Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

САҲА барои марзбонон донишкада месозад


Раиси дафтари САҲА дар Душанбе Владимир Пряхин ва ҷонишини вазири дифоъи Тоҷикистон Рамил Нодиров
Раиси дафтари САҲА дар Душанбе Владимир Пряхин ва ҷонишини вазири дифоъи Тоҷикистон Рамил Нодиров

Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо тасмим гирифтааст, барои таълимдиҳии нерӯҳои марзбони Тоҷикистон як донишкадаи махсус таъсис диҳад.

Ин ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби барномаи таҳкими амният ва мудирияти марзҳо сурат мегирад. Иқдоми Созмони амният ва ҳамкориро бархе аз таҳлилгарон афзоиши нуфузи Ғарб дар назорати марзҳои Тоҷикистон унвон карда ва мегӯянд, кишварҳои ғарбӣ таҳти пӯшиши ин созмон талош мекунанд, сохторҳои марзбонии Тоҷикистонро зери назорати худ қарор диҳанд. Аммо вокӯнишҳо ба ин иқдоми Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо аз ҷониби Русия ва Чин чӣ гуна хоҳад буд?

Таҳлилгарони тоҷик рӯ овардани САҲА ба барномаи таҳкими марзҳои Тоҷикистонро дар ростои нигаронии ҷомеъаи аврупоӣ аз густариши қочоқи маводи мухаддир ва ноком мондани талошҳои ҷомеъаи байнулмилалӣ дар мубориза бо кишти хашхош дар дохили Афғонистон қобили арзёбӣ медонанд. Аммо кӯмаки САҲА дар барномаи таҳкими амнияти марзҳо, ба назари коршиносон, ба сурати табиӣ боиси афзоиши нуфузи давлатҳо ва гурӯҳҳои кӯмаккунанда дар амри мудирият ва назорати марзҳо низ мешавад. Амре, ки ба бовари соҳибназарон, бо мухолифати Русия ва Чин мувоҷеҳ хоҳад шуд.

Қосими Бекмуҳаммад, таҳлилгари тоҷик, мегӯяд, Русия тарҷеҳ медиҳад таҳкими марзҳои Тоҷикистон ва ё ҳар гуна барномаи назорати марзҳо бо ҳамоҳангии СПАД ва ё тавассути СҲШ сурат бигирад. Ва ба сурати табиӣ Русия ин иқдомро дар ҷомаи САҲА ҳузур ёфтани Ғарб дар марзҳои Тоҷикистон медонад.

Ба гуфтаи таҳлилгарон, ихтилофи Русия ва САҲА то ҷое усулӣ низ ҳаст. Ва Русия ҳамеша аз ин созмон интиқод карда ва гуфтааст, САҲА ба умури кишварҳо мудохила мекунад ва аз чаҳорчуби салоҳият ва вазоифи худ фаро меравад. Ва Русия барои ислоҳи САҲА ва таҷдиди назар дар салоҳияту вазоифи он ҳатто пешниҳоди катъӣ иро кардааст.

Аммо Абдуғаффори Камол, таҳлилгари дигари тоҷик, ба ин бовар аст, ки кӯмаки САҲА барои таҳкими марзҳо ба нафъи Тоҷикистон аст ва бояд аз ин кӯмакҳо истифода шавад. Зеро Тоҷикистон дар сари роҳи маводи мухаддир қарор дорад ва роҳи ин селро мегирад то ба Русия ва Аврупо наравад. Ва чаро кӯмакҳои Аврупоро дарёфт накунад?

Ин дар ҳолест, ки бархе дигар таҳлилгарон ба ин бовар низ ҳастанд, ки кишварҳои ғарбӣ ва САҲА медонанд, ки дар таҳкими марзҳои Тоҷикистон бояд ҳамоҳанг бо Русия амал кард. Ва САҲА манфиатдор аст, ки Русия дар ин барнома ва умуман таъмини амнияти минтақа ва Афғонистон бештар ҷалб шавад. Ва аз ин хотир САҲА коре нахоҳад кард, ки боиси нороҳатии шадиди Русия шавад.

Бо вуҷуди мухолифати Чин ва Русия муҳим ин аст, ки кадоме бо чӣ барномае ворид мешавад. САҲА бо пешниҳоди кӯмак ва Чину Русия -бо мухолифат. Вале Тоҷикистон феълан ба кӯмак ниёз дорад ва агар Чин ва Русия имтиёзе бештар аз кумакҳои САҲА ба Тоҷикистон бидиҳанд, шояд дар ҷилавгирӣ аз барномаи ин созмон дар марзҳои Тоҷикистон муваффақ шаванд. Вале ваъда ва таҳдид дар ин замина коргар нахоҳад буд.

XS
SM
MD
LG