Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия Роғунро бе консорсиюм сохтан мехоҳад


Сафири Русия дар Тоҷикистон Рамазон Абдулатипов
Сафири Русия дар Тоҷикистон Рамазон Абдулатипов

Сафири Русия дар Тоҷикистон гуфт, Русия дар сохтмони "Роғун" ширкат мекунад, аммо бе ягон консорсиюми байнулмилалӣ.

Сафири Русия аз Созишномаи соли 1994 рӯйи нерӯгоҳи Роғун, ки 50 ба 50 ин иншоотро миёни Тоҷикистону Русия тақсим карда буд, ёдовар шуда гуфт, Русия барои сохтмон маблағи кофӣ дорад ва ба сармояи хориҷӣ заруратеро намебинад. Оқои Абдулатипов гуфт, Русия пешниҳодҳои мушаххасашро ба Тоҷикистон ироа доштааст, аммо ҷониби Тоҷикистон ҳанӯз посухе надодааст. Сафири Русия дар Тоҷикистон ҳамчунин гуфт, мақомоти зидахли ин кишвар барои вуруди ширкатҳои сармоягузори рус монеъаҳои сунъӣ эҷод мекунанд. Вай афзуд, инро ман ҳамчун дӯст мегӯям. Мисли сафирони дигар кишварҳо намегӯям, ки шароит тамоман вуҷуд надорад, зеро мо дар ин ҷо пружаҳои бузургро амалӣ мекунем ва агар тамоман шароит намебуд, мо сармоягузорӣ ҳам намекардем.

Русия сармоягузори асосии иқтисоди Тоҷикистон аст. Танҳо соли равон ҳудуди 150 миллиён доллар ва асосан дар сохтмони нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» сармоягузорӣ кардааст. Ва аммо сафири Русия гуфт, 40 милиён доллар сармояе, ки дар омори Тоҷикистон ба номи кишвари Кипр сабт мешавад, низ сармояи Русия аст ва тариқи минтақаи офшорӣ ворид шудааст. Оқои Абдулатипов гуфт, ширкати Газпром бо даъвати шахсан раисҷумҳури Тоҷикистон фаъолияташро дар Тоҷикистон ба роҳ мондааст, аммо то ҳол созишномаи миёни ин ширкат ва ҳукумати Тоҷикистон вуҷуд надорад.

Сафири Русия гуфт, ба далели он, ки ҷониби Тоҷикистон ӯҳдадориҳояшро дар мавриди кам кардани андоз иҷро накард, «Русские Отели», ширкати русие, ки бунёдгари як меҳмонхонаи панҷситорадор дар маркази Душанбе аст, 6 милиён доллар зарар дид. Оқои Абдулатипов гуфт, «Союзнефтегазстрой», як ширкати дигари Русия мехоҳад дар соҳаи коркарди маъдани кӯҳӣ 300 милиён доллар сармоягузорӣ кунад, аммо чанд моҳ аст, ки мақомоти Тоҷикистон ба ин пешниҳод посухе надодаанд.

Масъулини Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи Тоҷикистон аз шарҳи суханони сафири Русия худдорӣ карданд. Онҳо гуфтанд, баъди дар расонаҳо нашр шудани суханони сафир назари худро баён хоҳанд кард. Тибқи иттилоъи расмӣ, дар Тоҷикистон 100 ширкати муштараки Русияву Тоҷикистон фаъолият мекунанд, аммо коршиносон бар онанд, ки таҷрибаи кор бо ширкатҳои русӣ, бахусус баъди таҷрибаи нерӯгоҳи Роғун, ҳукумати Тоҷикистонро ба ваъдаҳои ин кишвар беэътимод сохтааст. Онҳо мегӯянд, Тоҷикистон 3 соли пурқиматашро ба хотири ваъдаи ширкати РусАли Русия барбод додааст.

Абдуғаффори Камол, коршинос дар умури сиёсӣ, гуфт, миёни ҳукуматҳои ду кишвар ҳудуди 300 қарордод имзо шудааст ва агар онҳо иҷро мешуданд, Русия нақи барҷастатаринро дар Тоҷикистон медошт. Вай афзуд, мутаассифона, ҷониби Русия дар мавриди аз худ кардани пружаҳо зиёд майл нишон медиҳанд, аммо дар пиёдасозии онҳо суст амал мекунанд. Он чӣ мусаллам аст, ин аст, ки Русия дар кишварҳои Осиёи Марказӣ нуфузи кофӣ дорад ва агар пайи иҷрои ягон тарҳ шавад, ягон ширкати ғарбӣ ӣ шарқӣ ба он наметавонан халал расонанд.

Иддае дигар аз коршиносон мегӯянд, ҳадаф аз монеъагузориҳо ба ширкатҳои русӣ раҳ надодани онҳо ба пружаҳои иқтисодии Тоҷикистон аст, зеро дар ҳоли ҳозир ба назар мерасад, Русия беш аз ҳама кишварҳои дигар мекӯшад ин пружаҳоро аз худ кунад. Онҳо мегӯянд, даст ёфтани ширкатҳои русӣ ба пружаҳои иқтисодии Тоҷикистон ба амнияти ин кишвар таъсир мегузорад ва таҳти нуфузи битамоми Русия мондани онро низ дорад.

XS
SM
MD
LG