Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳдиди хатари варшикастан ба "Кобулбонк"


Раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай ахиран сармоягузорони “Кобулбонк””-ро итминони хотир дод, ки ин бонк масун аст ва ҷое барои ҳаросу таҳлукаи мардум нест. Ин дар ҳолест, ки бино ба хабарҳо, мизоҷон аз тарси варшикаста шудани ин ниҳоди молӣ пулҳои худро аз “Кобулбонк” бошитоб берун мекашанд.

Бо ин ҳол, Ҳомиди Карзай ваъда супурд, ки давлаташ барои пӯшондани ҷанҷоли бархоста бар сари “Кобулбонк”, ки бо хатари аз даст додани миллионҳо доллар сармояи дар ин бонк гузоштаи мардум рӯбарӯ шудааст, пули кофӣ дорад:

“Бонк масун аст ва мардум ҳаросу изтироб накунанд. Давлат ва Бонки марказии Афғонистон дар пушти ин бонк истода аст. Бузургтарин бонки Афғонистон аст ва имрӯз вазорати молия ба “Кобулбонк” дар ҳудуди 100-150 миллион доллар пул дод.”

Ҳомиди Карзай гуфт, таҳвили ин маболиғ ба “Кобулбонк” имкон медиҳад, пардохти маоши мардум дар моҳи ҷориро пӯшиш бидиҳад. Давлати Афғонистон дар роҳи пардохти тақрибан 250 000 ходими давлат низ аз хидмати ҳамин бонк истифода мебарад.

Мардум пасандози худро бозпас мегиранд


Ин изҳори итминони қавии Карзай ба пуштивонаи молии “Кобулбонк” дар ҳоле садо медиҳад, ки бино ба хабарҳо, берун кашидани маболиғ аз суратҳисобҳои ин бонк вусъат ва доманаи изтиробоваре касб кардааст. Халилуллоҳ Фирӯзӣ, яке аз ду саҳомдори бузургтарини “Кобулбонк” ба рӯзномаи амрикоии “The New York Times” гуфт, ки фақат дар зарфи 2 рӯз сармоядорон 180 миллион доллар пасандози худро аз ин бонк берун овардаанд. Фирӯзӣ гуфта, ки дар сурати идомаи ин раванд, “Кобулбонк” аз байн хоҳад рафт.

“Кобулбонк” рӯзи душанбеи 30 август, дар пайи истеъфои раиси бонк Шерхон Фарнуд ва мудиромилаш Халилуллоҳ Фирӯзӣ пой ба варта гузошт. Истеъфои ҳарду саҳомдори асосии ”Кобулбонк” ба дунболи нашри асноде аз сӯи Бонки марказии Афғонистон буд, ки мегуфт, ин бонки хусусӣ дар натиҷаи сармоягузориҳои даллолона ва муомилаҳои дигар тақрибан 300 миллион доллар гум кардааст.

Бонк аз ҷумла соли 2007, ки нархи манзил ба авҷи аълояш расид, барои харидории манзилу дафтарҳо дар Дубай 160 миллион доллар масраф кардааст. Дар пайи фурӯпошии бозори манзил табиист, ки нархи хона, аз ҷумла ва бахусус дар Дубай, башиддат пойин рафт ва ин ба навбати худ боиси хеле пӯчтар шудани ҳамёни сармояҳои “Кобулбонк” шуд.

Қарзҳои бисёрмиллионии давлат аз «Кобулбонк»

Ҳомиди Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон, ба "Кобулбонк" ваъдаи пуштибонӣ додааст
Бино ба хабарҳо, Фарнуд ба худаш ва ҳам ба афроди бонуфузи наздик ба ҳукумат қарзи зиёд додааст. Аз ҷумла гуфта мешавад, ки Ҳасин Фаҳим, бародари ноиби раисиҷумҳури Афғонистон Муҳаммадқасими Фаҳим аз “Кобулбонк” 100 миллион доллар вом гирифтааст.

Бонк ҳамчунин корзори интихоботии Ҳомиди Карзайро дар соли гузашта низ таъмини молӣ мекард, вале ҳаҷми маблағгузориаш ба ин маърака гуфта намешавад. Маҳмуд, як бародари президент низ аз саҳомдорони “Кобулбонк будааст.

Бӯҳрони “Кобулбонк” ҳазорон мардуми оддӣ ва ҳамин тавр, нухбагони бонуфузи афғонро сахт нигарон кардааст, чунки ин бонк дар байни сармоядорони хурд, аз ҷумла кормандони давлатӣ ва пулису артиш маъруфият дошт. Ҳафизуллоҳ, як сокини Кобул, ки дар ҳавлии дафтари бонк сӯҳбат мекард, мегӯяд, умедвор аст, ки ин бӯҳрон ба хубӣ паси сар шавад.

Ваъдаи пуштибонӣ аз бонк

Раиси Бонки марказии Афғонистон Абдулқодири Фитрат низ мардумро итминони хотир дод, ки бонки давлатӣ аз ин ниҳоди бӯҳронзадаи молӣ пурра ҳимоят хоҳад кард. Феълан барои раҳбарии “Кобулбонк” Масъудхон Мӯсоғозӣ, як мақоми бонки марказӣ эъзом шудааст.

Аммо бӯҳрони “Кобулбонк” суолҳоеро дар зеҳнҳо халқ кардааст, ки оё боқӣ бонкҳои хусусӣ аз истифодаи айни сармоягузориҳои пуртаваккал ва таъмини молии афроду гурӯҳҳои бонуфуз ба хотири касби манофеъи моливу сиёсӣ то куҷо парҳез мекунанд? Фарнуд бархе аз манзилҳои дар Дубай харидаашро бо як нархи андак ба дӯстони, ба истилоҳ ”сиёсӣ”-и худ фурӯхтааст. Афроди маъруфе, чун ноиби собиқи раисиҷумҳур Аҳмадзиё Масъуд ва бародари раҳбари Афғонистон Маҳмуди Карзай аз ҷумлаи онҳоеянд, ки бо шарофати дӯстӣ бо Фарнуд соҳиби ҳавлӣ дар Дубай шудаанд.
XS
SM
MD
LG