Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

OIC оинномаи худро иваз мекунад


Ҷалсаи хабарии коршиносони кишварҳои узви Созмони Конфаронси Исломӣ дар Дакар, 10 марти соли 2008.
Ҷалсаи хабарии коршиносони кишварҳои узви Созмони Конфаронси Исломӣ дар Дакар, 10 марти соли 2008.

14-уми март дар нишасти навбатии сарони Созмони Конфаронси Исломӣ (OIC) дар Дакар, пойтахти Сенегол, оинномаи нави паймон баррасӣ хоҳад шуд.

Анҷумани 11-уми сарони OIC дар ҳоле боз мешавад, ки чанд кишвари узви гирифтори ҷангу хунрезиянд ва парвози нархи нафт дар бозорҳои ҷаҳон тафовутҳои иқтисодиро дар байни худи ин кишварҳо ба андозаи қораи Африқо густариш додааст.

Ҷанги таҳти сарварии Амрико дар Ироқу Афғонистон, низоъи беохири Ховари Миёна, ихтилофоти хатарнок дар Покистон, кашокашҳои Дорфур, фақру бенавоӣ ва ақибмондагии бисёре аз кишварҳои мусулмон аз як су ва эҳсоси бархӯрди ноодилонаи Ғарб аз суи дигар сабаб шудаанд, ки барномаи анҷумани сарон мавзӯъҳои зиёдеро дар бар бигирад, ки гумон аст, дар мавриди ағлаби онҳо кишварҳои узв битавонанд, ба як хулоса бирасанд.

Сухангӯи нишасти сарон дар Сенегол, Ҳишом Шампӣ дар ҳоле ки нишасти гурӯҳҳои кории Созмони Конфаронси Исломӣ ҷараён дошт, ба мо гуфт, ҳарчанд ҳамаи масъалаҳои барномаи нишаст муҳиманд, таҳияи оинномаи нави созмон шояд муҳимтарин аст: "Мо аз созмони наве сӯҳбат мекунем. Созмони наве, ки аз кӯҳна фарқ хоҳад дошт. Тавре шумо медонед, оинномаи созмон дар соли 1972 ба тасвиб расида буд. Ва оинномаи нав, агар дар ин нишаст қабул шавад, шумо шоҳиди таваллуди дубораи Созмони Конфаронси Исломӣ хоҳед шуд."

Тарҳи оинномаи нав, ки ба кишварҳои узв ирсол гаштааст, мавриди баҳсҳои умумӣ қарор нагирифтааст. Аммо дар гузашта Созмони Конфаронси Исломӣ дар нотавонии сиёсӣ айбдор шудааст ва ҷаноби Шампӣ мегӯяд, яке аз аҳдофи тарҳи нав тақвияти ҳамраъйии кишварҳои мусулмон аст. Ширкати амалии созмон дар ҳалли ихтилофоте, ки ба пойи кишварҳои узваш печидаанд, низ ночиз дониста мешавад. Шояд ба ин сабаб созмон солҳои охир бештар ба масъалаҳои иқтисодӣ ва башарӣ тамаркуз медиҳад.

Муҳаммад Довуидол, раиси бахши иқтисодии сафорати Миср дар Дакар инро як гузинаи дуруст мешуморад ва мегӯяд, дар ҳоле ки аз парвози нархи нафт як қисми кишварҳои мусулмон суди бесобиқаи молӣ ба даст меоранд, кишварҳои дигари мусулмон дар фақри комил ба сар мебаранд.

Дар нишасти сарон дар соли 2005 дар Арабистони Саъудӣ хазинаи ҳамраъйии исломӣ таъсис ёфт, ки эҳтимол дар ин нишаст барномаи амали он таҳким ва густариш ёбад. Бо сармоягузории Саъудия ва Кувайт ҳоло дар ин хазина 10 миллиард доллар ҷамъ шудааст. Ҳамзамон дар анҷумани Дакар қарор аст, ба ташаннуҷи ахири авзоъ дар Ховари Миёна, истиқлолияти Косово ва исломситезиҳои ахир дар Аврупо таваҷҷӯҳ шавад.

Созмонҳои ҳуқуқи башар аз конфаронс даъват кардаанд, ба президенти Судон, Умар ал-Башир фишор оварад, то роҳи ҳалле барои қатъи хунрезӣ дар Дорфурро пайдо кунад. Иёлоти Муттаҳида аввалин бор ба ин нишаст намояндаи худро фиристод, то мавзеъи Вошингтонро дар баробари кишварҳои мусулмон шаҳр диҳад. Ва подшоҳи Саъудия Абдуллоҳ, раҳбари Либӣ Қаззофӣ ва прeзиденти Покистон Парвиз Мушарраф аз ширкат дар маҳфили сарон худдорӣ кардаанд.

Дуи аввал тасмими худро шарҳ надодаанд ва Мушарраф гуфтааст, бояд ба вазъи кишвари худ пас аз интихобот ва гурӯҳбандиҳои сиёсӣ мутаваҷҷеҳ боқӣ бимонад.
XS
SM
MD
LG