Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бӯҳрон дар бозори ҷаҳонии бурс


Тӯфоне, ки дар бозорҳои байнулмилалии бурс варшикастагии “Lehman Brothers” ва ба ними нарх ба фурӯш рафтани “Merrill Lynch” ба по кард, рӯзи сешанбе ҳам идома ёфт.

Ин нигаронӣ, ки бӯҳрони низоми молии Амрико танҳо бо расвоии молии “Lehman Brothers” тамом нахоҳад шуд, боис шуда, ки саҳомдорон бошитоб ба фурӯхтани саҳмияҳои худ бипардозанд ва ин раванд ба сурати занҷираӣ ба уфти башиддати қимати саҳом ва ҳатто арзиши нафт дар бозорҳои байналмилалӣ мунҷар шуд.

Нархи як бушкаи нафти хоми навъи Брент рӯзи сешанбе аллакай дар давру бари чизе бештар аз 90 доллар чарх мезад. Қурби доллари амрикоӣ низ дар пайи ин бӯҳрони бонкӣ дар баробари соъири асъори муҳими хориҷӣ, аз ҷумла дар муқобили евро, воҳиди пули ИА, пойин рафт ва 1 евро акнун мусодифи 1 доллару 42 сент шудааст. Ва аммо тӯфони расвоии “Lehman Brothers” ва “Merrill Lynch”-ро ба ними нарх харидорӣ кардани “Bank of America” бештар аз ҳама ба қимати саҳом дар бозорҳои бурс таъсир кардааст.

Шохиси Nikkei, муҳимтарин шохиси бозорҳои бурси Ҷопон, дар оғози фурӯшоти рӯзи сешанбе беш аз 4 дарсад коҳиш ёфт. Қимати саҳом дар бозорҳои Кореяи ҷанубӣ ва, ҳамин тавр, дар Ҳонгконг то 5,5 дарсад пойин рафт. Квак Бюнгриэл, таҳлилгари аршади ширкати кореягии Daishin Securities, дар тавзеҳи ин сурати ҳол мегӯяд: “Бозорҳои бурси Осиё собитона по ба пои бозори Амрико қадам мебардоранд. Ва қимати саҳом дар бозорҳои Осиё ғолибан, то он даме ки сармоягузорон ба оддӣ шудани вазъ дар бозорҳои Амрико ва ба поён ёфтани бӯҳрони низоми дороии Амрико итминон ҳосил накунанд, башиддат пойин хоҳад рафт“.

То зӯҳри сешанбе уфти арзиши саҳом дар бозорҳои Аврупо низ идома ёфта, қимати саҳом дар бозори Лондон, масалан, 2,3 дарсад, дар Франкфурт - наздики 1,5 ва дар Порис – 1 дарсади дигар уфтод. Шохиси РТС, бозори калидии саҳоми Русия, рӯзи сешанбе 10 дарсад коҳиш ёфтаааст, аз ҷумла ба далели 9,5 дарсад пойин рафтани қимати саҳмияҳои “Газпром” ва беш аз 10 фоиз гум кардани арзиши саҳмияҳои “Роснефт”. Пойин рафтани арзиши саҳмияҳои ин ду ширкати бузургтарини газу нафти Русия ҳокист, ки асароти бӯҳрони ахири бонкии Амрико аз доираи танҳо саҳмияҳои бонкҳо ва сандуқҳои сармоягузорӣ хеле фаротар рафта, ба корхонаҳои азими иқтисоди воқеъӣ, назари “Газпром” низ асобат кардааст.

Мартин Ҳенекки, таҳлилгари аршади бозорҳои бурс дар ширкати ҳонконгии Tyche Group, мегӯяд, мардум дар ҳоли ҳозир назар ба фоидаи саҳом, ки нася аст, бештар ба пули нақде, ки дар дасташон меояд, бартарӣ медиҳанд ва ҳамчунон бошитоб саҳмияҳои худро ба фурӯш мезананд: “Маълум аст, ки сармоягузоронро эҳсоси азими нобоварӣ фаро гирифтааст. Пеш аз ҳама, ман чӣ гуна зарба хӯрдани бозорҳоро дар назар дорам, ки ҳатто ба бозори коло низ асобат кард. Ин дар ҳолест, ки ҳама гумон доштанд, ки ин бозор аз таъсири таваррум эмин хоҳад монд. Ба ин тартиб, феълан фикри мардум бештар ба ҷамъоварии пули нақд аст.”

Бонки Марказии Аврупо рӯзи сешанбе ба хотири муқобила ба асароти расвоии “Lehman Brothers” 70 миллиард евро, ё худ наздики 100 миллиард доллар, ҷудо кард. Ин дар ҳолест, ки Бонки Аврупо рӯзи душанбе бо ҳамин мақсад алакай 30 миллиард евро иттихоз дода буд. Бо чунин ҳадаф, Бонки Инглистон рӯзи сешанбе боз 20 миллиард паунт, муодили 36 миллиард доллар, ва Бонки Ҷопон беш аз 14 миллиард доллар ҷудо кардаанд. Ҷамъи маболиғи танҳо дар як рӯзи сешанбе ба хотири муқобила бо бӯҳрони пешомадаи бонкӣ ҷудокардаи ин се ниҳоди молӣ 160 миллиард доллар баровард мешавад. Бонки федеролии Амрико низ рӯзи душанбе ба хотири таскин додани бозорҳо, 70 миллиард долларро ба бозорҳои бурс фурӯ рехт, ки суръати уфти қурби долларро кунд кард, вале натавонист пеши роҳи уфти қимати саҳомро бигирад.

Шоми душанбе, шохиси Dow Jones, умдатарин шохиси бозорҳои бурси Амрико дар поёни фурӯшоти бозори бурси Ню-Йорк беш аз 500 нуқта пойин рафта буд. Чунин мизони уфти шохиси Dow Jones аз соли 2001 ба ин сӯ собиқа надоштааст.

Акнун ҳамаи дидаҳо ба сӯи иҷлоси шоми сешанбеи Шӯрои мудирони Бонки федеролии Амрикост, ки фоизи баргаҳои вомро оё чӣ қадар тағйир хоҳад дод? Ян Гриффитс, аз ширкати CMC Markets мегӯяд, пойин рафтани нархи нафт фишори таваррумро кам кардааст ва дар чунин ҳол баъид нест, ки Бонки Амрико фоизи баргаҳои вомро то 0,75 фоиз боло бардорад.
XS
SM
MD
LG