Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарнавишти неругоҳи Роғун ҳамоно норавшан аст


Таҳияи тарҳи ҷадиди эҳдоси неругоҳи Роғун мавзуи аслии гуфтугуи Ш. Катсу, муъовини раиси Бонки ҷаҳонӣ ва Э. Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон буд.

Ин гуфтугуҳо дар замоне баргузор шуд, ки ахиран бархе аз расоаҳои хабарӣ ба нақл аз қавли намояндаи Тоҷикистон дар Бонки ҷаҳонӣ навишта буданд, ки имкони таълиқи ҳамкории Бонки ҷаҳонӣ бо Тоҷикистон вуҷуд дорад. Ва гуё Бонки ҷаҳонӣ гуфтааст, то замоне, ки фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон аз сӯи коршиносони хориҷӣ баррасӣ нашавад, Бонки ҷаҳонӣ барномаҳои Тоҷикистонро сармоягузорӣ нахоҳад кард.

Қубод Сиддиқов аз намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе ин иддаоҳоро рад кард. Вай гуфт, мақомоти Бонки ҷаҳонӣ чунин изҳоротеро пахш накардаанд ва ин иддаоҳо асос надорад.

Бо вуҷуди ин Сиддиқ Ҳаётов, коршиноси бахши энержии Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе, гуфт, дар ин гуфтугуҳо мавзуи сармоягузории Бонки ҷаҳонӣ дар иҷрои тарҳҳои энержӣ, бахусус эҳдоси неругоҳи Роғун ва неругоҳҳои ҷадиди ҳароратӣ, матраҳ набуд. Вай афзуд, дар ҳоли ҳозир Бонки ҷаҳонӣ тасмим надорад эҳдоси ин неругоҳро сармоягузорӣ кунад ва ба мақомоти Тоҷикистон дар ин бора қавл надодааст.

Оқои Ҳаитов гуфт, Бонки ҷаҳонӣ танҳо дар тарҳрезии барномаи экологӣ ва моливу фаннии неругоҳи Роғун ва ташкили консорсиюми байнулмилалӣ дар ин замина ба Тоҷикистон кумак хоҳад кард. Вай афзуд, дар ҳоли ҳозир таъйин ва ё иштибоҳи гурӯҳи мушовирин дар тарҳрезии барномаи экологӣ ва фанниву молии неругоҳи Роғун идома дорад ва қарор аст дар авоили моҳи июн ин гурӯҳ ба тарҳрезӣ шуруъ кунад.

Ба гуфтаи Сиддиқ Ҳаитов, Бонки ҷаҳонӣ дар иҷрои тарҳи неругоҳҳои дигар дар Тоҷикистон низ сармоягузорӣ нахоҳад кард. Балки иҷрои ин тарҳҳо, аз чумла эҳдоси неругоҳи ҳароратӣ бар асоси захоири ангишти Фон-Яғнобро ҳамаҷониба баррасӣ мекунад ва то ҷое имкон дорад, сармоягузории хориҷиро дар иҷрои ин тарҳҳо ҷалб хоҳад кард.

Шиего Катсу, муовини раиси Бонки ҷаҳонӣ, пас аз дидору гуфтугу бо раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз ба Қазоқистон рафт. Ва, ба гуфтаи Қубод Сиддиқ, намояндаи Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон, дар гуфтугуҳои Қазоқистон низ мавзуъи эҳдоси неругоҳи Роғун матраҳ аст, ба ин далел, ки Қазоқистон тасмим дорад, дар сохтмони ин неругоҳ саҳм бигирад.

Ахиран Виктор Юшенко, раисҷумҳури Укроин, дар ҷараёни дидор аз Тоҷикистон низ дар ин бора изҳори назар кард. Ва раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҷараёни сафар ва гуфтугу дар Қатар аз амири ин кишвар хоҳиш кард, то Қатар дар эҳдоси неругоҳи Роғун саҳм гирад.

Аммо, ба эътиқоди Сиддиқ Ҳаитов, коршиноси энержии Бонки ҷаҳонӣ, танҳо эҳдоси хати интиқоли неруи барқ аз Тоҷикистон ба Покистон аз тариқи Афғонистон метавонад сохтмони неругоҳи Роғунро мумкин созад.

XS
SM
MD
LG