Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъсиси ширкати "Неругоҳи Роғун"


Ҷамъияти саҳҳомии «Неругоҳи Роғун» дар ҳоле ташкил шуд, ки то коршиносони мустақил барномаи экологиву молии эҳдоси неругоҳро тарҳрезӣ накардаанд.

Оиннома ва сохтори ширкати кушодаи саҳҳомии "Неругоҳи Роғун"-ро ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ кард. Ин дар ҳолест, ки коршиносони байнулмилалӣ дар мавриди ҷалби сармояҳо барои эҳдоси ин неругоҳ низ ташкил нашудааст.

Қарор аст Бонки ҷаҳонӣ дар тарҳрезии бахши экологӣ ва молии ин неругоҳ ва ташкили консорсиюм ба Тоҷикистон кумак кунад. Сиддиқ Ҳаитов, коршиноси бахши энержии Бонки ҷаҳонӣ, дар ин бора гуфт, «дар садад аст, ки гурӯҳи коршиносони мустақил дар авоили моҳи июн ба тарҳрезии барномаи экологӣ ва фанниву молӣ шуруъ кунанд. Ва ин баррасиҳо нишон хоҳад дод, ки сохтмони ин неругоҳ то чи андоза аз лиҳози иқтисодӣ судманд аст».

Давлати Тоҷикистон не ҷамъияти саҳҳомии «Неругоҳи Роғун»-ро бо сармояи аввалияи 116 миллион сомонӣ ташкил кардааст, ки муодили 33 миллион доллар аст. Оё метавон бо ин маблағи ночиз ин неругоҳро сохт?

Ғуломиддин Сайфиддинов, коршиноси бахши энержӣ, дар ин бора хушбин аст. Ба эътиқоди вай, дар сурате, ки мақомоти Тоҷикистон ба кадрҳои ҳирфаии худ дар ин бахш, ки ҳоло бекоранд ва ё дар хориҷ аз кишвар кор мекунанд, рӯ оварад, метавонад ин неругоҳро мавриди баҳрабардорӣ қарор бидиҳад. Вай дар ин бора гуфт, агар давлат соле 200-300 миллион доллар барои эҳдоси Роғун ҷалб кунад, метавонад дар тули 10-12 сол онро бисозад.

Ин дар ҳолест, ки Русия алоқаманди эҳдоси ин неругоҳ аст. Ва бо он тавони молӣ ва фанние, ки дар ихтиёр дорад, метавонад дар муддати кутоҳтаре ин неругоҳро мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳад. Аммо Ғуломиддин Сайфиддинов мутмаин нест, ки Русия дар эҳдоси ин неругоҳ алоқаманд бошад. Оқои Сайфиддинов гуфт, «Русия метавонад дар эҳдоси ин неругоҳ саҳм бигирад, аммо Русия 15-17 сол аст, ки Тоҷикистонро фиреб медиҳад. Барои мисол, замоне, ки давлати Тоҷикистон сохтмони неругоҳи Сангтударо ба Эрон супурд, Русия оҷилан омаду «Сангтуда-1»-ро гирифт. Русия мехоҳад Тоҷикистонро фуру барад. Ва фуру ҳам бурдааст.»

Аммо ба эътиқоди Юрий Бияли, коршиноси Русия дар умури барномаҳои умдаи энержӣ, алоқамандӣ ва ё адами алоқамандии Русия дар ин масъала нақши муҳимеро ифо намекунад. Ба гуфтаи ӯ, эътимоди сармоягузорон ба давлати Тоҷикистон аст.

Дар ҷумҳурие, ки ҳадафҳои қавмӣ ба сиёсати давлат гиреҳ хурдааст, ва мухолифатҳо миёни ин қавмҳо барои расидан ба аҳдофи худ вуҷуд дорад, мушкил аст, ки сиёсати давлат пеш равад ва ин давлат мавриди этимоди сармоягузорон қарор гирад. Мусаллам аст, ки дар масъалаи эҳдоси неругоҳи Роғун аҳдофи гуруҳу ақвому наздик ба раҳбари давлат ба ҳам бархурд мекунад. Ҳамон тавре, ки дар тавлиду фуруши неруи барқ ва захоири оби обанборҳо дар Тоҷикистон ин мухолифатҳои гурӯҳӣ ва қавмӣ нақши муҳим дорад.

Аммо ба эътиқоди Ғуломиддин Сайфиддинов, Укроин метавонад ҷойгузини Русия дар эҳдоси неругоҳи Роғун шавад. Вай гуфт, «Укроин метавонад ин неругоҳро бисозад. Дар ҳоли ҳозир беш аз 40 дарсади корҳои сохтмонии ин неругоҳ иҷро шудааст. Тунелҳо сохта шудаанд. Чанд трубина ва дастгоҳҳои лозим оварда шудааст. Пеши оби рудхона дар гузашта баста шуда буд, ки баъдан маҷрои рудхона онро тахриб кард».

Ба эътиқоди Бонки ҷаҳонӣ, эҳдоси неругоҳи Роғун дар замоне мумкин хоҳад буд, ки хатҳои интиқоли неруи барқ аз Тоҷикистон ба Покистон эҳдос шавад. Дар сурати ғайр сохтмони ин неругоҳ тул хоҳад кашид.

XS
SM
MD
LG