Дар ин бора хабаргузории расмии Ҷумҳурии исломӣ ИРНА гузориш додааст. Қаблан Маҳмуди Аҳмадинажод, раисҷумҳури Эрон, эълон намуда буд, ки кори насби 6 ҳазор сентрифуги нав барои ғанисозии ураниюм дар мавзеи Натанз идома дорад.
Созмонҳои байнулмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, борҳо хостори қатъи барномаҳои ғанисозии ураниюм дар Эрон шудааанд. Кишварҳои Ғарб бар ин назаранд, ки барномаҳои ҳастаии Эрон метавонад дар оянда бо ҳадафҳои низомӣ истифода шавад. Вале Эрон фаъолиятҳои атомии худро сулҳҷуёна муаррифӣ мекунад.