Пайвандҳои дастрасӣ

Аврупо табодули зиндониҳоро дар остонаи Соли нав ситоиш кард. ВИДЕО


Пешвози зиндонии украинӣ дар фурудгоҳи Борисполи Киев

Раҳбарони Аврупо амалиёти табдили зиндониён миёни Киеву ҷудоиталабони рӯ ба Русияро ситоиш карданд, ки дар остонаи таҷлили Соли нав имкони дар хонаҳояшон пешвоз гирифтани идро барои садҳо нафар фароҳам овардааст.

Ин табодули калонтарини зиндониҳо шурӯъ аз замони оғози низоъҳои мусаллаҳона дар шарқи Украина дар соли 2014 мебошад.

Шоми 27 декабр дар минтақаи бетарафи марзӣ ҳукумати Украина 238 ва ҷудоиталабони вилоятҳои Луҳанску Донетск 74 сарбозу мулкиро ба Киев таслим карданд. Садри аъзами Олмон Ангела Меркел ва президенти Фаронса Эммануэл Макрон аз ин иқдом “ҳамчун як амали башардӯстона дар остонаи иди Милоди Масеҳи православӣ” ситоиш карданд.

Раҳбарони Аврупо ва ҳам САҲА, ки назорати ҷараёни табодули зиндониҳоро назорат мекарданд, ҳарду ҷониби даргирро ба роҳандозии тадбирҳои бештар ба хотири сулҳ дар ин қаламрав даъват намуданд. Аз замони шурӯи ҷангҳо дар ин қаламраво 10.300 нафар ҷони худро аз даст доданд. Вазири хориҷаи Австрия Карин Кнейсси гуфт, ки табодули зиндониҳо на танҳо як амали инсондӯстона, балки иқдомест, ки ба хотири эҷоди эътимод миёни ҷонибҳо мусоидат мекунад.

Табодули зиндониҳо
лутфан мунтазир бошед
Embed

No media source currently available

0:00 0:01:57 0:00

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG