Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳпаймоии мухолифони Парвиз Мушарраф


Садҳо вакилони мудофеъ ва фаъолони сиёсӣ дар Покистон бо талаби барқарорcозии қозиҳои аз сӯи президент барканоршуда ба раҳпаймоӣ оғоз кардаанд.

Ин раҳпаймоӣ ба маҳзи фосилаи тӯлоние, ки то расидан ба пойтахти Покистон, шаҳри Исломобод тай хоҳад шуд, “раҳпамоии тӯлонӣ” ном гирифтааст ва як талаби дигари раҳпаймоён истеъфои худи президент Мушарраф аст:

Зери ҳамин шиъори “Мушарраф, истеъфо!” вакилони мудофеъ ва фаъолони сиёсие, ки умдатан аз Лигаи мусалмонони сарвазири собиқ Навоз Шариф намояндагӣ мекунанд, ҳаракати худ ба самти Исломободро рӯзи 10 июн аз шаҳри Суккур дар ҷануби Покистон оғоз карданд. Корвони мошинҳои ҳомили эътирозгарон рӯзи чоршанбе ба шаҳри Мултон дар шарқи кишвар расида, аз ин ҷо роҳии Лоҳур шуд.

Интизор меравад, ки фавҷи эътирозгарон барои баргузории гирдиҳамоии ниҳоӣ то рӯзи ҷумъа ба пойтахти Покистон бирасад. Раҳпаймоён дар мақомҳояшон барқарор кардани раиси собиқи Додгоҳи Олӣ Ихтиёр Чоудрӣ ва 60 қозии дигарро талаб доранд. Ихтиёр Чоудрӣ рӯзи чоршанбе дар Мултон дар як суханронӣ дар баробари издиҳоми тақрибан 1500-нафарии вакилони мудофеъ ва фаъолони сиёсӣ хостори мустақилияти додгоҳҳо шуд ва гуфт, то кунун кулли ҳокимон дар умури низоми додгоҳии Покистон дасти дарози дахолат доштаанд.

Атҳар Миналлоҳ, раҳбари Ҷунбиши вакилони мудофеъи Покистон дар Исломобод аз эътилофи ҳоким дар кишвар даъват кард, бар тааҳҳуди худ амал карда, ҳамаи қозиёни барканоршударо дар мақомҳояшон барқарор кунад: “Ба ҷойи маъзаратхоҳӣ, давлат бояд қозиҳоро дар мақомҳое, ки то рӯзи 2 ноябр доштанд, барқарор кунад. Дар ҳаққи қозиҳо ҷиноят шуда буд ва он бояд муҷозот шавад. Онҳо бояд қозиҳоро рӯзи 12 июн барқарор кунанд ва ин корро дигар ба таъхир наандозанд.”

Президенти Покистон Парвиз Мушарраф бори аввал раиси Додгоҳи Олӣ Ихтиёр Чоудриро ҳанӯз моҳи марти соли гузашта бо иттиҳоми фасодкорӣ ва хунукназарӣ сабукдӯш кард. Аммо Додгоҳи Олӣ ба дунболи эътирозҳои бесобиқаи вакилони мудофеъ Чоудриро дар моҳи июл дар симати раёсати Додгоҳ барқарор кард. Бино ба гузоришҳо фаъолиятҳои Ихтиёр Чоудрӣ, аз ҷумла тасмимаш ҷиҳати манъи ҷараёни хусусигардонии як ширкати бузурги фулузот ва дахолаташ дар соъир масоили тиҷоратӣ хашми мақомоти Покистонро барангехта буд.

Дар моҳи ноябр Мушарраф билохира муваффақ шуд, пеш аз он ки Додгоҳи Олӣ ба баррасии масъалаи интихоби дубораи ӯ ба курсии раёсатҷумҳурии Покистон бипардозад, Ихтиёр Чоудриро ҳамроҳ бо 60 қозии дигар барканор кунад.

Дар мақомҳояшон барқарор кардани қозиёни аз сӯи давлати Парвиз Мушарраф барканоршуда аз ҷумлаи ваъдаҳои умдаи аҳзоби мухолиф дар пешорӯи интихоботи парлумонии моҳи феврал буд. Аммо баъдан байни барандагони аслии ин маърака – Ҳизби мардумии марҳум Беназир Бҳутто ва Лигаи Мусалмонони Навоз Шариф дар мавриди шеваи барқарор кардани қозиҳо ихтилофи назар пеш омад, ки ҳатто мунҷар ба хуруҷи ҳамаи 9 намояндаи ҳизби Навоз Шариф аз кобинаи эътилофии вазирон гардид.

Ҳизби мардумӣ мехост, бо вуруди тағйироти фарогир ба Қонуни Асосӣ дар Покистон як низоми мустақили додгоҳӣ эҷод шавад. Лигаи Мусалмонон аммо аз сарвазир Саид Юсуф Ризои Гелонӣ талаб мекард, ки қозиҳоро худ барқарор кунад. Вале баёнияҳои ахири раҳбарони ин ду ҳизб ҳокист, ки онҳо дар мавриди шеваи аз мақомаш барканор кардани президент Мушарраф, яъне тавассути роҳандозии импичмент ё худ раъйи адами эътимод дар парлумон дидгоҳи ҳамсон доранд.

Дар ҳар сурат, “Раҳпаймоии тӯлонӣ”, ки дар роҳ ба сӯи Исломобод қарор дорад, бузургтарин чолиши сиёсиест, ки маъмурияти нави Покистон рӯбарӯ мешавад. Ҳам давлат ва ҳам вакилони мудофеъ ба баргузории як эътирози мусолиматомез даъват мекунанд. Аммо дар кишваре, ки ҳар рӯз бо мавҷи бамбгузориву хушунатҳои дигар рӯбарӯст, эҳтимоли ба хушунат печидани ҳеҷ эътирозеро наметавон сарфи назар кард. Инфиҷори бамб дар байни издиҳоми гирдиҳамомада дар тазоҳуроти ваиклони мудофеъ дар Исломобод дар моҳи июли соли гузашта 16 кушта барҷой гузошта буд.

XS
SM
MD
LG