Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нархи бушкаи нафт ба 120 доллар расид


Қимати нафт дар бозори ҷаҳон ба марзи 120 доллар барои як бушка наздик шуд ва суоли “Ин раванд кай қатъ хоҳад шуд?” то ҳанӯз беҷавоб боқӣ мемонад.

Гуфта мешавад, ки қимати як бушкаи ин, ба истилоҳ, “тиллои сиёҳ” тайи шаш соли ахир панҷ баробар афзоиш ёфта ва дар қимати феълӣ, яъне 120 доллар барои як бушка боқӣ монданаш низ байид ба назар мерасад. Болоравии навбатии қимати нафт, ба иттилоъи хабаргузориҳо, ба он бастагӣ дорад, ки рӯзи якшанбе ҳудуди 1200 коргари корхонаи нафти Гренҷмафи Шотландия ба нишони эътироз алайҳи ҳаққи бознишастагии феълӣ даст ба коршиканӣ заданд. Ба думболи ин ширкати Бритиш петролеум интиқоли нафт аз Баҳри Шимолро қатъ кард ва хатари ҳамарӯза аз 700 ҳазор бушка нафт маҳрум гаштани бозори ҷаҳонӣ ба миён омад. Ин вазъ ба вижа ронандаҳои мошин дар Шотландия ва шимоли Инглистонро сахт нигарон сохт ва дар нақди бунгоҳҳои фурӯши бензин навбатҳои тулонӣ зуҳур карданд.

Гуфта мешавад, ки коршикании коргарони Гренҷмаф ҳамагӣ ду рӯз, яъне то рӯзи сешанбе идома хоҳад кард. Ва аммо ин коршиканӣ барои коргоҳ паёмади сангинтар хоҳад дошт ва барои комилан ба фаъолият шурӯъ кардани он тақрибан даҳ рӯз зарур аст.

Коршиносон мегӯянд, ки дигар сабабҳои бузургтари болоравии қимати нафт низ мавҷуданд. Аз ҷумла, вазъ дар кишвари Нигерия, яке аз бузургтарин тавлидкунандагони “тиллои сиёҳ” ва аз содиркунандагони асосии он ба бозори ҷаҳонӣ. Чоҳҳои нафти ин кишвар пайваста мавриди ҳамлаи гурӯҳҳои ифротгарое қарор мегиранд, ки фойидаи ин чоҳҳоро миёни худ тақсим карданианд.

Ба гуфтаи коршиносон, таниши миёни Вошингтону Теҳрон дар робита ба барномаҳои ҳастаии Эрон низ хатари аз сӯи Эрон коҳиш додани содироти нафтро ба миён овардааст. Дар ду кишвари, ба истилоҳ, нафтхези дигар – Ироқ ва Алҷазоир амнияти чоҳҳои нафт таъмин нест.

Ва аммо, ба гуфтаи коршиносон, ин мушкилот моҳҳо боз маълуманд ва онҳоро наметавон сабабҳои болоравии феълии қимати нафт номид. Як сабаби дигари гароншавии қиммати нафт – афзоиши талабот ба он дар кишварҳое чун Чин ва Ҳиндустон арзёбӣ мешавад. Афзоиши талабот, табиист, ки болоравии қиматро ба думбол хоҳад дошт ва аммо фақат дар ҳоле, ки мавод камчин гардад. Ва аммо нафт дар бозор фаровон аст ва бо вуҷуди афзоиши талабот дар Чину Ҳинд ниёзмандиҳоро бароварда месозад, зеро кишварҳои узви ОПЕК – мамолики содиркунандаи нафт ва кишварҳое, ки ба ин ниҳод шомил нестанд, истихроҷу содироти нафт ба бозорро коҳиш надодаанд.

Ва пас сабаби ба таври бесобиқа боло рафтани қимати нафт чист? Коршиносон дар посух ба ин суол ба он нукта ишора мекунанд, ки қимати нафт дар бозор ба таври сунъӣ боло бурда мешавад ва ин бархе аз тоҷиронро барои он таҳрик медиҳад, ки миқдори бузурги нафтро барои захира харидорӣ кунанд ё нафтро ҳамчун дигар амвол барои афзоиши сармояи худ истифода баранд. Аз сӯи дигар, мегӯянд онҳо, бозор бетоқатона афзоиши талабот дар баробари истихроҷ ва содироти нафт дар ҳоли коҳиш ёфтани захираҳои онро интизор аст. Ва ин интизорот наметавонад ба қимати нафт бетаъсир бимонад.

XS
SM
MD
LG