Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тирандозӣ миёни низомиёни Покистон ва ИМА


Бино ба гуфтаи низомиёни амрикоии мустақар дар Афғонистон, марзбонони Покистон шоми панҷшанбе ба сӯи ду чархболи амрикоӣ тир андохтаанд.

Баъд аз оташи ҷониби Покистон нерӯҳои пиёданизоми Амрико низ оташи ҷавобӣ кушодаанд ва ин тирандозӣ панҷ дақиқа давом кардааст. Аммо эъломияи ҷониби Покистон ин гуфтаҳоро рад мекунад. Дар эъломия омадааст, ки ин ду чархбол аз посгоҳи марзии Покистон гузаштаанд ва пас аз он сарбозони покистонӣ ба сӯи онҳо оташ кушодаанд.

Намояндаи вазорати дифоъи Амрико ин ин идаъоро рад мекунад ва мегӯяд, чархболҳо вориди ҳарими ҳавоии Покистон нашудаанд. Сипас ҳар ду ҷониб гуфтанд, ки барои ҳалли ин масъала бо якдигар ҳамкорӣ мекунанд. Бо назардошти ин пешомад таҳлилгарон мегуяд, Амрико ва Покистон ҳеҷ гоҳ ба нерӯҳои худ иҷоза нахоҳанд дод, то бо якдигар биҷанганд.

Ба гуфтаи таҳлилгарон, ин ду кишвар ба сабабҳои гуногун ба якдигар пойбанданд ва намехоҳанд, ки вазъ дар марз бо Афғонистон муташанниҷ шавад. Ба гуфтаи таҳлилгарон, Покистону Амрико бар зидди якдигар ҷанг нахоҳанд кард, зеро Покистон ба кӯмакҳои иқтисодии Амрико ва Амрико барои ҷанг бар зидди терроризм дар минтақа ба Покистон ниёз дорад.

Осиф Алӣ Зардорӣ-раиси ҷумҳури Покистон дар Ню Йорк талош кард ин ҳодисаро камранг нишон диҳад. Вай гуфт, сарбозонаш ба сӯи чархболҳо "тирҳои шуълавар" андохтаанд ва огоҳ сохтаанд, ки чархболҳо ба марз наздик мешаванд. Ба дунболи он оқои Зардорӣ зимни суханони худ дар иҷлоси Маҷмаъи кулли СММ таъкид кард, ки ҳукумати вай дар мубориза бо терроризм азми росих дорад. Вале вай бар зидди ҳар гуна амалиёти фаромарзӣ бо вожаҳои чида чунин ҳушдор дод:

"Мо иҷоза намедиҳем, ки қаламрави Покистонро террористҳо барои ҳамла бар зидди мардуми мо ва ҳамсояҳо истифода кунанд. Ҳамин гуна иҷоза намедиҳем, ки тамомияти арзии моро дӯстонамон нақз кунанд. Ҳамлаҳое, ки тамомияти арзии моро нақз мекунад, аслан нерӯҳоеро қавитар мекунад, ки мо як ҷо бар зидди онҳо меҷангем".

Мақомоти Покистон эътироф мекунанд, ки бояд бар зидди тундравҳо мубориза кард, вале амалиёти Амрико бар зидди тундравҳоро нақзи тамомияти арзии худ медонанд. Ин дар ҳолест, ки тундравҳои Толибон ва Ал-Қоида дар маҳаллоти қабиланишини хоки Покистон паноҳ мебаранд ва гоҳ-гоҳе дар Афғонистон даст ба ҳамлаҳои табаҳкоронаи фаромарзӣ мезананд.

XS
SM
MD
LG