Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия мегӯяд, нерӯҳояш дар ҳоли хуруҷанд


Маскав мегӯяд, хуруҷи нерӯҳои Русия аз Гурҷистон ҷараён дорад, аммо Тифлис гуфтааcn, ҳанӯз аломате аз ақибнишинии нерӯҳои Русия дида нашудааст.

На танҳо дар бобати хуруҷи нерӯҳо, балки куллан дар бораи авзоъ дар Гурҷистон маълумоти зиддиҳам мерасад. Чунончи, бархе аз хабарнигорон мегӯянд, дар наздикии шаҳри ғарбии Сенакии Гурҷистон садои таркишҳои бузург ба гӯш расида, ҳаракати нерӯҳои Русия на ба ақиб, балки ба пеш ба дарунтари Гурҷистон дида шудааст.

Мақомоти Маскав мегӯянд, хуруҷи нерӯҳои Русия аз Гурҷистон оғоз ёфтааст, аммо намояндагони Тифлис бар инанд, ки тағйире дар вазъи умумӣ ба бор наомадааст. Ва президенти Русия ҳушдор медиҳад, ки кишвараш метавонад, чунин зарбаҳои ҳарбиро такрор кунад.

Ноиби сардори Ситоди умумии нерӯҳои мусаллаҳи Гурҷистон, генерал-полковник Анатолий Ноговитсин рӯзи душанбеи 18-уми август, дар нишасти хабарӣ дар Маскав гуфт:

"Тибқи тарҳи сулҳ имрӯз дар минтақаҳои муайянкардаи Кумисюни махсуси назоратӣ дар соли 1999 ва ҳам дар ҳудуди Осетияи Ҷанубӣ радди нерӯҳои посдори сулҳи Русия ва нерӯҳои пайванди онҳо сар шуд."

Генерал Ноговитсин дар эълони ин хабар на аз вожаҳои хуруҷ ё ақибнишинӣ, балки аз ибораи "бурдан ба дигар сӯ" истифода кард. Дабири Шӯрои амнияти Гурҷистон, Алепксандр Ломая гуфтааст, ҳеч тағйире дар авзоъ ба вуқӯъ напайваста, аз ҷумла посгоҳҳои нерӯҳои Русия дар ҷойи қаблияшон боқӣ мемонанд ва назорати шоҳроҳи байни шарқу ғарби Гурҷистон ҳамоно дар дасти нерӯҳои Маскав аст.

Мақомоти Русия гуфтанд, аз рӯи қонунҳои ҷанг онҳо бо тарафи гурҷӣ бузургтарин андозаи башардӯстиро нишон додаанд.

Раисиҷумҳури Гурҷистон, Михеил Саакашвилӣ дар як паёми телевизионияш ба мардуми Гурҷистон гуфт:

"Ман умеди зиёде ба саховатмандии русҳо надорам ва ин чизе нест, ки ман рӯяш ҳисоб мекарда бошам. Аммо ман ба воқеъгароӣ ва ақли солими шумо ҳисоб мекунам. Ва умедворам, рӯзе мерасад, ки тасмими ниҳоӣ бигиред. Гурҷистон бошад, ҳаргиз нахоҳад шикаст. Чӣ коре ки мекунед, кунед, аммо Гурҷистон таслим нахоҳад шуд, ақмиб нахоҳад гашт ва як ваҷаб аз хоки худро нахоҳад дод.

Дар як гуфтугӯи телефонӣ аз журналист Олег Панфилов, ки ҳоло дар Тифлис аст, пурсидам, рӯҳияи шаҳрвандони одии Гурҷистон чигуна аст?

Ҷаноби Панфилов мегӯяд, мисли ин аст, ки "бисёриҳо эътимод ба Русияро аз даст додаанд ва гурҷиҳое, ки мегуфтанд, кишварашон бо Русия равобити хешовандӣ дорад, мегӯянд, эҳёи равобити гузашта ё бунёди равобити нав амалан номумкин аст."

Дар ҳамин ҳол президенти Русия Димтирий Медведев, дар мулоқот бо собиқадорони муҳорибаи Курск гуфт:

"Агар ҳар касе фикр мекунад, шаҳрвандони Русияро мекушад ё сарбозону афсарони онро, ки ҳамчун посдори сулҳ хидмат мекунанд, мекушад ва беҷазо мемонад, иштибоҳ мекунад. Мо ба ҳар касе ки чунин кӯшишро мекунад, посухи вожгункунанда медиҳем. Барои ин ҳамаи заруриётро дорем, чи иқтисодӣ, сиёсӣ ё низомӣ ва онҳое ки чунин ақидаи фиребо дар сар доранд, бояд онро канор гузоранд.

Президент Медеведв илова кард, ки сухан на танҳо аз шаҳрвандони Русия меравад, балки аз онҳое ки шаҳрванди Русия нестанд, аммо дар вазъи мушкил меафтанд ва Русия ба кӯмакашон хоҳад омад.

XS
SM
MD
LG