Пайвандҳои дастрасӣ

"Роғунро бидуни майли ҳамсояҳо хоҳем сохт"


Муъовини вазири энержии Тоҷикистон Пулод Муҳиддинов

Муъовини вазири энержии Тоҷикистон Пулод Муҳиддинов гуфт, Тоҷикистон бидуни мувофиқат ва майли ҳамсоякишварҳо неругоҳи Роғунро хоҳад сохт.

Пулод Муҳиддинов дар як ҳамоиши байнулмилалӣ оид ба ҳамкориҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энержӣ имрӯз, 22 апрел, дар Душанбе таъкид кард, аз ин ба баъд Тоҷикистон дар сохтмони неругоҳҳои барқи обии худ, ба вижа неругоҳи Роғун, мувофиқат ва майли ҳамсоякишварҳо, аз ҷумла Узбакистонро интизор нахоҳад шуд ва якҷониба амал хоҳад кард.

Вале Денис Сорокин, намояндаи Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии масоили оби Осиёи Марказӣ, мақараш дар Тошканд, (ISWS), ки дар ин ҳамоиш ширкат дошт, иброз дошт, ки сохтмони неругоҳҳои бузург ба мисли Роғун ба иқлим ва табиати минтақа таъсиргузор хоҳад буд ва он бояд бо ҳамоҳангӣ бо кишварҳои ҳамсоя роҳандозӣ шавад. Вай афзуд, пайомадҳои сохтмони неругоҳи Роғун аз сӯи Русия ва ҳам аз сӯи Комиссияи мо таҳқиқ мешавад.

Дар ҳамоиши байнулмилалӣ оид ба ҳамкориҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энержӣ имрӯз дар Душанбе намояндагони ҷониби Узбакистон ширкат накарданд.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG