Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гули садбарг зану шавҳарро ба додгоҳ бурд


Додгоҳи Эрон аризаи як хонумро пазируфт, ки тибқи он шавҳараш барои ӯ бояд 124 ҳазор дона гули садбарг эҳдо кунад.

“Агар тӯй кунем, гулборонат мекунам”. Ин ваъда сари забони ҷавонҳои ошиқ аст ва кам иттифоқ меафтад, ки гулдухтарони гулпараст шефтаву мадҳуш аз ин ҳарфҳо нашаванд. Ва аммо замоне, ки Шоҳин, як ҷавони эронӣ ба дӯстдоштааш Ҳангома ваъдаи эҳдои 124 ҳазор дона гули садбаргро кард, ҳеҷ интизор набуд, ки баъд аз даҳ сол ин ваъда ӯро ба додгоҳ мебарад ва дар рӯ ба рӯи маҳкумият ба зиндон қарор медиҳад.

Ба навиштаи нашрияи “Эътимод” чопи Теҳрон, додгоҳ манзили Шоҳинро ба гарав гирифт ва эълом дошт, ки онро фақат баъд аз пардохти маҳр, яъне 124 ҳазор гули садбарг бармегардонад. Худи хонум Ҳангома гуфтааст, ки ҳадаф аз муроҷиат ба додгоҳ – муҷозоти шавҳари хасис аст. Ӯ ба нашрия гуфтааст, “фақат баъд аз тӯй фаҳмидам, ки Шоҳин то куҷо мумсик аст ва ӯ дар тарабхона ҳатто аз пардохти маблағи қаҳваи ман сарпечӣ мекард”.

Шоҳин дар мурофиа изҳор кард, ки бо моҳонаи феълияш ӯ метавонад ҳамарӯза барои хонумаш фақат панҷ гули садбарг харидорӣ кунад ва ҳамзамон ишора кард, ки Ҳангомаро барои ин иқдом дугонаҳои сарватмандаш таҳрик додаанд.

Рӯзбеҳи Булҳарӣ, корманди Радиои Фардо мегӯяд, ки дар Эрон тақозои пардохти маҳр як амри воқеист ва вақтҳои ахир ба як муд миёни хонаводаҳои ҷавон табдил шудааст. Ӯ меафзояд, “ҳадди аққал ду даҳсолаи ахир маҳр ҳам афзоиш ёфтааст ва масалан хонаводаи духтар талаб мекунад, ки ба арӯс баробар ба вазнаш тилло диҳанд. Ё агар арӯс, бигирем, соли 1360-и хуршедӣ таваллуд шуда бошад, волидайн 1360 сиккаи тилло муқаррар шудани маҳрро талаб мекунанд”.

Аз сӯи дигар, ба гуфтаи Рӯзбеҳи Булҳарӣ, ҳадаф аз муқаррар кардани ин гуна маҳр ҷилавгирӣ аз талоқ ваё зани дуввум гирифтани мардҳост. Дар Теҳрон як дона гули садбарг ду доллар арзиш дорад. Агар Шоҳин теъдоди бузурги сарбаргро харидорӣ кунад, шояд фурушандаҳо қимати гулро барои ӯ пойинтар кунанд. Ва аммо иҷрои ҳукми додгоҳ барои пардохти 124 ҳазор дона гули садбарг ҳатмист ва бо сарпечӣ аз ин ҳукм Шоҳин равонаи маҳбас хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG