Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Набардҳои сангин дар Чаҳордараи Кундуз


Нерӯҳои эътилофи байнулмилалӣ дар вилояти Қундуз
Нерӯҳои эътилофи байнулмилалӣ дар вилояти Қундуз

Даргириҳои сангини ҳафтаи гузашта дар улусволии Чаҳордараи вилояти Кундузи Афғонистон, бино ба хабарҳо, беш аз 130 ҷангиро кушта ба ҷо гузоштааст.

Волии Кундуз гуфтааст, ки дар миёни кушташудагон чанд нафар аз афроди Ҳаракати исломии Узбакистон низ будаанд.

Ташаннуҷи вазъ дар Афғонистон, ба хусус дар вилоёти ҳаммарз бо Тоҷикистон, назири Кундуз, ҳар дафъа бар нигарониҳои амниятии мақомоти Душанбе меафзояд. Ва аммо эҳтимоли ба ин сӯи Омӯ нуфуз кардани гурӯҳҳои мусаллаҳ аз Афғонистон то куҷо воқеист?

Задухӯрд дар Чаҳордара

Бино бар баёнияи паймони низомии НАТО, ки фармондеҳии нерӯҳои байнулмилалиро дар Афғонистон бар дӯш дорад, тайи 6 рӯзи набардҳои сангин дар улусволии аксаран паштунишини Чаҳордара, дар ҷанубуғарби вилояти бо Тоҷикистон ҳаммарзи Қундуз беш аз 130 ҷангӣ, бо шумули 8 фармондеҳи чирикиҳо кушта шуданд.

Оташе ки дар ҳамсоягӣ бошад, хоҳ-нохоҳ ба ҳамсояҳои дигар ҳам нуфуз мекунад ва ташвиши Тоҷикистон ҳам ҳаст дар миёну аз Узбакистон ҳам ...
Ин шадидтарин набарди алайҳи чирикиҳо дар шимоли Афғонистон дар соли ҷорӣ шинохта шуда, Муҳаммад Умар, волии Қундуз гуфтааст, амалиётеро ба чунин бузургӣ дар Қундуз то ҳол надида буд.

Дар бораи талафоти нерӯҳои НАТО ва Урдуи давлатии Афғонистон хабаре ба даст нарасидааст, вале НАТО мегӯяд, дар амалиёти Чаҳордара тақрибан 700 сарбози афғон ва 50 тан аз нерӯҳои байнулмилалӣ ва ағлаб амрикоӣ ширкат варзиданд.

Чаҳордара дар ҷанубуғарби Қундуз воқеъ буда, бо улусволиҳои Қалъаизолу Алиобод ва Қундуз ва ҳамин тавр, бо вилоёти Бағлону Самангон ҳаммарз аст. 55 дарсад аз 65 000 ҷамъияти сокини Чаҳордараро паштуҳо ташкил медиҳанд ва ин минтақа дар баробари улусволии бо навоҳии Панҷу Фархор ҳаммарзи Дашти Арчӣ аз пойгоҳҳои умдаи ҷангиёни толиб дар ин вилояти шимоли Афғонистон маҳсуб мешавад.

Толибон дар соҳили Омӯ

Нурмуҳаммади Саҳим, хабарнигори Радиои Афғонистони Озод дар Қундуз, мегӯяд, бо вуҷуди комёбии амалиёти ахир нигарониҳои мавҷуда дар бораи ҳузури Толибон дар ин минтақа куллан рафъ нашудаанд. Оқои Саҳим аз қавли волии Қундуз гуфт, мушкилоти давлат дар Чаҳордара дар ҳудуди 20 дарсад, вале дар улусволии бо Тоҷикистон ҳаммарзи Дашти Арчӣ дар сатҳи 40 дарсад барҷой мондааст.

