Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба раиси "Орима" чор соли зиндон таҳдид мекунад


Маъруф Орифов, раиси силсилафурушгоҳи "Орима", дар додгоҳ
Маъруф Орифов, раиси силсилафурушгоҳи "Орима", дар додгоҳ

Маъруф Орифов, раиси силсилафурӯшгоҳҳои «Orima», зимни суханронии ахираш дар додгоҳ иттиҳомот алайҳи худро рад ва онҳоро бофта арзёбӣ кард.

Оқои Орифов бархе аз кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистонро дар ташкили дасиса ва анҷоми амали тарҳрезишуда алайҳи ӯ ва ширкаташ муттаҳам кард. Вай гуфт, бо гузашти нӯҳ моҳ аз замони боздошти ӯ тавассути ходимони амниятӣ нафаҳмидааст, ки чаро фаъолияти ӯ ва ширкати ӯро ходимони Кумитаи амнияти миллӣ тафтиш мекунанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки вай танҳо як соҳибкор аст ва ҳеҷ алоқа ва рабте ба сиёсат надорад ва афзун бар ин таҳқиқи вазъи молии корхона ва маводи фурӯшгоҳҳои дар салоҳияти идороти дигар аст на кумитаи амнияти миллӣ.

Ҳарчанд ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ пӯшида набуд, аммо додрас забти садо ва наворбардорӣ ба хабарнигоронро иҷоза надод. Аммо Сергей Мирзоев, вакили дифои маскавии Маъруф Орифов, гуфт, нафари зери ҳимояти вай барои чунин суханронӣ далел дорад. Зеро бозрасони амниятӣ собит накардаанд, ки Орифов ба ходими онҳо ришва додааст ё хайр. Аз тарафи дигар ин паҳлуи масъала, ки ходими амният чаро ӯро дар утоқи корӣ барои мулоқот даъват накарда, як тарабхонаро ҷойи сӯҳбат интихоб мекунад, низ бар он ишора мекунад, ки инҷо нақша аз пеш тарҳрезишуда аст.

Ва аз ин ҳама гузашта дар сурати содир кардани гуноҳоне чун напардохтани молиёт ва фурӯши маҳсулоти мӯҳлати истифодаашон сипаришуда бодя расидагии онҳоро идороти дигари давлат бар ӯҳда дошта бошанд. Оқои Мирзоев мегӯяд, аз рӯи назари ҷаноби Орифов Кумитаи амнияти миллӣ нисбати вай нодуруст рафтор кардааст, зеро ӯ на ба амнияти миллӣ ва на барои ҷомеа ҳеҷ гуна таҳдид ба бор наовардааст.

Дар ҳамин ҳол мақомоти тафтишотӣ Маъруф Орифовро ба иттиҳоми додани пора ба маблағи калон, напардохтани молиёт ва фурӯши маҳсулоти мӯҳлати истифодааш сипаришуда муттаҳам ва ба чаҳор соли зиндон ҳукм кардани ӯро аз додгоҳ тақозо кардаанд. Бар асоси иттиҳомоти эъломкардаи Кумитаи давлатии амниятӣ миллии Тоҷикистон Маъруф Орифов ба ҳангоми додани маблағи даҳ ҳазори ришва ба яке аз ходимони онҳо боздошт шудааст.

Зимнан Маъруф Орифов, раиси силсилафурӯшгоҳҳои «Орима», дар суханронии ахири худ гуфт, ки баъди боздошти ӯ дар моҳи августи соли гузашта ширкати ӯ ба маблағи садҳо ҳазор сомонӣ зарар дида ва шумори коргаронаш низ аз 650 то 252 коҳиш ёфтааст. Қарор аст, фардо нисбати қазияи Маъруф Орифов, раиси силсилафурӯшгоҳҳои «Orima», Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми худро содир кунад.

XS
SM
MD
LG