Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бағдод: Таркиши маргбор ҳини маросими динӣ


Субҳи душанбе, 28-уми июл, дар Бағдод, пойтахти Ироқ, бар асари се ҳамлаи маргталабона камаш 24 нафар ба ҳалокат расиданд.

Ин ҳамлаҳо дар ҳоле ба вуқӯъ пайвастаанд, ки мусулмонони шиамазҳаб барои ширкат дар як маросими динӣ озими Бағдод шудаанд. Аз эҳтимол дур нест, ки дар ёдбуди имоми Козим то як миллион нафар иштирок намояд. Дар ҳамин ҳол бар асари як бомбгузорӣ дар шаҳри шимолии Киркуки Ироқ камаш 10 нафар ҳалок шудаанд.

Ҳамлаҳо дар Бағдоду Киркук замоне ба амал омадаанд, ки гузоришҳо дар бораи беҳбуди вазъи амниятии саросари Ироқ ба табъ мерасанд. Полис мегӯяд, масъулияти ҳамлаҳои Бағдод бар дӯши занони маргталаб аст. Се ҳамла ҳаёти камаш 24 нафарро аз байн бурда, беш аз 70 каси дигарро захмӣ намудаанд.

Зоҳиран ҳадафи ҳамла мусулмонони шиамазҳаб будаанд, ки сӯи зиёратгоҳи имом Мусо ал-Козим ҳаракат доштанд. Ҳар сол тахминан як миллион мусулмони шиа дар маросими ёдбуди ин рӯҳонии асри ҳашт иштирок мекунанд. Ба ҳар ҳол то кунун маълум нест, ки қурбониҳо аз миёни зоирин буданд ё не?

Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ хабарнигори ироқӣ Одил Маҳмуд аз Бағдод гуфт, ки бомбгузорӣ ба пешбурди маросим таъсире нагузоштааст: "Ҳоло ҳам мардуми зиёде ба тарафи зиёратгоҳи Мусо ал-Козим ҳаракат доранд. Зоирин ба бомбгузориҳо одат кардаанд. Аз ин рӯ, ба фикрам ин қабил бомбгузориву таҳдидҳо ба азми онҳо таъсир намегузоранд. Ироқиҳо ба ин ҳамлаҳо одат кардаанд."

Солҳои гузашта даҳшатафканон дар шаҳрҳои ироқӣ болои маросиму идҳои динӣ ҳамла мекарданд. Аз ин рӯ, имсол мақомот чораҳои иловагӣ индешиданд. Аммо рӯзи якшанбе ҳам дар ҷануби Бағдод ҳамла болои зоирин ба вуқӯъ пайваст, ки дар натиҷа ҳафт кас ба ҳалокат расиданд.

Имсол хадамоти амниятӣ 200 зани довталабро дар посгоҳҳои канори зиёратгоҳи Козимия мустақар намуданд, то занҳоро тафтиш намоянд. Ошӯбгарон ҳар чӣ бештар занҳоро барои амалӣ намудани ҳамлаҳои маргталабона истифода мебаранд. Дар ҳоле, ки мардон доимо мавриди тафтиш қарор мегиранд, одатан занҳо аз назари нозирон дур мемонанд.

Соли равон занон 20 ҳамлаи маргталабона амалӣ намудаанд. Ҳафтаи гузашта дар шаҳри Баъқубаи шимоли Бағдод як зан ҳамлаи маргталабона раҳандозӣ намуда, камаш 8 нафарро ба қатл расонд.

Моҳҳои ахир мизони хушунат дар саросари Ироқ коҳиш ёфта, ошӯбгарони ал-Қоидаро аз пойгоҳҳояшон дар Бағдоду ғарби Ироқ берун кардаанд. Вале низомиёни ИМА мегӯянд, ки эҳтимол ошӯбгарон бо ҳадафи ҷалби таваҷҷӯҳ ҳамлаҳои нав роҳандозӣ кунанд.

XS
SM
MD
LG