Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси Афғонистон дар ҷаласаи НАТО дар Вилнюс


Аз чап Дабири кулли НАТО Яап де Ҳуа Схеффер ва вазири дифоъи Афғонистон Абдулраҳими Вардак дар нишасти Вилнюс, 8 феврали соли 2008.
Аз чап Дабири кулли НАТО Яап де Ҳуа Схеффер ва вазири дифоъи Афғонистон Абдулраҳими Вардак дар нишасти Вилнюс, 8 феврали соли 2008.

26 вазири дифоъи кишварҳои узви созмони дар Вилнюс ваҳдат ва неруи паймонро ба ихтилофҳои марбут ба тақсими бори сангини Афғонистон муқобил гузоштанд.

Дабири кулли НАТО, Яап де Ҳуп Схеффер дар ин нишаст гуфт, вақте сӯҳбат аз Афғонистон меравад, хушбинӣ далел дорад. Схеффер гуфт, бидуни шак, вазъи воқеъӣ мушкилофарин аст, аммо бо вуҷуди баъзе аз сарлавҳаҳои ғамангез, пешрафт ошкорост. 80 %-и афғонҳо акнун ба хадамоти тиббӣ дастрасӣ доранд, ки аз соли 2001 даҳ баробар бештар аст. Зиёда аз 6 миллион кудак ба мактаб меравад ва 40 дарсади онҳо духтаронанд. Беш аз 4 миллион фирорӣ ба ватан баргашт, ки бузургтарин бозгашт дар таърих аст.

Нерӯҳои Афғонистон дар маъракаҳои асосии ҳарбӣ дар ҷануб ва шарқ нақши пешбар гирифтаанд. Вақте сӯҳбат аз Афғонистон аст, хушбинии муҳтотона одилона аст." Вазирон бештар ба масъалаҳои идораи шаҳрвандӣ ва бозсозии Афғонистон таваҷҷӯҳ карданд, вале ин сӯҳбат дар пасманзари баҳсҳои ахири НАТО ҷараён гирифт. Дар ҳоле ки онҳо дар ҷаласаи Вилнюс ҳукумати Афғонистонро ба талошҳои бештари эътидоли авзоъ даъват карданд, намояндаи баландпояи ҳукумати Олмон дар Берлин тасмими кишварашро ба нафиристодани нерӯҳои иловагӣ ба ҷануби Афғонистон ҳимоят кард.

Вай гуфт, мушкили Афғонистон замоне ҳал мешавад, ки ҳар кишвар дар минтақаи масъулияташ дар ин кишвар муваффақ гардад. Дар айни ҳамин лаҳзаҳо як ҳайати ҳукумати Конодо дар сафари Порис аз Фаронса даъват кард, бахше аз нерӯҳояшро ба ҷануби Афғонистон интиқол диҳад. 1 300 низомии Фаронса дар Кобул ҷобаҷо мебошанд, 3 000 сарбози Олмон дар вилоятҳои нисбатан ороми шимоли Афғонистон, Итолиё асосан дар Ғарб аст ва ҷануби ноором аз оғоз бештар насиби Конодову Амрико ва Ҳолланд будаанд. Бо вуҷуди чунин тақсимоти, ба қавли имрӯзаи бархе аз кишварҳои НАТО, ноодилона, дар маъракаҳои асосии низомӣ нерӯҳои аксари аъзои паймон ширкат мекунанд, аммо Олмон ҳузури ҳарбияшро бо пешшарте дар шимол маҳдуд кардааст.

Баҳси охир низ асосан марбут ба Олмон аст, то Фаронса ва мудаъии асосӣ низ Амрикост, то Конодо. Фаронса даъвати Конодоро пазируфт ва мехоҳад, сангинии вазъият дар ҷануби Афғонистонро қисмат кунад. Шореҳон мегӯянд, ин иқдоми Фаронса мумкин аст, ихтилофотро дар Паймони Атлантики Шимолӣ коҳиш диҳад. Вале мумкин аст, баҳс идома кунад, зеро аъзои паймон вазифаи худро дар Афғонистон гуногун тафсир мекунанд. Чунончи, Олмон мегӯяд, ҳадаф аз ҳузури ҳарбии он дар Афғонистон бештар таълими нерӯҳои мусаллаҳ ва полиси ин кишвар аст, дар ҳоле ки Амрико мегӯяд, амалиёт дар Афғонистон на посдории сулҳ, балки ҷанг бо терроримз мебошад.

Аз суи дигар, онгуна ки сарвазири Олмон, Ангела Меркел ахиран изҳор дошт, тасмими раҳбарони давлатҳои узв ҳарчи бештар ба иродаи интихобкунандагон ва масъалаҳои дохилии кишварҳо бастагӣ пайдо мекунад. Аз он ҷо ки ҷаласаи вазирони дифоъи НАТО машварати ғайрирасмӣ мебошанд ва дар онҳо қароре қабул карда намешавад, ҳалли ҷиддии масъала мумкин аст, дар нишасти сарони кишварҳои узв рузҳои дувум то чаҳорум апрел дар Бухорест муайян гардад.
XS
SM
MD
LG