Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркишҳои хунбор дар Қандаҳор


Волии вилояти Қандаҳор Турёлай Висо пас аз силсилаи таркишҳои хунин дар ин вилояти ошӯбзада дар ҷануби Афғонистон аз Кобул хостори эъзоми нерӯҳои бештар шудааст.

Дар пайи таркишҳои пурқурбонии шаби шанбе дар шаҳри Қандаҳор дастикам 30 нафар, бо шумули афроди ғайринизомӣ ва сарбозон ба ҳалокат расида, беш аз 50 тани дигар захмӣ шудаанд.

Турёлай Висо, волии Қандаҳор, ҳамчунин хостори ҳамоҳангии бештари фаъолиятҳои нирӯҳои НАТО ва Урдуи давлатии Афғонистон ба хотири беҳбуди вазъи амниятӣ дар минтақа шуд.

Ба назари коршиносон, бомбгузориҳои ахир заъфи амнияти Қандаҳор дар арафаи тақвияти нирӯҳои НАТО ва урдуи давлатӣ ба манзури муқобила бо чирикиҳо дар ин вилоятро рӯшан кард.

Амалиёти густарда дар Қандаҳор мебоист баъд аз хатми айни амалиёт дар Марҷа, як пойгоҳи умдаи чирикиҳои толиб дар вилояти ҳамҷавори Ҳилманд, оғоз меёфт.

Қандаҳор баъд аз Кобул дуввумин шаҳри бузурги Афғонистон маҳсуб мешавад. Ҷунбиши Толибон дар миёнаи солҳои 90 маҳз дар ҳамин ҷо рӯи кор омад ва ин минтақа тайи солҳои охир низ як ҷабҳаи асосии муқовимати ҷангиёни толиб боқӣ мондааст.

Ҳамла ба зиндони Қандаҳор

Волии Қандаҳор мегӯяд, ҳамлаҳои ахир маҳбаси ба тозагӣ тақвиятшуда ва қароргоҳҳои пулисро ба ҳадаф дошт. Ӯ таъйид кард, ки дар таркишҳои шаби шанбе дастикам 6 афсари пулис низ ҷони худро аз даст доданд.

Бар асари ин таркишҳо 10 зану кӯдаке ҳам, ки дар як маросими арӯсӣ дар як толори ҳамдевор бо қароргоҳи пулис ширкат доштанд, кушта шудаанд.

Рӯзи якшанбе низ, ба гуфтаи воли Қандаҳор, бар асари таркиши як бомби рӯироҳ 4 корманди сохтмонӣ аз Покистон ва ронандаи мошини онҳо, ки худ афғон будааст, ҷароҳат бардоштанд.

Зоҳиран бомбгузориҳои ахир дар Қандаҳор талоши такрори айни ҳамлаҳои ду соли пеши ҷангиёни толиб аст, ки ҳадафаш аз зиндони Қандаҳор раҳо кардани ҳамсангарони онҳо буд.

Аҳмадвалӣ Карзай, бародари хурдии раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай, ки узви Шӯрои вилоятии Қандаҳор аст, мегӯяд, ду инфиҷор дар наздикии манзили ӯ рух дод, вале хисороте ба бор наовард.

Вай ба хабаргузории Ассошиэйтед Пресс гуфтааст, чирикиҳо мехостанд таваҷҷӯҳи мардумро ба ҳаводис дар шаҳри ҷалб карда, худ ба ҳамлаи нав болои зиндон тамаркуз кунанд, вале сарбозони канадаӣ, ба гуфтаи ӯ, дар пайи ҳамлаҳои интиҳории соли 2008 зиндони Қандаҳорро бо деворҳои сементӣ чунон мустаҳкам кардаанд, ки шикастанаш дигар осон нест.
XS
SM
MD
LG