Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нархи гази табиӣ поин хоҳад рафт?


Чунин ба назар мерасад, ки қимати гази табиӣ дар бозорҳои байнулмилалӣ дар соли оянда коҳиш хоҳанд ёфт.

Як далели коҳиши нархи газ кам шудани талабот ба ин навъи маводи сӯхт ва далели дигараш вориди бозор шудани манобеи нави гази табиист.

Чунин аст хулосаи гузориши Оҷонси байнулмилалии энержӣ, ки рӯзи сешанбе ба дасти нашр расид. Аз ин гузориш бармеояд, ки амнияти энержии қораи Аврупо аз зери фишори Русия хеле раҳо хоҳад хӯрд.

Қарори маълум, ихтилофоти назари Русия бо Укроин бар сари нархи газ ва шеваи транзити он интиқоли гази табиии Русия ба кишварҳои Аврупоро дар айни фасли сармо дучори мушкил мекард.

Ба маҳзи пешбурди сиёсатҳои марбут ба ҳифзи муҳити зист талабот ба гази табиӣ то соли 2015 то 5 дарсад ва то соли 2030 ҳудуди 17 дарсад коҳиш хоҳад ёфт ...
Оҷонси байнулмилалии энержӣ дар гузоришаш мегӯяд, ҷаҳон бо пешниҳоди беш аз тақозои гази табиӣ рӯбарӯ мешавад. Ин созмони мақараш дар Порис пешбинӣ мекунад, ки нархи газ дар солҳои оянда пойин хоҳад рафт. Гузориши мавсум ба Дурнамои энержии ҷаҳон, ки рӯзи сешанбе нашр шуд, мегӯяд, пешниҳоди гази табиӣ дар бозор бо суръати хеле бештар аз ҳаҷме, ки тақозо мешавад, меафзояд.

Ин гузориш мегӯяд, “бозори ҷаҳонии газ аз бозори фурӯшандагони ин навъи маводи сӯхт, ки бар пояи асли пешниҳод ва тақозо идора мешуд, ба бозори харидорон табдил меёбад.” Ба бозоре, ки дар он тақозо рӯ ба коҳиш оварда, вале теъдоди ҳарчӣ бештари манобеи ҷадиди таъмини газ рӯи кор меоянд. Гузориш коҳиш ёфтани талабот ба гази табииро аз пайомадҳои бӯҳрони саросарии иқтисодӣ мехонад.

Омили дигари таъсиргузор ба чунин таҳаввул дар бозори газ рушди ҳайратангез ва ғайринтизори тавлидоти газ дар Амрикои шимолӣ будааст, ки бо шарофати таҷҳизоти ҷадиди истихроҷи газ рӯи кор омада, интизор меравад, бозорро аз ин навъи маводи сӯхт лабрез кунад. Гузориш меафзояд, барои мисол, то соли 2015 ҷаҳон шоҳиди имконоти барзиёди ҳамлунақлии лӯлаҳо ва амборҳои газ хоҳад шуд.

Оҷонси байнулмилалии энержӣ пешбинӣ мекунад, ки агар давлатҳо барномаҳои истифодаи сарфаҷӯёнаи маҳсулоти энержӣ ва рушди анвои эҳёшавандаи энерживу тавлидоти энержии ҳастаиро ҳамчунон дунбол кунанд, пешниҳод дар бозори газ назар ба тақозо метавонад боз ҳам бузургтар шавад. Бино бар ин ҳисобҳо, танҳо ба маҳзи пешбурди сиёсатҳои марбут ба ҳифзи муҳити зист талабот ба гази табиӣ то соли 2015 то 5 дарсад ва то соли 2030 ҳудуди 17 дарсад коҳиш хоҳад ёфт.

Ва чунин уфти қиматҳо дар бозори газ эҳтимолан ба кишварҳои саршор аз манобеи газ, назири Русия, Эрон ва Қатар, таъсири манфӣ хоҳад гузошт. Бахши бузурги даромади хориҷии ин се кишвар, ки бузургтарин манобеи гази ҷаҳонро дар ихтиёр доранд, аз ҳисоби содироти газ ба даст меояд.

Чунин таҳаввули авзоъ метавонад вазъи молии Русияро, ки аллакай дар чанги сахти бӯҳрони саросарии иқтисодӣ уфтодааст, боз ҳам печидатар кунад ...
Ин кишварҳо ҳамчунин тайи солҳои наздик ба хотири боло бурдани мизони ҳузури худ дар бозори байналмилалӣ ба эҳдоси зербиноҳои ҷадид дар риштаи истихроҷ ва ҳамлунақли газ маболиғи ҳангуфте ихтисос додаанд.

Оҷонси байнулмилалии энержӣ ниҳоди мухторест, ки ба Созмони ҳамкорӣ ва рушди иқтисодӣ (OECD), марбут буда, ба 28 кишвари саноатии дунё дар бораи вазъи таъминоти энержӣ ва бозори байналмилалии энержӣ машваратҳо медиҳад. Ва гузоришҳои ин ниҳод дар амри таъйини сиёсатҳои минбаъдаи кишварҳои сарватманди дунё дар соҳоти энержӣ таъсири муҳим мегузорад.

Гузориши ахир мегӯяд, талабот ба гази табиӣ дар ИА тайи солҳои наздик ҳамчунон хоҳад афзуд, вале суръати афзоишаш назар ба пешбиниҳои қаблӣ хеле кундтар мешавад.

Ва чунин сурати ҳолро аз ҷумла барои Русия, ки тайи 25 соли охир бузургтарин таъминкунандаи гази қораи Аврупо шинохта мешуд, чархиши нохушоянде мехонанд. Коҳиши ҳаҷми талабот метавонад қудрат ва нуфузи “Газпром”, ин бузургтарин ширкати таҳти назорати давлати Русияро ба пойин бибарад. Ва он ҳам дар ҳоле ки “Газпром” тайи солҳои охир бо истифода аз вазъияте, ки дар бозори гази Аврупо пеш омада буд, тавонист ҳам бар кишварҳои харидор ва ҳам бар кишварҳои транзитӣ дар ин қаламрав хеле нуфуз кунад.

Чунин таҳаввули авзоъ метавонад вазъи молии Маскавро, ки аллакай дар чанги сахти бӯҳрони саросарии иқтисодӣ уфтодааст, боз ҳам печидатар кунад. Бонки ҷаҳонӣ ба таври алоҳида пешбинӣ кардааст, ки иқтисоди Русия дар соли равон метавонад 8,7 дарсад коҳиш биёбад.
XS
SM
MD
LG