ки тоҷикон ҳаргиз теғи хусумат набардоштаанд. Эҳтимол нури офтоби озодӣ ва истиқлолият чашмони моро кӯр кард ва мо раҳгум задему нафаҳмидем, ки ба партгоҳи ҷанги бародаркушона фурӯ афтодем."

Ва Сайид Абдуллоҳи Нурӣ имзои асноди сулҳро поёни як роҳи дарозу сахте номид: "Иттиҳоди оппозисюни тоҷик ва ҳукумати Тоҷикистон барои расидан ба сулҳ роҳи пуршебу фарози сесолаи музокиротро тай карда, мушкилоти зиёдеро пушти сар гузоштанд."

Имрӯз, ки пас аз даҳ соли он рӯзи офтобӣ ба ёдбуди он мепардозем, ҳадаф ин аст, бубинем, оё бо ин миллат чи иттифоқе афтод ва чаро маҳз ингуна иттифоқ? Оё барномаи сулҳ ба ҳадафи худ расид ва он орзуву ормоне ки дар он рӯзи хуршедӣ зиёдтар аз хуршед дили мардумро рӯшан карда буд, амалӣ гашт? Оштии миллӣ оё як мафҳуми муҷаррад аст ё омехта бо мафҳуму падидаҳои дигар ва вобаста ба онҳо? Омилҳои таҳкими муросову мудорои иҷтимоӣ ва душманони сулҳу осоиши ҷомеа кадоманд? Оё тафоҳум ва ваҳдати миллӣ ба андозае қавӣ ҳастанд, ки хатаре ба он таҳдид накунад? Кӯтоҳи сухан, оё тоҷикон ҷанги худ ва сулҳи худро дарк кардаанд? Оё медонанд, ки дар ивази нархи хунину гарони пардохтаи мардум Тоҷикистон чи чизе ба даст овард?

Ин масъалаҳои мушкилро ҳамзамон бо нигоҳе ба саҳнаҳои гуногуни гуфтушунидҳои сулҳи Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор медиҳем. Вале пеш аз ҳама, бархе аз изҳориназарҳо дар посух ба суоли инки оё сулҳ чист?

- Сулҳ озодии инсон аст.
- Ҳар як инсон ба зиндагии шоиста ҳақ дорад ва нахустзаминаи ин зиндагӣ сулҳ аст.
- Сулҳ вақтест, ки кӯдакон механданд, вақте ки мо осуда ба кор меравему меоем.
- Сулҳ фурсатест барои дарси ибрат аз ҷанг
- Сулҳ ин ҳавои тоза, тандурустӣ ва осоиши мардум аст.

Хабари имзо шудани созишномаи сулҳи Тоҷикистон ба мардуми тоҷик, қатъи назар аз онки дар кадом гӯшаи ҷаҳон буданд, хурсандӣ, қаноатмандӣ ва умед овард. Сокини шаҳри Душанбе Исмоил Мӯҳсинов он рӯз ба пирию беморияш нигоҳ накарда, ба яке аз майдонҳои шаҳр баромад, то сулҳи деринтизорро ид кунад: "Вақте ки созишнома имзо шуд ин яккаву ягона роҳ е буд, ки халқи тоҷик, бародарон бо ҳам як шаванд. Ёдам ҳаст, ба муносибати имзои сулҳ дар майдони назди Театри опера ва балет як гирдиҳамоии бузурге шуд, ки дар он ҷо баромада, бисёр ба хурсандӣ, бо хурсандии зиёд гуфтанд, ки ниҳоят сулҳро имзо кардем."

Ташнагии мардуми тоҷикро ба сулҳу оромию пешрафту шукуфоӣ ва умедҳоеро ки имзои созишнома ба вуҷуд оварда буд, шоири тоҷик Лоиқ ингуна ба риштаи шеър кашид.

Бидеҳ, косагул, оби ангури мо,
Ки бино шавад дидаи кӯри мо.
Бидеҳ соғаре, то нишотам диҳад,
Зи марги муаллақ баротам диҳад,
Зи шарри камонҳо наҷотам диҳад,
Ба саҳни чаманҳо бисотам диҳад,
Ба матни замона суботам диҳад,
Ба батни замона ҳаётам диҳад.
Бидеҳ, косагул, оби ангури мо,
Ки бино шавад дидаи кӯри мо.

Ва танҳо гузашти айём метавонист, нишон диҳад, ки оё дарвоқеъ дидаҳои кӯр бино шуданд ва оё "чашмҳоро шустанд, то ҷури дигар бубинанд" ва ё "виждон решаи ин аҳду паймон" будааст ё на. Зеро онгуна ки муҳаққиқи мафҳуми сулҳ, нависандаи австриягӣ, Мартин Оуэр мегӯяд, сулҳ ин танҳо қатъи ҷанг нест:

"Фақат дар зоҳир сулҳ ин набуди ҳолати ҷангист. Ба ин маънӣ сулҳ танҳо деворе миёни ҷангҳост. Ва мо наметавонем, онро сулҳи ҳақиқӣ биномем. Сулҳ ба маънои амиқтар он шароити ҷомеа аст, ки ҷангро нозарур ё ҳатто номумкин мегардонад."

Дар идомаи ин риштабарнома хоҳем дид, ки оё сулҳи Тоҷикистон то куҷо тавонист, чунин шароит, яъне фазои радди комили ҳама гуна хушунатро, ки метавонад ба ҷанг барад, ба вуҷуд овард, вале мафҳуми сулҳро як тафсири фалсафӣ низ мекунем, ки барои ин суханро ба донишманди тоҷик Акбари Турсонзод медиҳам:

"Сулҳ -- фақат пули равобити сиёсӣ нест, ки ду тарафи даргир ва ё ду гурӯҳи ҷангзадаро ба созишу осоиш меоварад; вай омили маънавӣ ҳам мебошад, ки барои ба гирди як дастархони муштаракулманофеъ ҷамъ шудани мухолифону муқобилон ҳам шарту шароити мусоид фароҳам меоварад. Аз назари фалсафа сулҳ як навъ гузаргоҳест миёни ду марҳилаи таърихӣ -- харобкорӣ ва ободонӣ. Ба ин маънӣ сулҳ дар баробари анҷоми иқдоми гузашта будан оғози кори оянда низ мебошад, ки самту равандаш на танҳо ба иродаи сиёсии дастандаркорон, балки ба дараҷаи масъулиятшинохтии иҷтимоии онон низ сахт вобаста будаст."

Ҳарду коршиноси мо, ҳам Мартин Оуэр ва ҳам Акбари Турсонзод вақте ки мехостанд, таърифе аз сулҳ диҳанд, ҷангро низ ба забон бурданд. Пас оё ҷанг чист? Мепурсем аз шаҳрвандони Тоҷикистон:
Дар ҳоле ки хурсандии тоҷикон ҳадду канор надошт, аз ҳамон ибтидо бархе дастёфти онҳоро ба оштӣ як таҷрибаи нодири торихи ҷаҳон, муваффақияти Созмони Милали Муттаҳид меномиданд, вале бархи дигар як гуфтугӯи нотамоми душманони собиқ бо дурнамои номаълум ва ноустувор.

Ҳамкори ман Соҷидаи Мирзо дар сарнавишти хубарнигории худ ин саъодатро дошт, ки дар расми имзои созишномаи сулҳ аз номи рӯзноманигорони шоҳид бошад. Аз ӯ мепурсам, оё фазои умумӣ дар он нишаст чигуна буд, оё сатҳи эътимод ба муваффақияти сулҳ дар чи поя қарор дошт?

"Фазо хеле ҳаяҷонӣ буд. Ҳама якдигарро табрик мекард ва чашмонашон пуроб буд. Ҳама шукр мегуфт ва ман фикр мекардам, ҳамин ҳоло мардум аз ин ҷо баромада ба ватан мерванад ва ватани наве месозанд. Ин баъд шуд, ки ба Душанбе баргаштем ва дидем, чӣ қадар ҷангу нооромӣ дар пеш будааст ва чӣ қадар нафарони оппозитсия кушта шуданд. Аммо он лаҳза ҳама ҳаяҷонӣ ва хушбахт буданд."

Вале оё дар сар задани ҷанги Тоҷикистон киро гунаҳкор медонед. Ҳарчанд ин суол яке аз "табу"-ҳои имрӯзаи тоҷикист ва мегӯянд, беҳтар аст, гунаҳкор наҷӯем, посухи он ду навъ аст. Аввал онгуна ки бисёриҳо мегӯянд, мо ҳама гунаҳкорем. Абдулмаҷид Достиев, яке аз раҳбарони ҳайъати музокиракунандаи давлат дар гуфтушуниди сулҳи Тоҷикистон:

"Мо ҳамаамон гунаҳкорем. Насли болиғи миллати тоҷик нн рӯсиёҳиро ба таърихи миллат ҳамин насли мо овард. Инҳо ҳукуматдорони замон, ҳукуматхоҳон ва бетарафон. Гунаҳкору бегуноҳро ба таърих, ба вақт ҳавола мекунем ва ҳама худро гунаҳкор ҳисоб карда, барои ҳамин гуноҳамонро ҳарчи зудтару тезтар аз гардани миллат бурдан талош мекунем. Баъд, ин кори миллат, ки гуноҳамонро мебахшад ё не. Мо ки овардем, мо бартараф кунем."

Ва Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, раҳбари ҳайъати оппозисюн дар гуфтушунидҳои сулҳ дар посух ба суоли инки оё дарвоқеъ, мо ҳама гунаҳкор ҳастем?

"Бале, дар маҷмӯъ мо гунаҳкор ҳастем, вале фақат мо гунаҳкор набудем. Зеро ин ҷанг бо айби мо шурӯъ нашуда буд. Ин ҷанг дар хориҷ тарҳрезӣ ва аз хориҷ кӯмак шуд. Ин ҷангро онҳое ташкил карданд, ки тонку зиреҳпӯш доданд, миллионҳо дона тиру автомату пулемету гранатомет доданд. Касе инро дод, ҳамон ин ҷангро ташкил кардааст. Фронти халқӣ аз куҷо ин ҳама муҳимоту лавозимотро ёфт, аз куҷо ин тонку зиреҳпӯшҳои бешуморро пайдо кард? Надошт ку ҳукумати Тоҷикистон ин қадар силоҳу аслиҳа. Ман ҳамчун узви Раёсати Шӯрои олӣ медонистам, ки Тоҷикистон чӣ қадар захира ва имконият дошт. Масалан, Вазорати корҳои дохилиамон чаҳор БТР дошту халос. Ҳамон ҳам дутоаш фаъол набуд. Тонк умуман надошт. Инҳоро ҳамон кишварҳое доданд, ки ин ҷангро болои мо таҳмил карданд. Мақсади онҳо аз таҳмил кардани чунин хусумату ҷанг саркӯб кардани он қисмате аз мардум буд, ки худшиносии миллию динияшон хеле баланд рафта буд. Онҳо тавонистанд, ин қисматро бо дасти гурӯҳе аз ҳамин мардум, вале бо силоҳи тақсимкардаашон саркӯб кунанд."

Барномаи радиоӣ дар ин сафҳа аст.
XS
SM
MD
LG