Улусволии Дашти Арчӣ, ки дар он ҷангиёни Толибон фаъоланд, ҳаммарзи Тоҷикистон аст
Вай афзуд, “дар Дашти Арчӣ ҳам ҷангҳо баъзан иттифоқ меуфтад ва мухолифин дар онҷо нисбат ба соири улусволиҳои вилояти Қундуз хеле фаъол ҳастанд. Дашти Арчӣ, ки сарҳади нисбатан тӯлонӣ ва мустақим бо Тоҷикистон дорад ва марзи муштаракаш ҳам дарёст. Ин улусволӣ дар лаби Амӯдарё ҷойгир аст. Дар онҷо мушкилот ҳанӯз ҳам хеле зиёд аст. Чанд рӯз пеш дар як конфронси матбуотӣ мегуфтанд, ки афроди Тоҳир Юлдош, аз норозиёни мусаллаҳи узбак, дар Қундуз ҳузур доранд ва дар ин ҷо хеле фаъоланд. Ва дар даргириҳои ахир, ки ҳамин акнун ҳам хол-хол инҷову онҷо идома дорад, гуфтанд, ки 3-4 нафар хориҷиро, ки ба Тоҳир Юлдош марбут будаанд, куштанд.”

Вилояти Қундуз дар робита ба ҳузур ва фаъолияти Толибон бори аввал дар оғози моҳи сентябр дар сархати ахбори ҷаҳон қарор гирифт. Ҷангиён дар таърихи 4 сентябр ду мошини ҳомили маводи сӯхтро дар ин вилоят тасарруф карданд ва нерӯҳои Олмон ба дунбол хостори кӯмаки ҷангандаҳои НАТО шуданд. Бар асоси таҳқиқи коммиссиюни давлатӣ, бар асари он ҳамлаи ҳавоӣ 69 ҷангӣ ва 30 нафари ғайринизомӣ кушта шуд.

Бино ба хабарҳо, он ду мошини ҳомили маводи сӯхт аз Тоҷикистон меомад, ки ахиран транзити молу колоҳои ғайринизомӣ ба Афғонистонро барои Амрико иҷозат дода, акнун ба як масири муҳими транзитӣ дар роҳи таъмини нерӯҳои байнулмилалӣ табдил меёбад.

Нурмуҳаммади Саҳим, хабарнигори Радиои Афғонистони Озод дар Қундуз, меафзояд, аз ин нигоҳ нигаронии пойтахтҳои Осиёи Марказӣ аз ҳузури гурӯҳҳое, чун Ҳаракати исломии Узбакистон дар шимоли Афғонистон беасос нест.

Вай афзуд, «оташе ки дар як ҳамсоягӣ бошад, хоҳ-нохоҳ ба ҳамсояҳои дигар ҳам нуфуз мекунад ва ташвиши Тоҷикистон ҳам ҳаст дар миёну аз Узбакистон ҳам. Хоҳ-нохоҳ ин ташвишҳо мавҷуданд, чунки душман душман аст ва аз ҳар роҳе, ки муносиб медонад ва аз ҳар роҳе, ки фурсат буд барояш, вориди хок мешавад ва бо душмани худ меҷангад.”

Нигарониҳои Душанбе

Абдулло Назаров, муовини раиси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон, мегӯяд, барои ин кишвар таҳдид на аз ҷониби Афғонистон, балки аз ҷониби созмонҳои террористӣ бармеояд
Абдуллоҳ Назаров, муовини раиси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон, ахиран вуҷуди таҳдид ба амнияти кишвараш аз сӯи гурӯҳҳои фаъол дар он сӯи Омӯро эътироф кард ва гуфт, “таҳдид на аз ҷониби Афғонистон, балки аз ҷониби он созмонҳои байнулмилалии террористӣ бармеояд, ки дар қаламравҳои хориҷ аз назорати давлат дар ҳам Покистон ва ҳам Афғонистон барои худ паноҳгоҳ пайдо кардаанд.”

Аммо ин мақоми баландпояи амниятии Тоҷикистон гуфт, амалиётҳои ахири густурда дар Афғонистону Покистон мизони таҳдиди чунин гурӯҳҳо ба амнияти Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистонро хеле камтар кардааст. Абдулло Назаров дар ҳар сурат, такрори ҳаводисе, чун рӯйдодҳои тобистони ахир дар Тавилдараро дур аз эҳтимол донист ва гуфт, “дигар чунин нахоҳад шуд. Не, ин дигар намешавад.”

