Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши ширкати занон дар умури сиёсӣ


Ҳузури занон дар умури сиёсии кишварҳои ҷаҳон дар як соли гузашта бештар шудааст, вале ин афзоиш аз лиҳози таъмини баробарии зану мард кофӣ нест.

Ин хулосаи Иттиҳоди Байнипорлумонӣ, як созмони ғайридавлатист, ки дар Женев марказ дорад.

Дабири кулли он, Андерс Ҷонсон мегӯяд, гузориши мазкур дар асоси маълумоте таҳия гаштааст, ки порлумонҳои кишварҳои узв пешниҳод кардаанд. Таносуби беҳтарини ҷинсӣ дар маҷлисҳои қонунгузор, тибқи ин гузориш ба кишварҳои сандинавӣ ва шимолӣ тааллуқ дошта, пасттарин таносуб дар кишварҳои араб дида шудааст.

Аз ҷойгоҳи Тоҷикистон дар ин гузориш, агар шурӯъ кунем, мебинем, ки вазъи масъала дар Тоҷикистон айнан шабеҳи вазъи куллӣ дар ҷаҳон аст. Ҳатто арқом ба ҳам хеле наздиканд. Чунончи, агар занон дар порлумонҳои ҷаҳон 17, 7 дарсадро ташкил кунанд, занон дар порлумони Тоҷикистон занон 17,5 дарсад мебошанд. Ҳатто афзоиши ҳузури бонувон дар маҷлисҳои қонунгузори ҷаҳон ва ҳарду палатаи маҷлиси миллии Тоҷикистон тақрибан яксон аст -- наздик ба 3 дарсад.

Дабири кулли Иттиҳоди Байнипорлумонӣ, Андерс Ҷонсон, ин суръати афзоиши занонро дар порлумонҳо хеле суст мешуморад ва мегӯяд, ба ин тартиб ҷаҳон танҳо дар соли 2050-ум метавонад ба баробарии ҳузури зану мард дар маҷлисҳои қонунгузор даст ёбад.

Дар ҳоле ки занон 50 дарсади аҳолиро ташкил мекунанд, ҳузури онҳо дар порлумон низ бояд 50 дарсад бошад, на 17 ё 18 дарсад. Вале бо ин аҳвол низ Тоҷикистон дар нимаи аввали ҷадвал қарор дорад ва аз Узбакистону Туркманистон, Русияу Қазоқистон, Озарбойҷону Арманистон ва ҳатто Укроину Туркия пешсафтар аст.

Дар сархатти ҷадвал бошад, кишвари африқоии Руондоро мебинем. Бонувон дар порлумони Руондо наздик ба 49 дарсадро ташкил медиҳанд. Дар Угондои ҳамсояи он ва ҳамчунин дар Мозамбик, Бурундӣ, Танзания ва Африқои Ҷанубӣ низ занон беш аз 30 дарсади порлумонро дар даст доранд.

Ба сурати умум пешсафӣ дар ин ҷадвал ба кишварҳои арифқоӣ ва скондиновӣ тааллуқ дорад. Дар Афғонистон занон қариб 28 дарсади аъзои порлумон мебошанд. Аммо суоли дигаре ки матраҳ мешавад, таъсири ин ҳузури занон ба умури сиёсии кишварҳояшон аст. Таври маълум дар Тоҷикистон дар солҳои охир чанд қарору фармон нашр шуд, ки ҳаракат ба самти баробарии ҷинсӣ дар кишварро муайян кардаанд.

Дабири кулли Иттиҳоди Байнипорлумонӣ, Андерс Ҷонсон дар гузориши худ ба мавҷудияти маслалан, саҳмияи муайяни занон дар порлумонҳо ҳамчун як омили ҳаракат ба самти баробарӣ арҷ мегузорад, вале мафзояд, саҳмия бояд як чораи муваққатӣ барои одат ёфтан ба ин баробарӣ бошад. Вай изҳори нигаронӣ мекунад, ки дар бархе аз кишварҳо саҳмия ё квотаи занон дар порлумон масъалаи иштироки онҳоро дар ҳаёти сиёсӣ ба як қолаб ё зоҳирбозие табдил медиҳад.

Коршинос ва фаъоли ҳуқуқи занон дар Тоҷикистон, Мӯътабари Раштӣ мегӯяд, нобаробарии иҷтимоиву иқтисодӣ, падарсолорӣ ва хурофотпарастии ҷомеъаи суннатӣ ва бефаъолияти худи занон омилҳое ихлоли ҳузури густардаи бонувони тоҷик дар умури сиёсӣ мешавад.

Таҳлилгароне, ки дар робита ба гузориши нави Иттиҳоди Байнипорлумонӣ изҳори назар кардаанд, мегӯянд, ҳузури аз лиҳози теъдод баробари занон дар порлумон ё ҳукуматҳо кофӣ нест. Онҳо мегӯянд, занон бояд дар тасмимгириҳои муҳими давлатӣ, умумри сиёсӣ, иқтисодӣ, молиявии кишварҳо саҳми баробар дошта бошанд.

Вале ҳамсӯҳбати ман аз Душанбе, бону Мӯътабари Раштӣ мегӯяд, дар Тоҷикистон бояд аз оддитарин қадами ҷойгузинии эҳтироми зан дар ҷомеъа шурӯъ кард, сипас ӯро аз бори сангини рӯзгор сабукӣ дод, то фурсати андешаи умури давлатӣ ва иҷтимоиро дошта бошад.
XS
SM
MD
LG