Дар мулоқоти Қурмонбек Боқиев, раиси ҷумҳури Қирғизистон ва Алексей Миллер, раиси ширкати «Газпром»-и Русия, ки дар Бишкек сурат гирифт, ин мавзуъ ва масъалаҳои дигари марбут ба истихроҷи газ дар манобеъи захираҳои Майлисув-4 ва Кугарти Қирғизистон мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.
Ба гуфтаи президент Боқиев, як сол муқаддам байни Қирғизистон ва «Газпром» ҳамкории хуб раҳандозӣ шуда буд. Вай афзуд, вале мутмаъин аст, ки баъди сафари раиси ширкати «Газпром» ба кишвараш ин ҳамкорӣ беш аз пеш доман фарох хоҳад кард.
Игор Чудинов, нахуствазири Қирғизистон, зимни мулоқот бо оқои Миллер гуфт, агар захираҳои гази кишвараш мавриди баҳрабардорӣ қарор гиранд, ғайр аз он ки мардуми Қирғизистон ба газ таъмин хоҳад шуд, ҳамчунин кишвараш имкон пайдо хоҳад кард, ки содироти газ ба кишварҳои ҳамҷаворро ба роҳ монад.
Оқои Чудинов ҳамчунин иштироки «Газпром» дар хусусигардонии манобеъи захираҳои гази Қирғизистонро ба ҳайси яке аз сармоягузорони стротегӣ хеле муҳим хонд ва афзуд, ки ин манобеъи захираҳои газ аҳмияти иҷтимоъиро касб намудаанд.
Нахуствазир Чудинов тазаккур дод, ки тибқи натиҷагириҳои ахири мутахассисон, ки ба корҳои кашфи манобеъи нафти кишвараш машғуланд, тахмин меравад, ки дар он беш аз 30 миллион тонна захираи нафт маҳфуз аст.
Мавсуф гуфт, ба эътиқоди ӯ ин захираҳои нафт низ таваҷӯҳи ширкати «Газпром»-ро ба худ ҷалб хоҳанд кард. Ба гуфтаи нахуствазири Қирғизистон, дар ҳамин ҳол кишвараш ба 300 миллион мукааб метри газ эҳтиёҷ дорад, ки интизор меравад, дар марҳалаи аввали баҳрабардорӣ аз манобеъи захираҳои газ истихроҷ карда хоҳад шуд.
Ҳамзамон Алексей Миллер, раиси ширкати «Газпром» гуфт, дар ин сафари ӯ «Газпром» иҷозаномаи кашфи манобеъи захираҳои гази Қирғизистонро соҳиб шуд ва ин равандро вай марҳалаи дуввуми тавсеъаи ҳамкориҳои миёни «Газпром» ва «Қирғизгаз» мешуморад. Оқои Миллер афзуд, ширкати «Газпром» дар марҳалаи аввали кор, ки ба кашфи манобеъи захираҳои гази Қирғизистон марбут аст, 27 миллион рубл ё дар ҳудуди як миллион доллари амрикоӣ масраф намуд.
Алексей Миллер дар баробари ин ишора кард, ки ҳаҷми сармояи солонаи Газпром 15 миллиард доллари амрикоиро ташкил мекунад. Вай гуфт, агар Қирғизистон «Газпром»-ро ба ҳайси ҳамкори стротегии худ бипазирад, дар он сурат «Газпром» барномаҳои бисёрсолаеро низ дар ин кишвар роҳандозӣ хоҳад кард. Ба гуфтаи Алексей Миллер, сохтани иншоотҳои зиёд дар соҳили Иссиқкӯл аз зумраи ҳамин барномаҳои ширкати «Газпром» дар Қирғизистон маҳсуб хоҳанд шуд.
Коршиносони масоиъи иқтисодӣ мегӯянд, истихроҷи газ дар Қирғизистон ин кишварро аз буҳрони иқтисодиву иҷтимоъӣ наҷот хоҳад дод. Ба гуфтаи коршиносон, зеро нархи газ мунтазам боло меравад ва иқтисоди Қирғизистон тавони онро надорад, ин газро бо нархи гарон бихарад.
ТО ОМАДАНИ ХУРШЕД КАРИМЗОДА ЯГОН РОХБАР ХАЛОЛ КОР НАМЕКАРД. ДАР ДАВРАИ ВАЗНИН ХАТТО АЗ МАЧЛИСХОИ ХУКУМАТИ МАЬЛУМ ШУД, КИ У АЗ УХДАИ ВАЗИФА БАРОМАДА ИСТОДААСТ, НАКШАХОИ КОРИРО САРИ ВАКТ ИЧРО КАРДА ИСТОДААСТ. ЗИЕДА АЗ 12 СОЛ ЯГОН ПЛАНРО ИЧРО НАМЕКАРДАГИ ДАВЛАТ НУСРАТ ФАКАТ СОХИБКОРОНРО АЗОБ ДОДА ИСТОДААСТ. ХУРШЕД КАРИМЗОДА АЗ АВЛОДИ СЕРУ ПУР ВА БОСАВОД ТАРБИЯ И ПОКОЛЕНИЯ БОШАД ФАКАТ МАНФИАТИ КМССАИ ХУДРОМЕКУНАНД.ЗАМИНУ ЗАМОНИ ВАЗИРИ АНДОЗ ДАР ВАРЗОБУ БАЧЛУВОНУ КАЗОКИСТОНУ ТЕМУРМАЛИКУ ФАХРОБОД БЕХИСОБ АСТ. АХСАН ХУРШЕД КАРИМЗОДА.
Ассалому алейкум, Хуб мешуд,ки мақомотҳои дахлдори тафтишотӣ аз паси чунин корҳо мешуданд то, ки мардуми бечораро бо ҳам ҷанг наандозанд. То куҷо расидаем тамоман хандаовар.
Воқеан ин муаммои сарбаста кай роҳи ҳал меёбад? Мардум то ба кай аз паси пули ҳалоли худаш саргардон мешавад? Чаро аз пешво сар карда то вакилу раису дигараш муҳри хомӯши ба лаб кардаанд? О дар паём лоф зад ки ман чанд сол шуд мегам пасандоз кнен, баъд пасандози мора бон гираду бо амри подшоҳ хонаву мактаб созад пули мора ки медиҳад?
Ҳеҷ гап неабуд мард бояд мардонавор бояд хизмати Ватан Модарро кунад. Сабаб чи буд ки як сиёсатмадор нисбати комисирати ҳарбӣ овоз баланд кунад. Ва нисбати сиёсати давлат тафриқа андозад.
АЗ ДАСТИ ДЕПУТАТҲО ОЕ ҲАЛЛИ ЯГОН МАСЪАЛА МЕОЯД ????? МАН БОВАР НАДОРАМ !