Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳзоби сиёсии дур аз дарду доғи мардум


Имрӯзҳо ҳаво агарчи гарм аст, вале дар деҳоти Точикистон ҳануз ҳам барқ нест
Имрӯзҳо ҳаво агарчи гарм аст, вале дар деҳоти Точикистон ҳануз ҳам барқ нест

Гирдиҳамоии сокинони навоҳии Кулоб ва Восеъ аз камбуди барқ дар фасли гармо иддаои мақомот дар бораи рабти бебарқӣ ба сарморо беасос кардааст.

Ҳамзамон ин гирдиҳамоиҳо адами зарурати фаъолияти аҳзобу созмонҳои сиёсӣ дар Тоҷикистонро собит кардааст.

Аз бӯҳрони энержӣ дар Тоҷикистон се моҳ сипарӣ мешавад. Ҳаво гарм шудааст, вале камбуди барқ дар Тоҷикистон аз байн нарафтааст. Ҳамзамон ҳич як ҳизбу созмони сиёсӣ дар Тоҷикистон дар ин бора садо баланд накардааст, ҷуз Ҳизби демократ – ҷиноҳи Маҳмадрӯзӣ Искандаров, ки давлат расмияти ин ҷиноҳро намепазирад.

Пас суоле матраҳ аст, ки фаъолияти аҳзобу созмонҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон зарурат дорад? Ва барномаҳои онҳо ба дарди мардум мехурад? Ва ин сукути онҳоро метавон мувофиқати ин аҳзобу созмонҳо ба сиёсати давлат хонд. Ҳикматулло Сайфуллозода аз Ҳизби наҳзати ислом дар посух ба ин суол гуфт, «агар мо дар эътироз ба мардум бипайвандем, мақомоти давлат андеша мекунанд, ки гуё мо дар ин эътирозҳо манофеи ҳизбиро дунбол мекунем».

Аммо Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои ғайридавлатии Тоҷикистон, ба ин иддаоҳои Ҳизби наҳзати ислом ва раҳбарони дигар аҳзобу созмонҳо розӣ нест. Вай мегуяд, «ҳадаф аз фаъолияти аҳзобу созмонҳои Тоҷикистон танҳо интихобот аст. Ва ин аҳзоб танзо дар даврони интихобот аз вуҷуди худ дарак медиҳанд. Ва то интихоботи оянда сукут меварзанд. Аз ин лиҳоз мардум ба ин аҳзобу созмон, ки фаъолияти онҳо ба дарди мардум ҳамсон нест, ки эътимод надоранд».

Вале Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, ба ин иддаои оқои Қаршибоев розӣ нест ва далели фаъолияти нокофии ҳизбро ба маҳдудиятҳо аз сӯи мақомоти давлатӣ марбут медонад. Оқои Ҳакимов дар ин бора гуфт, «аз 17 мавриди талаби мо дар Бадахшон як бахши он масоили иқтисодӣ ва иҷтимоӣ буд, ки давлат нагузошт, ки гирдиҳамоии эътирозӣ баргузор шавад».

Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби комунист, низ далели нокомиҳои худро дар маҳдудиятҳо аз сӯи давлат медонад. Вай гуфт, дар бораи мушкили мардум, бахусус камбуди неруи барқ, ва роҳи ҳалли ин мушкил борҳо дар порлумон талош кардааст. Вале афсус, ки суханони вай ба унвони намояндаи мардум дар порлумон ба гуши давлат намерасад. Ва ҳатто Шодӣ Шабдолов ягона роҳи берунрафт аз камбуди барқродар тарҳрезии режими нави барқ дар ҷумҳурӣ медонад.

Ин дар ҳолест, ки Ҳизби сотсиал-демократ роҳи ҳалли ин мушкилро ба адами сиёсати воқеии кадрӣ дар ҷумҳурӣ марбут медонад. Ба эътиқоди Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси ин ҳизб, то замоне, ки давлати мо дар сиёсати кадрӣ аз армонҳои қавмӣ берун нашавад, наметавонад масоили мавриди ниёзи мардумро ҳал кунад.

Аҳзоби сиёсӣ далели садо баланд накардани худ дар мавриди масоили доғро ба маҳдудсозиҳо аз сӯи давлат рабт медиҳанд. Вале Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои ғайридавлатии Тоҷикистон, инро ҷуз баҳона ва рупӯш кардани камфаъолиятии аҳзоби сиёсӣ чизи дигаре намедонад. Ва вуҷуди аҳзобу созмонҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон ба ин кундкорӣ ва канор будан аз дарди мардумро зери суол мебарад.

XS
SM
MD
LG