Аммо ба назари коршиносон…

Дашти Арчӣ, пойгоҳи умдаи Толибон дар вилояти Қундуз, бо навоҳии Панҷу Фархори Тоҷикистон марзи мустақим дорад. Таҳлилгари тоҷик Давлат Усмон, ки бо масоили шимоли Афғонистон хуб ошност, мегӯяд, идомаи ноамниҳо дар Афғонистон ба кулли ҳамсояҳо, минҷумла Тоҷикистон, албатта, таъсир мегузорад, вале доманаи таҳдидҳои ношӣ аз самти ҷанубро одатан аз будаш зиёдтар нишон медиҳанд.

Низомҳои ҳоким дар Осиёи Марказӣ ба хотири тақвияти мавқеи худ аз вуҷуди чунин гурӯҳҳо дар Афғонистону Покистон истифода мебаранд, ... ки дар дарозмуддат кор нахоҳад дод ...
Вай меафзояд, “дар муқобили Дашти Арчӣ Фархор асту Панҷ аст, ки дар замони Шӯравӣ хуб марзбандӣ шудаанд ва марзро дар ин навоҳӣ симчӯб кашида шудаанд. Ин минтақаҳо ҳамвор буда, хуб муҳофизат карда мешаванд. Ва он минтақаҳое, ки симчӯб кашида нашудаанд ва муҳофизаташон хуб нест, кӯҳҳои он манотиқ аллакай барфпӯш шудааст. Яъне ҳеҷ эҳтимол надорад, ки ҳадди ақал то баҳор ваё тобистони соли оянда ба Тоҷикистон ягон нерӯ интиқол шавад”.

Қосими Бекмуҳаммад, таҳлилгари дигари масоили минтақа, бар ин назар аст, ки ҳузури гурӯҳҳои бархоста аз Осиёи Марказӣ, аз ҷумла афроди ҲИУ, дар ҳайъати гурӯҳҳои силоҳбадасти фаъол дар саҳнаҳои Афғонистону Покистон чолишест, ки пойтахтҳои ин минтақаро ҳамеша дар ҳоли нигаронӣ нигоҳ медорад. Вале фаъолияти чунин гурӯҳҳо, ба эътиқоди ин коршинос, боз ҳам бармегардад ба аҳдоф ва сиёсатҳое, ки ҷонибҳои зидахли қазияи Афғонистон дар қиболи минтақаи Осиёи Марказӣ дунбол мекунанд.

Қосими Бекмуҳаммад мегӯяд, низомҳои ҳоким дар Осиёи Марказӣ ҳам ба хотири тақвияти мавқеи худ аз вуҷуди чунин гурӯҳҳо дар Афғонистону Покистон камоли истифодаро ба кор бурда ва ин омилро ба як асбоби муомила бо Ғарб, табдил додаанд, ки ба бовари ӯ, дар дарозмуддат кор нахоҳад дод.

Вай гуфт, “фикр намекунам, ки аз чунин фурсат онҳо битавонанд ҳамеша ҳадди аксари истифодаро дошта бошанд. Зеро таҳдиде, ки ин гурӯҳҳо барои амнияти Осиёи Марказӣ доранд, як воқеъият аства аз назари ахлоқӣ ҳам, наметавон рӯи ин амр ҳисоб гузошт, ки дар заминаи ин таҳдид битавон ба сурати дарозмуддат бо Ғарб бозӣ кард.”

Чӣ бояд кард?

Дар ҳар сурат, эҳсос мешавад, ки таҳаввули вазъ дар Афғонистон чӣ маҳофил ва чӣ мақомотро дар Душанбе ҳамчунон дар панҷаи нигарониҳо, аз ҷумла ташвишҳои амниятӣ нигоҳ доштаасту медорад.

Вале агар умеди мақомот бештар ба пешрафти нирӯҳои байналмилалӣ дар саҳафоти он сӯи Ҳиндукуш ва он сӯи Омӯст, ба назари коршиносон, ислоҳи решаии омилҳое, чун фақру бекорӣ ва адами эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои мардум, ки афродро ба домани тундгароӣ ва муборизаҳои мусаллаҳ тела медиҳанд, хеле муассиртар метавонист ба ҷо уфтода, курсиро аз зери пои чунин гурӯҳҳо бизанад ва ҷойи пое дар майдони Осиёи Марказӣ барои зуҳури ин гурӯҳҳо боқӣ нагузорад.
XS
SM
MD
LG