Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таниш миёни Русия ва Украина. Аврупо аз Киев ҳимоят мекунад. ВИДЕО


Аз рӯзи 25-уми ноябр, ки хабари ҳамлаи нерӯҳои низомии Русия ба киштиҳои ҷангии Украина нашр шуд, мақомҳои Киев илова бар тамосҳои дипломатӣ, вокунишҳои сахте алайҳи Маскав баён карданд. Теъдоде аз шаҳрвандони Украина шаби якшанбе дар рӯ ба рӯи сафорати Маскав дар Киев ҷамъ омада ва парчами Русияро сӯзонданд.

Низомиёни Украина 25-уми ноябр хабар доданд, ки киштиҳои кишварашон дар тангнои Керч бо истифода аз силоҳ ғасб шуда, шаш маллоҳ захмӣ гаштаанд.

Петр Порошенко, раиси ҷумҳури Украина, ин амали Русияро "нақзи фоҳиши ҳуқуқи байналмилалӣ" гуфт ва хостори озодии маллоҳону киштиҳо шуд. Иттиҳодияи Аврупо, Бритониё, Фаронса, Лаҳистон, Дания ва Канада низ ин амали Русияро маҳкум карданд. Дабири кулли НАТО бо раиси ҷумҳури Украина телефонӣ гуфтугӯ намуд.

Доналд Туск, раиси Шӯрои Аврупо, ин иқдоми Русияро маҳкум кард ва хостори озодии киштиҳо ва маллоҳони украинӣ шуд. Ӯ рӯзи 26-уми ноябр дар паёме дар "Твиттер" гуфт, вазъи пешомадаро бо раиси ҷумҳури Украина Петр Порошенко баррасӣ намуд ва бо намояндаи ӯ мулоқот хоҳад кард.

Доналд Туск дар идома гуфтааст, Аврупо ба таври дастҷамъона аз Украина дифоъ хоҳад кард.

Петр Порошенко дар порлумони Украина.
Петр Порошенко дар порлумони Украина.

Сухангӯи Тереза Мей, нахуствазири Бритониё аз амалкарди Русия интиқод намуд ва онро "рафтори бесуботкунандаи Русия дар минтақа" хонд. Вазири умури хориҷии Бритониё ҳам ин иқдоми Русиро "нақзи ҳокимият ва истиқлоли Украина" гуфт. Вазири умури хориҷии Украина дар идома афзуд, ки Русия бояд ба таври фаврӣ киштиҳо ва маллоҳони украиниро раҳо кунад ва убуру мурури озод тариқи гулӯгоҳи Керчро таъмин намояд.

Нахуствазири Олмон низ рӯзи 26-уми ноябр бо Петр Порошенко телефонӣ гуфтугӯ кард. Ба навиштаи дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Украина, Ангела Меркел аз танишҳои бамиёномада байни Русия ва Украина ибрози нигаронӣ намуда, таъкид кардааст, ки ҳама талошҳои худро барои коҳиши ин танишҳо ба кор хоҳад бурд.

Амрико ҳам иқдоми Русияро маҳкум кард

Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико низ рӯзи душанбеи 26-уми ноябр ҳамлаи Русия ба киштиҳои нерӯҳои баҳрии Украинаро маҳкум кард ва аз Маскав хост ин киштиҳо ва маллоҳонро озод кунад. Вазири умури хориҷи Амрико дар баёнияи худ иқдоми Русияро бештар кардани таниши "хатарнок" ва нақзи қонунҳои байналмилалӣ хондааст.

Пули Керч.
Пули Керч.

Вазири умури хориҷии Амрико дар баёнияи худ афзудааст, "ИМА ин ҳамлаи Русиро маҳкум мекунад. Мо аз Русия мехоҳем, ки се киштиро ба Украина бозгардонанд. Маллоҳонро озод кунад ва ба тамомияти арзӣ ва истиқлоли Украина бар асоси марзҳои байналмилалии шинохташуда ва қаламравии баҳриаш эҳтиром бигузорад."

Аммо Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия Украинаро муттаҳам кард, ки қонунҳои байналмилалиро "бо равишҳое хатарнок" нақз кардааст. Шӯрои Амнияти СММ бо дархостҳои алоҳидаи Русия ва Украина рӯзи душанбе нишасти изтирорӣ баргузор кард.

Эълони ҳолати низомӣ дар Украина

Дар ҳамин ҳол, дар пайи рӯёрӯии низомии Русия бо киштиҳои Украина дар наздикии тангаи Керч, порлумони Украина рӯзи 26-уми ноябр дар ҷаласаи пӯшида тарҳи барқарории "ҳолати низомӣ" дар ин кишварро ба муддати 30 рӯз қабул кард. Ин тарҳ бо имзои Петр Порошекно, раиси ҷумҳури Украина рӯзи душанбеи 26-уми ноябр ироа шуд ва билофосила дар Кумитаи дифоъ ва амнияти миллии порлумон ба тасвиб расид.

Бар асоси ин тарҳи ҳолати низомӣ ва шароити ҷангӣ дар Украина, ҳукумати ин кишвар аз ҷумла метавонад ба муддати ду моҳ эътирозҳои умумӣ ва фаъолияти расонаҳоро кунад ва баргузории интихоботро ба таъхир биандозад.

Раиси ҷумҳури Украина ба намояндагони порлумон гуфт, ки ин қонун танҳо 10 минтақа аз 27 минтақаи кишварро, ки ҳаммарз бо Русия, Белорус ва Молдова ҳаст, дар бар мегирад. Оқои Порошенко ваъда дод, ки ҳуқуқи шаҳрвандони украинӣ дар натиҷаи иҷрои ин қонун осеб нахоҳад дид.

Навори видео дар инҷост:

Таърихчаи буҳрон дар баҳр (видео)
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:03 0:00

Тасвиби ҳолати низомӣ дар Украина як рӯз пас аз рӯёрӯии низомии Русия бо киштиҳои украинӣ дар наздикии гузаргоҳи Керч дар Баҳри Сиёҳ сурат гирифтааст. Низомиёни Украина 25-уми ноябр хабар доданд, ки киштиҳои кишварашон дар тангнои Керч бо истифода аз силоҳ ғасб шуда, шаш маллоҳ захмӣ гаштаанд.

Хадамоти амнияти Русия ё худ ФСБ мегӯяд, низомиёни ин кишвар ба самти киштиҳои зиреҳпӯши низомии "Бердянск" ва "Никопол" оташ кушоданд. Хабарҳое нашр шуданд, ки Русия киштиҳо ва низомиёни Украинаро баргардониданӣ нест.

Идораи амнияти Қрим гуфт, се киштии низомии Украина 25 ноябр "ғайриқонунӣ" марзи Русияро убур карда, дар роҳ ба тангнои Керч амалҳои хатарноке анҷом доданд. ФСБ-и Русия истифодаи силоҳ зидди киштиҳои Украинаро тасдиқ кард ва хабар дод, ки се маллоҳи украинӣ захмӣ шуданд.

XS
SM
MD
LG