Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯрои амнияти СММ вазъи Косоворо баррасӣ мекунад


Шӯрои Амнияти СММ дар пайи як таркиши хунбор дар шаҳри тақсимшудаи Митровитсаи Косово як ҷаласаи изтирорӣ барпо намуд. Дар ин таркиш, ки ҳафтаи гузашта дар маҳалли сербнишин сурат гирифт, як нафар кушта ва 11 тани дигар маҷруҳ шуд.

Тақозои баргузориии ин нишасти изтирорӣ аз тарафи Сербия матраҳ шуда буд. Дар ҷаласаи Шӯрои Амният президенти Сербия Борис Тадич ва вазири корҳои хориҷии Косово Искандар Ҳусайнӣ ҳузур доштанд.

Президенти Сербия: "Ин амали ошкори террористӣ буд"

Президенти Сербия Борис Тадич ба Шӯрои Амнияти СММ гуфт, таркиши ҳафтаи гузашта дар Косовои шимолӣ, ки ҳангоми тазоҳуроти сербҳо ба вуқӯъ пайваста ҳаёти як нафарро аз байн бурд, "хушунати бидуни таҳрик" ва "амали ошкори террористӣ" мебошад.

Ҷаласаи изтирории Шӯрои амнияти СММ бо талаби Сербия доир шуд. Таркиши 2-уми июл дар шаҳри Митровитса боиси фавти як мусулмони боснӣ ва ҷароҳати 11 нафари дигар шуд. Ба қавли Тадич, аснои тазоҳуроти сербҳо дар ин шаҳри аз нуқтаи назари қавмӣ тақсимшуда " аз ҳавлиҳои тарафдорони истиқлоли албаниҳо" ба тарафи гирдомадагон маводи тарканда ҳаво дода шуд.

Сербҳои Митровитса бо барпо намудани эътироз ҳадаф доштанд ба мақомоти Приштина нишон диҳанд, ки мухолифи кушоиши идораи ҳукумати Косово дар манотиқи сербнишини ин шаҳр мебошанд. Тадич аз минбари Шӯрои Амният гуфт:

"Мо аз ҳамаи тарафҳои манфиатдор даъват мекунем, худро дар мавқеи пуштибони фаъолиятҳои нооромкунандаи Приштина қарор надиҳанд. Ба мақомоти албанитабор бояд гуфта шавад, ки агар онҳо бори дигар ба аъмоли якҷониба рӯ оранд, пайомади ин амал бар дӯши онҳо хоҳад буд. Ба таври дигар гӯям, Сербия водор хоҳад шуд, ки равобиташ бо ҳузури байналмилалӣ дар ин устонро бознигарӣ кунад."

Посухи вазири умури хориҷии Косово

Вале Искандар Ҳусайнӣ, ки дар ин нишаст аз Косово намояндагӣ мекард, арзёбии Тадичро беасос хонд ва таъкид кард, ки ҳодисаи 2-уми июл на амали террористӣ, балки ҷинояти ҷудогона аст, ки мавриди таҳқиқи мақомоти Косов қарор дорад. Ҳусайнӣ аз эҳтимол дур надонист, ки маводи таркандаро аз дохили гирдиҳамоӣ "ба тарафи гурӯҳе аз эътирозкунандагон" ҳаво дода бошанд.

Муовини раиси намояндагии ИМА дар СММ Алехандро Волф бо изҳори таассуф аз таркиш ва талафоти инсонӣ дар ин ҳодиса иброз дошт, ки зоҳиран ин як амали ҷудогонаи ҷиноӣ будааст, на ҳамлаи террористӣ. Волф афзуд, назари Вашингтон ин аст, ки ба хотири арзёбии чунин ҷиноятҳои инфиродӣ набояд ҷаласаҳои изтирории Шӯрои Амнияти СММ доир шаванд:

"Тавре мо фаҳмидем, дар рӯҳияи шаффофияти кор ба ҳукумати Сербия пешопеш хабар дода шуд, ки чунин як марказе ифтитоҳ меёбад. Мутаассифона, кӯшишҳои мақомоти Косово барои кумак ба мардуми ниёзманд дар шимоли Косово тавассути сиёсӣ намудани қазияи кушоиши Маркази хадамоти ҷамъиятӣ бо нокомӣ мувоҷеҳ мешавад ва маҳз ҳамин амал боиси нооормӣ дар шимоли Косово мегардад."

Пуштибонии Русия аз Сербия

Аммо Русия, ки аз муттафиқони калидии Сербия ба шумор меравад, аз доир шудани ҷаласаи изтирории Шӯрои Амният пуштибонӣ кард. Виталий Чуркин, раиси намояндагии Русия дар СММ, иброз дошт, ки Маскав мавқеи Белградро пурра дастгирӣ менамояд.

Чуркин аз ҷумла гуфт: "Мақомоти Косово бо пуштибонии баъзе аъзои ҷомеаи ҷаҳонӣ саъй намуданд дар шимоли ин минтақа идораи муваққати ниҳодҳои Косоворо бунёд кунанд. Ин як иғвои ошкорест, ки ҳадаф аз он ноором кардани минтақаи сербнишин мебошад. Мо иттилоъ дорем, ки онҳо дигар иқдомҳои шабеҳ мавриди назар доранд. Тамоми чораҳои зарурӣ бояд андешида шаванд, то аз такрори чунин иғвоҳо ҷилавгирӣ ба амал ояд."

Дар моҳи декабри соли 2008-ум албанитаборони Косово истиқлоли ин устон аз Сербияро эълон намуданд. То кунун аз байни 192 кишвари узви СММ 69-тоашон соҳибистиқлоли Косоворо расман эътироф кардаанд. Президенти Сербия мегӯяд, ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд мунтазири ҳукми Додгоҳи Байналмилалии Адолат дар масъалаи истиқлоли Косово бошад. Пешбинӣ мешавад, ки соли равон Додгоҳи байналмилалӣ ҳукме эълон хоҳад кард, вале иҷрои он довталабона хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG