Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози муҳокимаи парвандаи Маъруф Орифов


Маъруф Орифов дар мурофиъаи додгоҳӣ
Маъруф Орифов дар мурофиъаи додгоҳӣ

Додгоҳи Олии Тоҷикистон баррасии парвандаи М. Орифов, сарвари ширкати муштараки Тоҷикистону Ҳуланд “M&P” шурӯъ кард.

Мақомоти Тоҷикистон Маъруф Орифовро барои сарпечӣ аз пардохти молиёт, таҳияи асноди тақаллубӣ ва додани ришва муттаҳам мекунад. Бар асоси ин иттиҳомот, ширкати M&P ба хазинаи давлат беш аз 1 миллион сомонӣ напардохтааст ва аз анборҳои ин ширкат ҳудуди 2,5 тонна маҳсулоти қаннодиву ширӣ ва ордӣ кашф шудааст, ки муҳлати истифодаашон гузаштааст. Маъруф Орифов ҳамчунин барои пешниҳоди 10 000 доллари амрикоӣ ришва ба корманди Вазорати амнияти Тоҷикистон муттаҳам мешавад.
Дар ҳамин ҳол, Маъруф Орифов ҳамаи иттиҳомоти ба ӯ эъломшударо сохта ва парвандаи алайҳи худро як амали фармоишӣ унвон кард. Вай гуфт, иттиҳомоти мақомоти тафтишотиро қабул надорад.
Феълан 3 вакили дифоъи М. Орифов, ки бар тафтиши мунсифонаи тафтишот шубҳа мекунанд, аз додгоҳ тақозо карданд, то дар раванди муҳокима хулосаи коршиносони мустақил ё ҷониби севум шунида шавад. Ба эътиқоди онҳо, назари коршиносони мустақил беғараз хоҳад буд.
Вале дар ҳоле, ки вакилони дифоъи оқои Орифов аз суҳбат бо хабарнигорон худдорӣ карданд, вакили дифоъи маскавии ӯ Сергей Мирзоев ба расонаҳои Тоҷикистон гуфтааст, тафтишот барои исботи ҷурми нафари таҳти ҳимояташ далели кофӣ надорад.
Дар ҳамин ҳол, шаҳрванди Ҳуланд Питер Ван дер Молен ҳаммуассис ва соҳиби 30 дарсади саҳмияҳои ширкати «M&P» ба расонаҳои иттилоъотӣ аз сарнавишти сармояаш дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кардааст. Ӯ, аз ҷумла, аз он изҳори ҳайрат мекунад, ки чаро масъалаи молиёт дар корхонаҳое, ки бо сармояи хориҷӣ фаъолият мекунанд ва мӯҳлати маҳсулот аз қабили қанду панир ва тушбераро хадамоти махсус назорат мекунад.
Ширкати муштараки «M&P» соли 1997 дар Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ кардаааст. Тайи се соли ахир ин ширкат силсилаи фурӯшгоҳҳои мавсум ба «Орима»-ро панҷ адад дар Душанбе ва як адад ҳам дар шаҳри Кӯлоб роҳандозӣ кард, ки хидматгузорӣ дар ин фурӯшгоҳҳо бо усули аврупоӣ сурат мегирад. Ҳамчунин як супермаркети маъруф ба «Sitora» дар шаҳри Душанберо ширкати «M&P» ба иҷора гирифта, дар он фурӯши маводди ғизоиро ба роҳ мондааст.
Ин ҳам дар ҳолест, ки дар силсилафурӯшгоҳҳои «ОРИМА» ҳудуди ҳазор нафар кор мекунанд. Ва ин ширкат ба ҷуз дигар манобеъ бо 4 600 000 доллари Бонки тавсиъа ва рушди Аврупо низ сармоягузорӣ мешавад. «ОРИМА» бо ширкатҳои ҷаҳонии машҳури Русия, Италия, Испания ва Олмон ҳамкорӣ мекунад.
Боздошти Маъруф Орифов рӯзи 7-уми августи соли 2007 аз сӯи ходимони амниятии кишвар сурат гирифта буд. Тафтиши парвандаи М. Орифов низ аз сӯи мақомоти амниятии Тоҷикистон анҷом дода шудааст, ки тардидҳоеро миёни коршиносони умури ҳуқуқ ба бор овардааст.
XS
SM
MD
LG