Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Осон шудани сабти номи тоҷикҳо дар Қазоқистон


Шаҳрвандони Тоҷикистон аз 1 июли соли равон ба ин тараф дар Қазоқистон бидуни сабти ном 30 рӯз буду бош карда метавонанд.

Ин нуктаро Баҳром Холназаров, сафири Тоҷикистон дар Қазоқистон, дар сӯҳбати телефонӣ бо радиои Озодӣ таъйид намуд. Оқои Холназаров гуфт, «аз 1-уми июли соли 2008 ҳам дар Ҷумҳурии Қазоқистон ва ҳам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандони тоҷик ва қазоқ метавонанд, ки бе сабти ном ба муддати 30 рӯз рафту омад кунанд. Ба андешаи ман, ин ҳам гувоҳи тақвияти дӯстии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон аст».

Ба гуфтаи сафир, ин масъала ҳангоми сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон ба Қазоқистон дар моҳи май аз ҷониби сарвари Тоҷикистон ба миён гузошта шуда буд. Ин пешниҳод аз ҷониби Қазоқистон ҷиҳати баррасӣ пазируфта шуд ва баъдан вазоратҳои дахлдор дар ин замина корҳои зиёдеро ба анҷом расониданд ва чунин тавофуқ дар бораи осон гардонидани равуои шаҳрвандони Тоҷикистону Қазоқистон ба кишварҳои ҳамдигар ҳосил гардид. Алъон, ба гуфтаи Баҳром Холназаров, сафири Тоҷикистон дар Қазоқистон, шаҳрвандони ҳарду кишвар бидуни мушкилот ба Қазоқистону Тоҷикистон сафар доранд ва дигар онҳо ҳама корҳои хешро тайи як моҳ бидуни ташвиши сабтиноми иловагӣ анҷом медиҳанд.

Қаблан бошад, ба шаҳрвандони Қазоқистону Тоҷикистон иҷоза буд, ки танҳо 5 рӯз бидуни сабти ном иқомат намоянд. Ба гуфтаи Нарзулло Ҷомиев, яке аз фаъолони Маркази фарҳангии тоҷикони шаҳри Алмаато, ин мӯҳлати кам мушкилоти зиёдеро пеш меовард ва агар шаҳрвандон тайи ин муддат сабти ном карда нашаванд, аз ҷониби пулиси Қазоқистон муҷозот мешуданд.

Нарзулло изҳор дошт, «то ин вақт бидуни сабти ном шаҳрвандони тоҷик танҳо 5 рӯз дар Қазоқистон буда метавонистанд. Бисёр вақт ҳамдиёронамон ба ин кишвар меомаданд ва дар муддати 5 рӯз сабти ном шуда наметавонистанд ва ба миқдори 18 ҳазору 700 танга, ки баробар ба 150 доллар аст, ҷарима месупориданд. Акнун бисёр кори нағз шуд, ки метавонанд як моҳ бидуни сабти ном озодона дар Қазоқистон гарданд. Барои мо хеле осон шуд».

Ҳамчунин ҳукумати Тоҷикистон барои таъмини ҷойи кор дар Қазоқистон бо ҳукумати ин кишвар тавофуқномаҳоро ба имзо расонидааст. Тавре Баҳром Холназаров, сафири Тоҷикистон дар Қазоқистон, мегӯяд, алъон шаҳрвандони тоҷик метавонанд дар сохтмонҳову бахшҳои кишоварзии Қазоқистон озодона кор кунанд. Ҳосил кардани тавофуқ дар бораи осон гардонидани равуои шаҳрвандони ҳарду кишвар бошад, ба шаҳрвандони тоҷик имкон медиҳад, ки бисёр мушкилоти хешро тайи як моҳ ҳаллу фасл намоянд.

Бояд ёдовар шуд, шаҳрвандони тоҷик баъди қирғизҳо дуюмин намояндаи кишварҳои Осиёи Марказианд, ки дар Қазоқистон ба чунин имконот соҳиб шудаанд. Қаблан Қазоқистон барои шаҳрвандони Қирғизистон имкони ба муддати 3 моҳ бидуни сабти ном буду бош карданро дода буд. Вале байни Узбакистон ва Қазоқистон тавофуқ дар бораи осон кардани равуои шаҳрвандони ҳарду кишвар ҳосил нашудааст ва онҳо дар Қазоқистон ҳаққи фақат 5 рӯз бидуни сабти ном зиндагӣ карданро доранд.

XS
SM
MD
LG